Сообщения

Рӯзи САЪДӢ бароятон хуҷаста бод!

Солҳо пеш аз ин бахт ёрам шуд ва ба зиёрати оромгоҳи поки Саъдӣ дар Шероз шарафёб гардида будам. Бароям корезеро нишон доданд, ки воқеъ дар канори он макони табаррук буд ва аз он аз замони Саъдӣ то имрӯз оби поки мусаффое ҳамчунон равон буд ва ба ташнакомон ҳаловат мебахшид. Осору афкори Саъдии бузургвор низ мисли он корез ва оби равонаш мондагор ва ҷовидонист. Шайх Саъдӣ дар миёни мову шумо, меросхӯронаш ва номбардоронаш барҳақ ҳамчун яке аз пайғамбарон дар шеър, устоди ғазал ва беҳтарин насиҳатгар маъруф аст. Ва на танҳо дар миёни мову шумо, дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ, балки дар миёни мардумони ақсои олам маълуму машҳур мебошад. Се қарни расо Саъдӣ дӯстдоштатарин нависандаи аҳли Фаронса буд. Аз ӯ ва осораш нобиғагони адабиёти олмонӣ Ҳейне ва Ҳуте баҳраҳо гирифтаанд. Шуҳрати ӯ дар кишвари Рус - Русия ба андозае буд, ки шеъри ӯро Пушкини бузург сармашқи худ қарор дода, адабшиноси забардасти русӣ Белинский дар заминаи он нақд менавишт ва шоири шӯридаи русӣ Есенин мафтун буд ба о...
       Андешаҳо дар арафаи баргузории Нуҳумин конфронси вазирони  “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” ва Мулоқоти баналмилалӣ дар Туркия Афғонистон: аз буҳрони сиёсию низомӣ то буҳрони ҳалли қазия Вазъи Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир буҳронӣ буд ва буҳронӣ боқӣ мондааст. Гузашта аз ин вазъи сиёсию низомӣ дар ин кишвар боз ҳам печидатар ва мураккабтар аз пешина шудааст. Барои раҳоии Афғонистон  аз ин ҳолати буҳронӣ то ҳол дар дохил ва хориҷ аз он кишварҳо, созмонҳо, сиёсатмадорони дохилӣ ва хориҷӣ, мутахассисони афғонистоншинос ва коршиносони минтақаӣ ва байналмилалӣ роҳҳалҳо ва тарҳҳои зиёдеро пешниҳод кардаанд ва карданианд. Умдатарини он роҳҳалҳо ва тарҳҳо инҳоянд: 1.    Чорчӯби «6-1», яъне Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон, ки ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон мебошад. 2.    Гурӯҳи кории СҲШ бо Афғонистон. 3.    Раванди Истамбул. 4.    Вохӯрии намояндагони кишварҳои ИМА, Чин, Покистон ва Афғонистон. 5.    Тарҳи сулҳ бо Толибони муъта...

Барои устод Адаш Истад

  Бо арзи салому эҳтиром ва узри бадтар аз гуноҳ.  Устоди бузургвор Адаш Истад, Шумо сазовори он ҳастед, ки дар бораатон нақду баррасиҳои муносиб ба мақому манзалати баландатон ва хидматҳои арзандаатон барои поси забон ва рушди адаби форсии тоҷикӣ, хосса дар фурӯзон нигаҳ доштани чароғи забону адаби миллатамон дар Самарқанди кандманди бостонии тоҷикон, ки яке аз хостгоҳҳои асосии мардуми мост, навишта шаванд. Аз ин ҷиҳат яке аз онҳое, ки дар назди шахсият ва фаъолияти офаринишии Шумо қарздор аст, каминаи камтарин мебошам. Устоди наврӯзсирату наврӯзсурат зодрӯзи шарифатон ва Наврӯзатон барои худатон, наздиконатон ва тамоми самарқандиёни азиз хуҷаста бод. PS:   Ба нишони иродату ихлос ба Шумои азиз ва самарқандиёни гиромӣ мақолаеро, ки чанд сол пеш навишта будам, ба алоқамандонатон ва мухлисонатон, ба аҳли муҳтарами Самарқанд пешкаш менамоям.   НАҚШИ САМАРҚАНД ДАР РУШДИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ Яке аз нахустин намунаҳои шеър ба форсии тоҷикӣ ба қалами Абулянбағии Самарқан...

Суханронӣ дар рӯнамои китоби Абдуллоҳи Раҳнамо "Дидгоҳи давлатмеҳвар" (2201)"

Чанд рӯз пештар зодрӯзи Абдуллоҳи Раҳнамо буд ва ҳоло рӯнамои китоби нави ӯст. Ҳам ҷашни камолоти инсонӣ ва ҳам рӯнамои камолоти илмиро дар остонаи иди Наврӯз барои ӯ ва алоқамандони шахсият ва фаъолияти офаринишиаш муборакбод мегӯям. Ёдам меояд, ки даҳ сол қабл аз ин Абдуллоҳи Раҳнамо дар 40-солагиаш китоби "Ислом ва амнияти миллӣ" (2011)-ро муаррифӣ карда буд. Вақте ки 38 сола буд, китоби ӯ "Уламои исломӣ дар Тоҷикистон" (2009) ва замоне, ки 37 сола буд, китоби "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ" (2008)-ро ба табъ расонда буд. Дар ҷавонӣ бо ин таълифоти арзишманд ба майдони сиёсатшиносии тоҷик далерона ворид гардидани Абдуллрҳи Раҳнамо як байти машҳури Фирдавсии бузург дар бораи Дақиқии шоирро ба хотир мерасонад: Ҷавоне биёмад гушода забон, Сухан гуфтани хубу табъе равон. Се китобе, ки ин донишманди ҷавони "гушодазабону бо табъи равон" дар сиёсатшиносии тоҷик дар даҳаи аввали садаи 21 ба вуҷуд овард, сиёсатшиносии тоҷикро, ки то ин марҳала, агар аз ...

Ба ифтихори ҷашни мубораки 50-солагии сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, бародари гиромиам Абдуллоҳи Раҳнамо

Рӯзи чоршанбеи 21 октябри 2009 соати 9.00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар толори Комиссияи марказии интихобот рӯнамои китоби тозанашри Абдуллоҳи Раҳнамо "Уламои исломӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардида буд ва камина дар он нишаст кӯтоҳсухане гуфта будам. Мехоҳам матни онро, чунон ки ироа шуда буд, ҳамон тавр бе тасҳеҳу такмил ба алоқамандони ин донишманди ростини тоҷик ва ба нишони эҳтирому эътиқоде, ки   ба шахсият ва фаъолиятҳои илмию эҷодии бобарору босамараш дорам, пешкаш намоям. Чун ин навишта дар ҳеч ҷое нашр нагардидааст, барои онҳо санаде хоҳад буд аз он рӯзҳо ва аз он солҳо, ки соҳибҷашни азизи мо ҳамагӣ 38 сол дошт. "Донишмандони гиромӣ, Уламои муҳтарами ислом, Суханронии ман аз ду бахши мухтасар иборат хоҳад шуд. Бахши нахуст то "АММО БАЪД..." ва бахши дувум пас аз "АММО БАЪД..." Дар бахши то "АММО БАЪД..." таъкид карданиям, ки  бародар Абдуллоҳи Раҳнамо - ман ӯро гоҳе ба шӯхӣ доктор Абдуллоҳ меномам (...

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб

Ҳақназар Ғоиб ва «шеъри симфонӣ» Дӯсти бузургворам Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар дастхате, ки бароям дар маҷмӯаи шеърҳояш  бо номи «Дар бистари нарми гул» унвон дорад, навиштааст, ки ба «бародари азизу гиромӣ, ки бароям мероси муҳаббати устод Лоиқ аст », ба фалонӣ (12 сентябри 2012, ш. Кӯлоб). Дарвоқеъ, ман бо устод Ҳақназар Ғоиб ба шарофати  устоди зиндаёд, шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ ошноӣ пайдо карда будам. Як саҳнаи ошноӣ ва дӯстиҳоямонро ман дар мақолаам «Ҳақназар ва шеъри нарми ӯ», ки дар маҷмӯаи нави шоир «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» низ омадааст, ба қалам  оварда будам. Ман дар бораи шеъри Ҳаназар Ғоиб зиёд навиштаам, бештар дар мақолаҳои умумӣ ва камтар дар нақдҳои ҷудогона. Аз ин ҷиҳат дар назди шахсияти эҷодӣ ва шеърҳои ӯ қарздорам. Ва на танҳо камина, балки дигарон ҳам, ки бо нақду баррасии шеъри муосири тоҷик машғул мебошанд. Эътироф бояд намуд, ки мову шумо ҳанӯ...

Ба ифихори зодрӯзи мубораки устод Лоҳутӣ. Дӯстии беназири ду устоди забардаст

Устод Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик» ва Абулқосим Лоҳутӣ Дӯстӣ ва ҳамкории «ду устоди забардасти» (Мирзо Турсунзода) адабиёти муосири тоҷик – Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ на дар таърихи гузашта ва на имрӯзаи адабиёти форсии тоҷикӣ назир надорад. Худи устод Айнӣ дар як номааш навиштааст, ки “мо мисли инро дар афсонаҳо дар байни дӯстон хондаем” (30 апрели 1939). Дӯстӣ ва ҳамкории Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ дӯстӣ ва ҳамкории устоду шогирд ва пиру муриде буд, ки ҳар ду дар як муҳити адабию фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ, дар як замону макон, дар шаҳри Ҳироти асри ХУ сурат мегирифт. Аммо дӯстӣ ва ҳамкории Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ вақте оғоз мегардад, ки ҳар ду устоди баркамол буданд: яке дар наср ва таҳқиқ ва дигаре дар шеър ва сиёсат. Ва дар муҳити адабию фарҳангии гуногун, дар ҳудудҳои ҷуғрофӣ ва шароити сиёсиву иҷтимоии мухталиф – яке дар Бухорои амирӣ ва дигаре Эрони шоҳӣ ҷараён дошт. Он вақт, ба қавли устод Айнӣ, яке “муллои аз мадраса баромадагӣ” ва...