Рӯзи САЪДӢ бароятон хуҷаста бод!
Солҳо пеш аз ин бахт ёрам шуд ва ба зиёрати оромгоҳи поки Саъдӣ дар Шероз шарафёб гардида будам. Бароям корезеро нишон доданд, ки воқеъ дар канори он макони табаррук буд ва аз он аз замони Саъдӣ то имрӯз оби поки мусаффое ҳамчунон равон буд ва ба ташнакомон ҳаловат мебахшид. Осору афкори Саъдии бузургвор низ мисли он корез ва оби равонаш мондагор ва ҷовидонист.
Шайх Саъдӣ дар миёни мову шумо, меросхӯронаш ва номбардоронаш барҳақ ҳамчун яке аз пайғамбарон дар шеър, устоди ғазал ва беҳтарин насиҳатгар маъруф аст. Ва на танҳо дар миёни мову шумо, дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ, балки дар миёни мардумони ақсои олам маълуму машҳур мебошад.
Се қарни расо Саъдӣ дӯстдоштатарин нависандаи аҳли Фаронса буд. Аз ӯ ва осораш нобиғагони адабиёти олмонӣ Ҳейне ва Ҳуте баҳраҳо гирифтаанд. Шуҳрати ӯ дар кишвари Рус - Русия ба андозае буд, ки шеъри ӯро Пушкини бузург сармашқи худ қарор дода, адабшиноси забардасти русӣ Белинский дар заминаи он нақд менавишт ва шоири шӯридаи русӣ Есенин мафтун буд ба он ва эътироф ҳам намудааст, ки ӯ ишқварзиданро аз Саъдӣ омӯхтааст:
Ту гуфтӣ Саъдии оқил,
Фақат аз сина мебӯсид,
Худоро сабр кун охир,
Зи ман ҳам он ту хоҳӣ дид.
Як шоира ва муҳаққиқи қазоқӣ Сауле Усенбекова Шайх Саъдиро "шаҳрванди ҷаҳон" - "градждани мира" номидааст.
То Саъдӣ ва пас аз сари ӯ дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ касони бешуморе буданд, ки панд гуфтаанд. Вале инсоф он аст, ки беҳтар аз ӯ насиҳатгари дигаре набуд, нарӯид ва гумон аст, ки пайдо шавад.
Худи Саъдӣ ҳам агарчи дар навъҳои гуногуни назму наср - қасида, марсия, муламмаъот ва мусалласот, тарҷеъот, ғазалиёт, маснавиёт, қитъаъот, рубоиёт, муфрадот ва ҳикоёт ва мавзӯъҳои гуногун - ишқ, мадҳ, сиёсат, панду ҳикмат - асар офаридааст ва дар гуфтани бахше аз онҳо, чунончи дар ғазал барҳақ ба устодӣ ном баровардааст, агар дуруст мулоҳиза шавад, ҷавҳари ҷумлаи офаридаҳои ӯро панду ҳикмат ташкил медиҳад. Ин адиби хирадманд ҳатто дар қолаби қасидаву ғазалу маснавӣ, ки зотан барои эҷоди ҳамду ишқу васф муносиб мебошанд, панд мегӯяд. Дарвоқеъ, суханҳои Саъдӣ, тавре ки худ ишораҳо дорад, ҳама "мақол асту панд", "на дар чашму зулфу баногӯшу хол". Чунонки худ мегӯяд:
Гарат ақлу роясту тадбиру ҳуш,
Ба рағбат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш.
Ки ағлаб дар ин шева дорад мақол,
На дар чашму зулфу баногӯшу хол.
***
Суханҳои Саъдӣ мақол асту панд,
Ба кор оядат, гар шавӣ корбанд.
Дар вақташ баъзеҳо ба муаллифи "Бӯстон" эрод гирифта буданд, ки ба ҷойи ҷангнома панднома мегӯяд. Дар хитоб ва ишора ба онҳо фармудааст:
Надонад, ки моро сари ҷанг нест,
Вагарна маҷоли сухан танг нест.
Саъдӣ ба он бовар дошт, ки дар асл каломи бадеъӣ - сухан судманд бояд бошад ва дар анҷоми коре ба кор ояд. Барои ҳамин ҳам ӯ дар адабиёт муроди хешро аз гуфтани насиҳат ва панди мардумон иборат дониста, дар навбати худ
Сухани судмандро ба доруи талх монанд мекунад ва мегӯяд, ки барои каси ранҷур доруи талх судманд аст, на қанди ширин. Зимнан, ҷомеае, ки дар он ин адиб мезист, ҷомеаи дардманде буд ва эҳтиёҷи шадиде ба пандҳои шифобахши ӯ дошт.
Чи хуш гуфт он марди доруфурӯш:
"Шифо боядат, дорӯи талх нӯш".
Агар шарбате боядат судманд,
Зи Саъдӣ ситон доруи талхи панд.
Панду ҳикматҳои бемислу монанд, нотакрор ва дар ғояти ҳусгу латофат садсолаҳост, ки аз саҳифаҳои Девони Саъдӣ ба дилҳои мардуми мо кӯчидаанд. Онҳо ҳамарӯза дар дилу дар забони мардуманд. Ва бисёре аз онҳо фикр ҳам намекунанд, ки инҳо замоне моли Шайх Саъдӣ буданд. Монанди ин панду ҳикматҳо:
-"Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки рости фитнаангез";
- "Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол";
-"Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд";
-"Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар";
-"Бо бадон бад бошу бо некон накӯ,
Ҷойи гул гуд бошу ҷойи хор - хор" ва ғ. ва ҳ.к.
Ман бовар бар он дорам, ки номи неки бузургоне монанди Шайх Саъдӣ, ки мардумитарин адиби форсигӯй аст, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Ному осори ӯ то ҷовидон, то одамӣ ҳаст, мондагор хоҳад буд.
Комментарии
Отправить комментарий