Сообщения

Сообщения за июнь, 2020

Андешаҳо дар арафаи Рӯзи ваҳдат

Пас аз чаҳор рӯз, 27 июни 2020 Рӯзи Ваҳдат аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матлабе, ки ба шумо, аҳли сомонаҳои интернетӣ пешниҳод мешавад, соли 2016 дар арафаи ин ҷашни муборак навишта шуда буд ва ба сифати сарсухан ба китоби муаллиф «Арзишҳои Ваҳдати миллӣ» (2016) ба табъ расида буд. Азбаски андешаҳое, ки дар он баён гардидаанд, имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардаанд,зарурат ба нашри такрории он ба вуҷуд омад.  Муаллиф.   Андешаҳо дар остонаи  Рӯзи ваҳдат  Тоҷикистон дар  25 соли даврони мубораки истиқлоли давлатӣ дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо  ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст.  Дар бораи он ки таҷрибаи дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷӯҳи фавқулодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ медод. Дабири кулли вақти СММ ҷаноби Кофе Анан

Қурбони Аламшоҳ ва Шириншоҳи Шотемур

Қурбони Аламшоҳ, ки имрӯз зодрӯз дорад, нисбат ба бисёре аз рӯзноманигорони тоҷик имтиёз дорад. Ӯ рӯзноманигори муҳаққиқ аст. Ҳар мавзӯъ ва масъаларо аввал таҳқиқ менамояд ва баъд матраҳ менамояд. Хеле солҳо пеш китобашро дар бораи шахсияти сиёсӣ ва фарҳангии сарсупурда ва ватанпарасти  воқеии тоҷик Шириншоҳи Шотемур бароям дода буд, он вақт эҳсосу андешаҳое, ки аз хондани он доштам, дар қолаби шеъргунае манзум карда,  ба нишони эҳтиром ва поси заҳматаш ба ӯ дода будам. Қурбон онро бидуни мувофиқа бо ман, вале бо арзи адаб дар китоби наваш дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳи Шотемур чоп карда буд. Ҳоло ман он шеъргунаро ҳамчун туҳфа ба зодрӯзаш нашр мекунам. Ман гунаҳгорам... ( Эҳдо ба равони поки қурбониёни соли 1937, сарсупурдагони миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ва ёронаш) Ман гунаҳгорам, Ман гунаҳгори гунаҳнокардаам, Ман гунаҳгорам барои он ки тоҷик будаам, Ман гунаҳгорам, ки ёд аз Золу Дастон кардаам, Аз Самарқанду Бухорои шарифам - меҳанам, Аз Ҳироту Балху Сурхонам д