Андешаҳо дар арафаи баргузории Нуҳумин
конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” ва Мулоқоти баналмилалӣ дар Туркия
Афғонистон:
аз буҳрони сиёсию низомӣ то буҳрони ҳалли қазия
Вазъи Афғонистон
дар чанд даҳсолаи охир буҳронӣ буд ва буҳронӣ боқӣ мондааст. Гузашта аз ин вазъи сиёсию низомӣ дар ин
кишвар боз ҳам печидатар ва мураккабтар аз пешина шудааст.
Барои раҳоии
Афғонистон аз ин ҳолати буҳронӣ то ҳол
дар дохил ва хориҷ аз он кишварҳо, созмонҳо, сиёсатмадорони дохилӣ ва хориҷӣ,
мутахассисони афғонистоншинос ва коршиносони минтақаӣ ва байналмилалӣ роҳҳалҳо
ва тарҳҳои зиёдеро пешниҳод кардаанд ва карданианд.
Умдатарини он
роҳҳалҳо ва тарҳҳо инҳоянд:
1.
Чорчӯби «6-1»,
яъне Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон, ки
ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон мебошад.
2.
Гурӯҳи кории
СҲШ бо Афғонистон.
3.
Раванди
Истамбул.
4.
Вохӯрии
намояндагони кишварҳои ИМА, Чин, Покистон ва Афғонистон.
5.
Тарҳи сулҳ
бо Толибони муътадил.
6.
Тарҳи бунёди
низоми федералӣ дар Афғонистон. Далели тарафдорони ин андеша он аст, ки феълан
Афғонистон ба буҳрони миллӣ дучор шудааст ва роҳи ҳалли он дар таъсиси низоми
федералӣ мебошад.
7.
Ташкили
«ҳукумати посухгӯй ба хостҳои мардум ё ҳукумати шоистасолор» (доктор Абдуллоҳи
Абдуллоҳ).
8.
Таъсиси
«давлати муқтадири миллӣ бо машрӯъияти боло» (Аҳмад Валӣ Масъуд).
9.
Бунёди
давлати мустақил ва ҳукумати фарогири миллӣ бо иштироки тамоми қавму қабоили
маскуни Афғонистон, нерӯҳои асосии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ (Абдунабӣ Сатторзода).
10. Тарҳи
нави ИМА дар бораи ташкили Ҳукумати муваққат бо иштироки Толибон.
Мутаассифона, ин
роҳҳалҳо ва тарҳҳо ва тарҳу роҳҳалҳои дигаре, ки ҳам мавҷуданд, то имрӯз
натавонистанд, ки қазияи Афғонистонро ҳаллу фасл намоянд. Иллати аслии барор
нагирифтани бисёре аз онҳо, ба назари мо, дар он аст, ки пухта, санҷидашуда ва
ҳисобӣ набуда, бе дарназардошти омилҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ тарҳрезӣ
шудаанд. Барои мисол, чӣ тавр мешавад умед ба чорчӯби 6 бо изофаи 1 баст, ки
сиёсати кишварҳои шомили он дар нисбати Афғонистон то ба имрӯз ҳамгунсозӣ
нашудааст. Ин андешаро метавон дар бораи Гурӯҳи кори СҲШ бо Афғонистон ва Раванди
Истамбул низ гуфт.
Азбаски дар бораи
беҳуда будани сулҳ бо Толибон бисёр гуфтаам ва бисёр навиштаам ва баҳсҳо кардам
ва натиҷаи он гуфтаву баҳсҳо ба чоп расидаанд, аз тафсилоти бештар аз ин
худдорӣ мекунам. Аммо маҷбурам як нуктаро таъкид намоям, ки аввалан Толибон
нерӯи мустақил нестанд, онҳо танҳо василае дар дасти «соҳибони» пасипардагиашон
мебошанд. Ва он соҳибон ҳамонҳоянд, ки бо
Толибон имрӯз ошкоро ва ё пинҳонӣ робита ва ҳамкорӣ доранд ва ба онҳо кӯмакҳои
молӣ ва низомӣ мерасонанд. Барои он ки раванди сулҳ дар Афғонистон барор гирад
ва амалӣ гардад, бояд он соҳибони пасипардагӣ низ сари мизи музокироти сулҳ нишинанд ва
мавқеъҳои хешро дар масъалаи Афғонистон ба ҳам наздик гардонанд. Сониян,
Толибан дар гузашта ва имрӯз ҳам нерӯи ягона набуданд ва нестанд. Бар замми ин
пас аз зуҳури ДОИШ ва байъат овардани бахше аз Толибон ба он танҳо Толибонро
тарафи сулҳ қарор додан дуруст нахоҳад буд.
Дигар ин ки ташкили «ҳукумати посухгӯй ба хостҳои мардум ё
ҳукумати шоистасолор» (доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ), «давлати муқтадири миллӣ бо
машрӯъияти боло» (Аҳмад Валӣ Масъуд) ва «давлати мустақил ва ҳукумати фарогири
миллӣ бо иштироки тамоми қавму қабоили маскуни Афғонистон, нерӯҳои асосии
сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ» (А. Сатторзода) бидуни ҳалли дуруст ва одилонаи масъалаи ин кишвари бисёрмиллат
масъалаи миллию қавмӣ номумкин аст. Зеро ҳалли ҳамаи мушкилиҳову масъалаҳои
дигари сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низомӣ дар тӯли садсолаҳо ба он гиреҳ
хӯрдаанд.
Барои ин ки ин
масъалаи масъалаҳои Афғонистон ҳал шавад, бояд, пеш аз ҳама, манфиатҳои
геополитики кишварҳои зидахл ба қазияи Афғонистон ба ҳам наздик гардонанд. Дар
ин кор чорчӯби вохӯрии кишварҳое мисли ИМА, Ҳинд ва Покистон бо ҷалби Эрон,
Русия, давлатҳои Осиёи Марказӣ имконоти эҳтимолӣ дорад.
Агар ин кор сурат
нагирад ва вазъ чунонки феълан ҳаст, боқӣ бимонад, эҳтимоли хатар сарзадани ҷанги густурдаи байниқавмӣ ва
ба минтақаҳои гуногуни қавмию миллӣ пора шудани Афғонистон воқеъӣ мегардад. Ин
ҳолат заминаро барои дахолати кишварҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон омода
месозад. Он вақт қазияи Афғонистон бештар аз он ки ҳаст, «байналмилалӣ» хоҳад
шуд ва ин кишвари бахтбаргашта аз нав ба майдони рақобатҳои геополитики
кишварҳои дахлдор бадал хоҳад шуд.
Ва табиист, ки
чунин тарҳ амният ва суботро на танҳо дар дохили ин кишвари ҳамсоя, балки дар
хориҷ аз он низ, аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва марзҳои он халалдор
хоҳад кард.
Комментарии
Отправить комментарий