Сообщения

Сообщения за апрель, 2021

Рӯзи САЪДӢ бароятон хуҷаста бод!

Солҳо пеш аз ин бахт ёрам шуд ва ба зиёрати оромгоҳи поки Саъдӣ дар Шероз шарафёб гардида будам. Бароям корезеро нишон доданд, ки воқеъ дар канори он макони табаррук буд ва аз он аз замони Саъдӣ то имрӯз оби поки мусаффое ҳамчунон равон буд ва ба ташнакомон ҳаловат мебахшид. Осору афкори Саъдии бузургвор низ мисли он корез ва оби равонаш мондагор ва ҷовидонист. Шайх Саъдӣ дар миёни мову шумо, меросхӯронаш ва номбардоронаш барҳақ ҳамчун яке аз пайғамбарон дар шеър, устоди ғазал ва беҳтарин насиҳатгар маъруф аст. Ва на танҳо дар миёни мову шумо, дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ, балки дар миёни мардумони ақсои олам маълуму машҳур мебошад. Се қарни расо Саъдӣ дӯстдоштатарин нависандаи аҳли Фаронса буд. Аз ӯ ва осораш нобиғагони адабиёти олмонӣ Ҳейне ва Ҳуте баҳраҳо гирифтаанд. Шуҳрати ӯ дар кишвари Рус - Русия ба андозае буд, ки шеъри ӯро Пушкини бузург сармашқи худ қарор дода, адабшиноси забардасти русӣ Белинский дар заминаи он нақд менавишт ва шоири шӯридаи русӣ Есенин мафтун буд ба о