Ба ифтихори ҷашни мубораки 50-солагии сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, бародари гиромиам Абдуллоҳи Раҳнамо
Рӯзи чоршанбеи 21 октябри 2009 соати 9.00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар толори Комиссияи марказии интихобот рӯнамои китоби тозанашри Абдуллоҳи Раҳнамо "Уламои исломӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардида буд ва камина дар он нишаст кӯтоҳсухане гуфта будам. Мехоҳам матни онро, чунон ки ироа шуда буд, ҳамон тавр бе тасҳеҳу такмил ба алоқамандони ин донишманди ростини тоҷик ва ба нишони эҳтирому эътиқоде, ки ба шахсият ва фаъолиятҳои илмию эҷодии бобарору босамараш дорам, пешкаш намоям. Чун ин навишта дар ҳеч ҷое нашр нагардидааст, барои онҳо санаде хоҳад буд аз он рӯзҳо ва аз он солҳо, ки соҳибҷашни азизи мо ҳамагӣ 38 сол дошт.
"Донишмандони гиромӣ,
Уламои муҳтарами ислом,
Суханронии ман аз ду бахши мухтасар иборат хоҳад шуд. Бахши нахуст то "АММО БАЪД..." ва бахши дувум пас аз "АММО БАЪД..."
Дар бахши то "АММО БАЪД..." таъкид карданиям, ки бародар Абдуллоҳи Раҳнамо - ман ӯро гоҳе ба шӯхӣ доктор Абдуллоҳ меномам (бо ишора ба номи сиёсатмадори номии Афғонистон- А.С.), муҳаққиқи баркамол аст. Дар ин бора асаре, ки имрӯз рӯнамо мешавад ва ҳам китобе, ки ӯ порина зери унвони "Ҳизбҳои сиёсӣ ва давлати дунявӣ" (2008) ба табъ расонд, гувоҳӣ медиҳанд.
Д-р Раҳнамо мавзӯъи таҳқиқи худро дорад, яъне шинохти рӯҳониёни исломии тоҷик, ҷойгоҳи пуртаъсири онҳо дар кишвар. Таҳқиқи ин мавзӯъ дар минтақа ва хориҷ андак барвақтар сар шуда буд.
Ҳоло мегузарам ба қисмати "АММО БАЪД..." Нуктаи аввал, ки дар ин бахш ёдовар шуданиям, он аст, ки дар таълиф ва нашри навиштае, ки имрӯз пешкаши аҳли нишаст гардидааст, осори шитобзадагӣ ба чашм мерасад. Онро агарчи муаллиф ҳамчун китоб муаррифӣ намудааст, дар асл аз бахшу фаслҳои таҳқиқии ҷудогона, гуфторҳо - матни суханрониҳои ҷудогона ва мақолаҳои ҷудогона иборат мебошад. Ва табиист, ки аз лиҳози шеваи таҳқиқ ва баён, забон ва услуб аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин гуногуниро худи д-р Абдуллоҳ низ пай бурдааст, бинобар ин ҳар ҷо-ҳар ҷо, ба истилоҳи тоҷикии имрӯза, "оговоркаҳо" мекунад, ки ин ва ё он бобу фасл дар вақташ матни суханронӣ буд ё мақолаи матбуотӣ ва ғ.
Агар муҳаққиқи баркамоле чун д-р Абдуллоҳ ба худ андаки дигар заҳматро раво медид ва он бахшу фаслҳоро тасҳеҳу такмил мекард, он вақт ҳечгуна ба "Пайнависҳо" ҳоҷат намемонд, пайнависҳое, ки дар аксари бахшу фаслҳои асараш феълан ҷо доранд.
Нуктаи дигар ин, ки д-р Абдуллоҳ масъалаи "яксӯгароии миллӣ"-ро матраҳ кардааст ва моҳияти ин падидаи номатлубро дуруст муайян намудааст. Ман бо ӯ мувофиқам ва дар асли ин қазия мухолифат надорам. Вале вақте ки кас мулоҳизаҳои ӯро ва мисолҳои зиёдеро, ки меорад, пайгирӣ менамояд ва ба онҳо диққат медиҳад, ба хулосае меояд, ки гӯиё ин амал асосан аз тарафи зиёиёни дунявӣ содир мешавад. Ин чиз, ба назарам, навъи дигари яксӯгароист, ки муаллиф огоҳона ва ё ноогоҳона ба он роҳ медиҳад. Ҳол он ки "яксугароӣ" ва таассуб дар масъалаҳои мазҳабӣ ва миллӣ пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама аз ҷониби на танҳо "муллоёни мактабнадида", балки аз тарафи қишри рӯҳониёне низ, ки ӯ мегӯяд, бисёр сар мезанад. Барои мисол, маҳз ҳамин рӯҳониён аз зикри "Авасто" ва осори пешазисломӣ, муборизаи гузаштагони мо бар зидди истилои араб, зикри шуубигарӣ, Фирдавсӣ ва "Шоҳномааш", қадршиносӣ аз онҳо, ҷашн гирифтан, ҳайкал гузоштан дар вақташ ошкоро норозӣ буданд, на "муллоҳои мактабнадида". Зимнан, корбурди истилоҳҳои "мулло" ё "домулло", ба назарам, ҳеч бадие надорад, аз онҳоро "руҳонӣ" номидан моҳияти масъала дигар намешавад. Магар Ҷаллолидини Балхии Румиро аз "Муллои Румӣ"
гуфтан қадру манзалати ин орифи бузург паст шудааст? Агар дар замони шӯравӣ лафзи "мулло"-ро бадном ва камарзишу камранг карда бошанд, гуноҳи муллоён дар чист?
Нуктаи сеюм ин, ки муаллиф дар таҳқиқи мавзӯъи "Низоми шӯравӣ ва табақаи рӯҳонӣ" танҳо бо овардани ду ҳуҷҷате, ки, бино бар гуфтааш, ба ҳукми тасодуф ва бо инояти дӯстони тотористонӣ ба дасташ расидааст, қаноат намудааст. Феълан ин бахш ноқис ба назар мерасад.
Мулоҳиза ва мушоҳидаҳои дигаре ҳам дорам, аммо бо он чи гуфта омад, қаноат мекунам.
Ва дар хотима умед мекунам, ки дар мақолаву китобу рисолаҳое, ки муаллиф баъд аз ин хоҳад навишт, мо боз нақши қалами ба худ хос ва нотакрои д-р Абдуллоҳи Раҳнамои нуктасанҷу пажӯҳишгари асилу тавоно ва нисбат ба худ сахтгирро хоҳем дид".
PS: Доктор соҳиб Абдуллоҳ, ҷашни камолот муборакатон бод!
Комментарии
Отправить комментарий