Суханронӣ дар рӯнамои китоби Абдуллоҳи Раҳнамо "Дидгоҳи давлатмеҳвар" (2201)"
Чанд рӯз пештар зодрӯзи Абдуллоҳи Раҳнамо буд ва ҳоло рӯнамои китоби нави ӯст. Ҳам ҷашни камолоти инсонӣ ва ҳам рӯнамои камолоти илмиро дар остонаи иди Наврӯз барои ӯ ва алоқамандони шахсият ва фаъолияти офаринишиаш муборакбод мегӯям.
Ёдам меояд, ки даҳ сол қабл аз ин Абдуллоҳи Раҳнамо дар 40-солагиаш китоби "Ислом ва амнияти миллӣ" (2011)-ро муаррифӣ карда буд. Вақте ки 38 сола буд, китоби ӯ "Уламои исломӣ дар Тоҷикистон" (2009) ва замоне, ки 37 сола буд, китоби "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ" (2008)-ро ба табъ расонда буд.
Дар ҷавонӣ бо ин таълифоти арзишманд ба майдони сиёсатшиносии тоҷик далерона ворид гардидани Абдуллрҳи Раҳнамо як байти машҳури Фирдавсии бузург дар бораи Дақиқии шоирро ба хотир мерасонад:
Ҷавоне биёмад гушода забон,
Сухан гуфтани хубу табъе равон.
Се китобе, ки ин донишманди ҷавони "гушодазабону бо табъи равон" дар сиёсатшиносии тоҷик дар даҳаи аввали садаи 21 ба вуҷуд овард, сиёсатшиносии тоҷикро, ки то ин марҳала, агар аз қавли худи муҳаққиқ бигӯем, "бисёр идеологӣ", "бисёр якҷониба" ва " ҳамаро сиёҳу сафед" медид, сифатан дигар кард. Сиёсатшиносии тоҷикро ба маҷрои таҳлилу таҳқиқи илмӣ ба сӯйи "нигоҳи созандаи илмӣ" равона карда, дар " сатҳи ақлонию амалгароӣ" қарор дод. Ба сухани дигар, Абдуллоҳи Раҳнамо бо таълифоти илмии навгароёнаи хеш сиёсатшиносии иоҷикро аз илми идеологии қарордодӣ ба сӯйи илми ростини амалгаро, "ба самти таҳлилу таҳқиқи илмию сиёсатшиносии падидаҳои муосири сиёсии ҷомеа" равона кард. Ва бо ҳамин барои раҳо гаштани сиёсатшиносии тоҷик, ба қавли ӯ, "аз баъзе мушкилиҳояш", аз он ҷумла таърихзадагӣ, назариязадагӣ, идеологиязадагӣ ва журналистиказадагии сиёсӣ мусоидат намуд.
Иҷрои ин амал кори хурде нест, кори бузургест, ки як донишманди ҷавоне мисли Абдуллоҳи Раҳнамо бо шарафона анҷом дод.
То ҷойе, ки огоҳам, дар иҷрои ин рисолат ба Абдуллоҳи Раҳнамо хеле ва хеле душвориҳо "насиб" гашта буданд. Барои дурустии андешаву мулоҳизаҳояш ӯро лозим омад, ки баёноту шарҳу тавзеҳоти хаттию даҳонии зиёде бигӯяду бинависад. Агар онҳоро касе дар як ҷилд гирд оварад, худ китоби дигари хонданӣ хоҳад шуд.
Бурди Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин гуфтумон ва бархӯрди андешаҳои наву куҳна дар он буд, ки ӯ дар баробари баҳрагирӣ ва корбурди андешаву равишҳои нав дар сиёсатшиносии муосир, такя ба тақозои манфиатҳои миллӣ, "дидгоҳи фарҳанги суботи миллӣ"ва "дидгоҳи давлатмеҳварӣ" дошт ва дорад.
Аз мулоҳизаҳое, ки имрӯз гузоришгарони муҳтарам дар бораи китоби нави Абдуллоҳи Раҳнамо "Дидгоҳи давлатмеҳвар" (2021) баён доштанд, равшан гардид, ки муҳаққиқ ба роҳу равиши дар илм интихоб кардаи хеш устувор аст.
Ман барои бародари гиромӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар талошҳояш дар ҷодаи илму адаб тавфиқ мехоҳам ва имнони комил бар он дорам, ки ӯ дар оянда низ китобу рисолаҳои илмию адабии арзишманде хоҳад офарид ва мо мухлисони осорашро шод хоҳад кард.
18 марти 2021.
Комментарии
Отправить комментарий