Ба ифихори зодрӯзи мубораки устод Лоҳутӣ. Дӯстии беназири ду устоди забардаст
Устод Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик» ва Абулқосим Лоҳутӣ
Дӯстӣ ва ҳамкории «ду устоди забардасти» (Мирзо Турсунзода) адабиёти муосири тоҷик – Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ на дар таърихи гузашта ва на имрӯзаи адабиёти форсии тоҷикӣ назир надорад. Худи устод Айнӣ дар як номааш навиштааст, ки “мо мисли инро дар афсонаҳо дар байни дӯстон хондаем” (30 апрели 1939). Дӯстӣ ва ҳамкории Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ дӯстӣ ва ҳамкории устоду шогирд ва пиру муриде буд, ки ҳар ду дар як муҳити адабию фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ, дар як замону макон, дар шаҳри Ҳироти асри ХУ сурат мегирифт. Аммо дӯстӣ ва ҳамкории Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ вақте оғоз мегардад, ки ҳар ду устоди баркамол буданд: яке дар наср ва таҳқиқ ва дигаре дар шеър ва сиёсат. Ва дар муҳити адабию фарҳангии гуногун, дар ҳудудҳои ҷуғрофӣ ва шароити сиёсиву иҷтимоии мухталиф – яке дар Бухорои амирӣ ва дигаре Эрони шоҳӣ ҷараён дошт. Он вақт, ба қавли устод Айнӣ, яке “муллои аз мадраса баромадагӣ” ва дигаре “шоири ҷаҳоншумули инқилобчии болшевик” буданд.
Шиносоии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, ки баъдан ба дараҷаҳои баланди дӯстию бародархондагӣ ва ҳамкориҳои судманди илмию адабӣ мерасад, тавре ки аз навиштаи Абулқосим Лоҳутӣ дар сарсухани “Намунаҳои адабиёти тоҷик” маълум мешавад, моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд дар манзили устод Айнӣ рух дод. Устод Лоҳутӣ дар сафаре, ки бо поезд аз Маскав ба Душанбе дошт, сари роҳ ба зиёрати устод Айнӣ мефарояд. Тавре ки ӯ шаҳодат медиҳад, “он рӯзҳо китоб (“Намунаи адабиёти тоҷик” – А.С.) ба поён расидаву /устод Айнӣ-А.С./ машғули покнависи он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам”.
Сарчашмаи муътамад ва асосии баёни дӯстӣ ва ҳамкориҳои бемислу монанди устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ мукотибаи байни онҳо мебошад. Онҳоро устод Айнӣ “мактуби муҳаббатуслуб” (4 сентябри 1938) ва “шафқатномаҳо” (24 ноябри 1940) номидааст. Дар ҳақиқат, мактубҳои ин ду устоди бузургвор, бидуни истисно, ҳар як саршор аз меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ, ғамхориву шафқат, эҳтирому сипос, одаму одамигарӣ, ёриву бародархондагии фавқулодаи онҳо нисбат ба ҳамдигар мебошанд. Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ба Садриддин Айнӣ маъмулан бо хитобҳои “устоди муҳтарам”, “устоди муаззам”, “устоди бузургвор”, “устодҷон”, “фозили муҳтарам ва устоди азиз”, “рафиқи азизи муҳтарам устод Айнӣ”, “бародари бузургвор” сар шаванд, устод Айнӣ ба Лоҳутӣ бо таркибу лафзҳои “Лоҳутии азиз”, “рафиқи шафиқ”, “рафиқи шафиқ ва дӯстдори меҳрубон”, “рафиқҷон” муроҷиат намудааст. Писари устод Айнӣ, Камол Айнӣ тасдиқ кардааст, ки “амаки Лоҳутӣ” “барои падар мисли бародараш як шахси хеле наздик ва бениҳоят азиз аст” (Камол Айнӣ. Меҳмонии амаки Лоҳутӣ // Ёди устод Лоҳутӣ. –Душанбе: «Адиб». -1987. –С.149). Бино бар гуфтаи ӯ, устод Лоҳутӣ пас аз 18 сол дубора ба Самарқанд меояд ва ба ифтихори ӯ дар манзили устод Айнӣ, ба истилоҳи Лоҳутӣ “базми ҷамшедие” ороста мешавад ва домулло Айнӣ дар хитоб ба меҳмони азизи худ мегӯяд: “Устод Лоҳутӣ, ин қадаҳ барои дидори Шумо!” Устод Лоҳутӣ дар ҷавоб мефармояд, ки: “Барои дидори ёрони ғоиб!” ва байти зерро мехонад:
Дидори ёри ғоиб донӣ чӣ завқ дорад,
Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад!
Ва дар давоми суханаш бо ҳасрат мегӯяд, ки: “Афсӯс, ки мо аз ҳам ҷудо, гӯё тани танҳо астем, афсӯс, сад афсӯс!” (Ҳамон мақола. - С. 155). Манзураш он буд, ки ӯ дар Маскав иқомат дораду устоди азизаш ва бародари бузургвораш Айнӣ дар шаҳри Самарқанд.
Вақте ки кас дар бораи заминаҳо ва сабабҳои ин дӯстӣ ва ҳамкории нотакрор ва бемонанди устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ меандешад ва ба он бо дидаи ибрат нигаристанӣ мешавад, мебинад, ки муҳаққиқоне, ки дар ин замина коре кардаанд ва чизҳое гуфтаанд, асосан бо зикри санадҳо қаноат ва аз таҳлил ва баррасии онҳо сарфи назар намудаанд.
Зиндаёд Муҳаммад Осимӣ, ки ба ҳар дуи устод эҳтироми самимӣ ва иродати хосса дошт, пояҳои дӯстӣ ва ҳамкории онҳоро дар “умумияти ақидаҳо, хизмат кардан ба халқ ва ҷамъияти сотсиалистӣ, ҳисси дилсӯзӣ ба адабиёти тоҷик” (Муҳаммад Осимӣ. Сарсухан // Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ. –Душанбе: “Дониш”. -1978. – С.5) дидаанд. Омилҳое, ки академики муҳтарам ҳамчун пояҳои дӯстӣ ва ҳамкории устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ номбар намудааст, бидуни шак, муҳим мебошанд. Вале фаромӯш набояд кард, ки онҳо адиб мебошанд ва дар шахсияти якдигар, пеш аз ҳама, ҳунарманди соҳибистеъдодро дидаанд ва эътироф намудаанд. Тасодуфӣ нест, ки Абулқосим Лоҳутӣ дар “Сарсухане”, ки ба “Намунаи адабиёти тоҷик” навиштааст, баъд аз зикри он ки ӯ бо номи устод Айнӣ “аз дере ошно буд”, махсус таъкид кардааст, ки “як тасодуфи дигар шавқу ҳаваси маро дар дидани ин бузургвор зиёд кард, орзуи маро барои зиёраташ оташинтар намуд, дидани осори адабии ӯ” (Лоҳутӣ. Садриддин Айнӣ // С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. –Душанбе: “Адиб”. -2010. – С. 5). Устод Айнӣ низ дар навбати худ пас аз мутолиаи шеърҳои устод Лоҳутӣ ва шиносоии бевосита бо шахсияти ӯ зикри шоир ва намунаи осорашро дар дар қисмҳои дувум ва севуми “Намунаи адабиёти тоҷик” овардааст ва хитоби “Адиби сурх”-ро дар нисбати вай раво дидааст.
Ҳамин нишонаи эътироф ва эътимод ба ҳунари адабии якдигар буд, ки онҳо пас аз ошноӣ бо ҳам ҳар як асари нави худро барои тасҳеҳу такмил ва нақд ва баррасӣ ба як дигар мефиристоданд ва мунтазири ҷавоб мешуданд. Чунончи, чанд иқтибос аз мактубҳои онҳо, ки ба ин гуфта шаҳодат медиҳанд. Аз мактубҳои устод Лоҳутӣ ба устод Айнӣ: «Як ғазал дар ин покет фиристодам. Илтимос он ки пас аз тасҳеҳ кардан онро ба «Овози тоҷик» бидиҳед» (22 августи 1927); «Ман махсусан ҷасорат карда барои шумо мефи- ристам, чаро ки аз ҳама шеърҳое, ки то кунун гуфтаам, дар назари ман беҳтар аст. Мехоҳам фикри шуморо дар ин бора бидонам» (4 ноябри 1932); «Ман як шеър навиштам. Як нусхаи онро ба рафиқ Деҳотӣ барои шумо мефиристам. Истидъо дорам, ки фикри худро дар он бора ба банда бинвисед. Бисёр мамнун мешавам» (28 декабри 1938) ва ғ. ва ҳ.к. Ба ҳамин монанд хоҳишҳо дар номаҳои устод Айнӣ ба устод Лоҳутӣ низ ҷой дорад. Аз ҷумла: «Як порча шеър навиштам, як нусхаи онро бо ин мактуб, аммо дар конверти ҷудогона ба рафиқа Бону фиристода, тарҷумаашро илтимос кардам. Аз шумо хоҳишмандам, ки дар вақти тарҷума барои ӯ эзоҳ медодед ва ҳам дар санаи пушкинии литгазета чопашро таъмин мекардед» (17 январи 1937); «Алҳақ, «Одина» ва «Ятим»-и маро хуш пазироӣ кардаед. Худам ҳам «Одина»-ро яке аз меваҳои пешпазаки чорбоғи ҳаёти худ ва «Ятим»-ро яке аз беҳтарин асарҳои замонии худ мешуморам» (24 ноябри 1940) ва ғ.
Барои устод Айнӣ донистани назари устод Лоҳутӣ дар бораи асарҳояш ва баръакс, барои устод Лоҳутӣ донистани назари устод Айнӣ хеле муҳим будааст. Барои мисол, Абулқосим Лоҳутӣ 1 марти соли 1939 дар номае ба Садриддин Айнӣ навиштааст, ки «имрӯз барои озмоиши табъ ғазале гуфтам. Онро ба ҳамин хат ба хидмати шумо мефиристам. Назария ва танқиди шумо барои ман пурқиматанд ва мунтазири он ҳастам».
Дӯстӣ ва ҳамкории устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар тӯли 29 сол аз аввалин дидорашон дар соли 1925 то дами марги устод Айнӣ дар соли 1954 ду имтиҳони ҷиддие ё ба қавли устод Айнӣ «ҳуҷум»-ро аз сар гузаронд. «Ҳуҷуми» аввал ба «Намунаи адабиёти тоҷик» ва муаллифи он пас аз чопи он дар Маскав бо мусоидат ва иштироки бевоситаи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 1926 буд. Ва «ҳуҷуми» дувум дар солҳои 1937 ва 1938, солҳое буд, ки маъракаи фош намудани «душманони халқ» дар сартосари Шӯравии собиқ ҷараён дошт. Ҳимоятгар ва наҷотдиҳандаи асосии устод Айнӣ аз ин ҳуҷумҳо, ки ҳадафи ҷисман ва рӯҳан нобуд кардани ӯро доштанд, маҳз дӯст ва бародари бузургвораш Абулқосим Лоҳутӣ буд. Тавре ки Камол Айнӣ тасдиқ намудааст, ки «соли 1937 ба устод Айнӣ ҳамла оғоз шуд. Ӯ ба устод Лоҳутӣ номае навишта изҳор дошт, ки ба ман ҳуҷум мекунанд! Ин мактубро устод Лоҳутӣ тавассути ҳамсараш Бону тарҷума карда, ба Раёсати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав мебарад… Александр Фадеев, раиси Иттифоқи нависандагон ва Ставский, намояндаи Бюрои сиёсӣ пеши Вячеслав Молотов (муовини Сталин, шахси дувуми Иттиҳоди Шӯравӣ) мераванд ва воқиаро баён мекунанд. Молотов ба ҷое занг мезанад ва ба онҳо маълум мекунад, ки номи Айнӣ ҳақиқатан дар феҳристи КГБ ҳаст ва бояд нобуд шавад. Устод Лоҳутӣ мегӯяд: «Чӣ кор кунем?». Молотов мегӯяд: «Ин корро фақат доҳӣ ҳал мекунад!» Молотов вақт мегирад ва Фадеев, Ставский ва Лоҳутӣ пеши Сталин мераванд. Фадеев мегӯяд: «Рафиқ Сталин, шумо Айнии моро мешиносед?» Сталин чубуқашро ба даст мегирад ва бо нигоҳи тез мепурсад: «Айнии шумо ва моро кӣ намедонад?... Ӯро бояд муҳофизат кард! Ӯ адиби зодаи инқилоби Уктабир мебошад!». Баъд аз ин мулоқот раёсати Иттифоқи нависандагон Ставскийро ба Тошканд мефиристад ва дар Тошканд комиссия бо роҳбарии Усмон Юсуфов домулло Айниро сафед мекунад» (Устод Садриддини Айнӣ фарзанди номбардори миллати тоҷик, «Ҷумҳурият», 15 апрели 2006).
Сабаби ба «Намунаи адабиёти тоҷик» ва муаллифи он ҳуҷум кардани пантуркистон ва панӯзбекистон, «иғвогврони контрреволютсионӣ» (Айнӣ), «душманони дӯстнамо» (Лоҳутӣ) ошкор аст, аммо ба устод ва асари ӯ дарафтодани касоне мисли Баҳриддини Азизӣ ва Ҷалолиддини Икромӣ он вақт ва дар солҳои баъдӣ «дӯсти нодоне» монанди Абдусалом Деҳотӣ, ки дар шумори ҳамкорон ва шогирдонашон буданд ва ё ба истилоҳ «нависандагони ҷавони тоҷик», ки мехостанд «маҷлиси расмӣ ҷеғ зада Айниро фош бикунанд» ва ӯро «аз Союзе», ки узваш набуд, бароранд, ё худ рафтори «ҳушёрони поёнӣ» (Айнӣ), «одамони поёнӣ» (Лоҳутӣ), «аз худиҳои мо ҳам баъзеҳо» (Раҳим Ҳошим), «баъзе ношукрбандаҳо» (И.С. Брагинский) ва «садоқаткориву сурхгӯиҳои» мунофиқонаи онҳо дар чист? Дар ҳасаду бахилӣ, нотавонбинию ноодамӣ, ҷаҳлу нодонӣ, бемаърифатӣ, кутоҳандешӣ, худхоҳӣ ва ё чизи дигар?
Устод Айнӣ дар номае, ки 8 майи соли 1938 ба Абулқосим Лоҳутӣ навиштаанд, гила аз он кардаанд, ки «идораҳои расмӣ, аз ин ҷумла Союзи нависандагони Ӯзбекистон мутлақо ба ман беҳурматӣ накардааст. Аммо дар Тоҷикистон корҳо дигарранг аст. Дар Тоҷикстон колхозҳо ва ҷоҳое, ки бо қарори Кумитаи иҷроияи марказӣ ба номи ман шуда буд, бе ҳеч қарори Кумитаи марказӣ номҳоро дигар кардаанд» (Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ. - Душанбе. - 2003. - С.39).
Ҷавоб ба ин падидае, ки мешавад онро носипосӣ ва ё беҳурматӣ ба бузургони хеш номид, мулоҳизаи ҷиддӣ ва андешаи амиқ мехоҳад.
Академики зиндаёд Муҳаммад Осимӣ дар вақташ дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории устод Айнӣ ва устод Абулқосим Лоҳутӣ андеша ронда, саволе гузошта буд, ки «агар дахолати ҷасуронаи Лоҳутӣ намешуд, кӣ медонад, ки тақдири Айнӣ чӣ мешуд?» Дарвоқеъ, чӣ мешуд? Мо аз бузургтарин нависандаи муосир, сарвари маънавии миллати тоҷик ва китоби муқаддаси ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1925), асарҳои мондагори ӯ «Марги судхӯр» (1936) ва «Ёддоштҳо» (1947-1954) , рисолаҳои илмии фавқулода арзишмандаш «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1940), «Устод Рӯдакӣ» (1940), «Мирзо Абдулқодири Бедил» (1954) ва ғайраҳо бенасиб мемондем. Агар ин тавр мешуд, мо чӣ миллати бадбахте мебудем! Хайрият, ки ба бахти миллати тоҷик касоне мисли устод Абулқосим Лоҳутӣ ба мо ёр шуданд ва моро аз ин бадбахтӣ наҷот доданд.
Мехоҳам ин мақоларо бо як байти устод Лоҳутӣ, ки ба муқтазои ҳоли он солҳо гуфтааст, ба поён бирасонам.
Бо ҳама нақсу мавонеъ кор мебоист кард,
Миллати тоҷикро бедор мебоист кард.
4-5 декабри 2017.
Комментарии
Отправить комментарий