Барои устод Адаш Истад
Бо арзи салому эҳтиром ва узри бадтар аз
гуноҳ.
Устоди бузургвор Адаш Истад, Шумо сазовори он
ҳастед, ки дар бораатон нақду баррасиҳои муносиб ба мақому манзалати баландатон
ва хидматҳои арзандаатон барои поси забон ва рушди адаби форсии тоҷикӣ, хосса
дар фурӯзон нигаҳ доштани чароғи забону адаби миллатамон дар Самарқанди
кандманди бостонии тоҷикон, ки яке аз хостгоҳҳои асосии мардуми мост, навишта
шаванд. Аз ин ҷиҳат яке аз онҳое, ки дар назди шахсият ва фаъолияти офаринишии
Шумо қарздор аст, каминаи камтарин мебошам.
Устоди наврӯзсирату наврӯзсурат зодрӯзи шарифатон
ва Наврӯзатон барои худатон, наздиконатон ва тамоми самарқандиёни азиз хуҷаста
бод.
PS:
Ба нишони иродату ихлос ба Шумои азиз ва
самарқандиёни гиромӣ мақолаеро, ки чанд сол пеш навишта будам, ба
алоқамандонатон ва мухлисонатон, ба аҳли муҳтарами Самарқанд пешкаш менамоям.
НАҚШИ САМАРҚАНД ДАР РУШДИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ
Яке аз нахустин намунаҳои
шеър ба форсии тоҷикӣ ба қалами Абулянбағии Самарқандӣ (в. 786-802) тааллуқ дорад:
Самарқанди кандманд
Бад-инат кӣ афканд?
Аз Чоч те беҳӣ
Ҳамеша те хеҳӣ.
Ин анъанаи ба форсии
тоҷикӣ шеър гуфтанро шоири дигаре аз Суғди Самарқанд Абӯ Ҳафси Суғдӣ (в. 832)
идома додааст:
Оҳӯи кӯҳӣ дар дашт чӣ
гуна давадо,
Ӯ ёр надорад, бе ёр чӣ
гуна бувадо?
Агар аз шеъри Абулянбағӣ
осори шеъри қадим ба забони паҳлавӣ, аз ҷумла дар вазни он, намудор аст, шеъри
Абӯ Ҳафси Суғдӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки адабиёти форсӣ, хосса шеъри он дар
асри IX, ҳам аз лиҳози маънӣ ва ҳам ҷиҳати лафз ба таври назаррас такмил ёфта
будааст. Дар ин як байти зоҳиран содда шоир бо калимаву тасвирҳои сирф заминӣ
тавонистааст, ки як маънии олии инсонӣ - ҳолати сахти дурӣ аз ёрро барҷаста ва
хоно бозтоб диҳад. Ва шоироне мисли Абӯ Ҳафси Суғдӣ буданд, ки заминаро барои
дар садаи X ба пуррагӣ шакл гирифтани адабиёти форсии тоҷикӣ ва пайдо
шудани шоироне монанди Рӯдакии
Самарқандӣ муҳайё сохтанд. Рӯдакӣ касест, ки кӯшишҳои нотамоми шоирони пешинро
тамомӣ бахшида, ба форсии тоҷикӣ шеъри нағзе гуфт, ки нафаре то ӯ ба ин ҳадди
ҷамолу камол ва фаровонӣ нагуфта буд. Вай бо ихтирои сабки шеъри Рӯдакивор
раванди инкишофи адабиёти форсии тоҷикиро барои садсолаҳои баъдӣ муайян намуд.
Аз ин рӯ дар миёни ҳамасрони худ ва пасиниён ҳамчун «одамушшуаро», «устод»,
«сари шоирон» ва «соҳибқирони шоирон» ном баровард. Шӯҳрати Рӯдакӣ на танҳо
Самарқанду Бухоро - ду пойтахти Сомониёнро, балки тамоми Хуросони бузургро фаро
гирифт. Шеъри ӯро дар ҳама ҷо замзама ва пайравӣ мекарданд. Чунонки худ гуфта:
Шуд он замона, ки шеъраш
ҳама ҷаҳон бинвишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири
Хуросон буд.
Ҳам оғозгар ва ҳам
бунёдгари адабиёти форсии тоҷикӣ гардидани самарқандиён тасодуфӣ набуд.
Самарқанд аз ибтидо бо шаҳрҳое ҳамчун Бухоро, Шероз, Балх, Ҳирот, Исфаҳон,
Марв, Хуҷанд ва ғ. ҳамсарӣ мекард ва аз марказҳои асосии сиёсӣ, илмию адабӣ ва
таърихию фарҳангии қавмҳои эронинажод ба шумор мерафт.
Нақши Самарқанд дар
инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо ба тарзу тариқи гуногун
зуҳур намудааст:
1. Иштироки бевоситаи
аҳли Самарқанд дар офариниши адабиёти
форсии тоҷикӣ, мисли Абулянбағӣ, Абӯ Ҳафс, Рӯдакӣ, Мӯиззӣ, Маншурӣ, Низомии
Арӯзӣ, Рашидӣ, Сӯзанӣ, Алии Шатранҷӣ, Наҷҷорӣ, Ашрафӣ, Заҳирӣ, Асилиддин,
Нидоӣ, Маҳзун, Бисотӣ, Риёзӣ, Фитрати Зардӯз, Сарфароз, Сипандӣ, Васлӣ, Аҷзӣ ва
дигарон;
2. Омода намудани заминаҳои
назарӣ ва амалии он, мисли Маншурӣ дар «Канз-ул-ғароиб», Рашидӣ дар
«Зиннатнома», Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», Давлатшоҳ дар
«Тазкират-уш-шуаро», Содиқӣ дар «Риёз-уш-шуаро», Малеҳо дар
«Музаккир-ул-асҳоб», Мутрибӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» ва ғ.;
3. Парвариши намояндагони
доираҳои адибии дигар. Чунончи Рӯҳии Валволиҷӣ, Ҷавҳарии Заргари Бухороӣ,
Муаййидии Насафӣ, Муайяди Меҳнаӣ, Нурии Нишопурӣ, Хоҷагии Ҳиротӣ, Мӯҳсини Шервонӣ, Садриддини
Айнии Бухороӣ ва дигарон маҳз дар муҳити адабии Самарқанд зиндагӣ ва эҷод
намудаанд;
4. Интиқоли таҷрибаҳои
адабӣ ва назарии хеш ба доираҳои адабии дигар. Низомии Арӯзӣ, Мӯиззӣ, Фитрати
Зардӯз, Ашрафӣ, Баҳоуддини Карим, Муаййидии Насафӣ, Ҳаким Рӯҳонӣ ва дигарон, ки
ҳамчун адиб дар муҳити адабии Самарқанд ба воя расиданд, баъдан дар Хуросон,
дар дарборҳои Султон Санҷар ва ғазнавиён ба фаъолияти эҷодӣ давом додаанд ва ба
ҳамин восита ба намояндагони доираҳои адабии мазкур асаргузорӣ кардаанд;
5. Сафарҳо ва ҳиҷрати
намояндагони доираҳои адабии дигар ба Самарқанд ва диду боздидҳои онҳо бо аҳли
адаб ва илми он, монанди сафарҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, ҳиҷрати Зайниддини Восифӣ ва Камолиддини
Биноӣ, ду соли зиндагӣ ва таҳсили Шамсиддини Шоҳин ва дигарон.
Таҳлилу тадқиқи раванди
таҳаввул ва инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ пас аз замони Рудакӣ ва ҳамасронаш
дар асрҳои минбаъда нишон дод, ки нақши Самарқанд ҳамоно мисли пешина муассир
боқӣ мондааст. «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ ва «Синбоднома»-и Муҳаммади
Заҳирӣ дар наср, девонҳои Мӯиззӣ, Рашидӣ, Сӯзанӣ, Алии Шатранҷӣ, Шиҳоби
Муаййиди Насафӣ, Наҷҷорӣ, Ашрафӣ ва Асилиддин дар шеър, «Канз-ул-ғароиб»-и
Маншурӣ ва «Зиннатнома»-и Рашидӣ дар улуми адабӣ гувоҳи равшани он аст, ки
зодагони Самарқанд дар асрҳои ХI-XII ҳам пешсаф буданд.
Вале ба касофатии
кашмакашиҳои дохилии қарохониён, салҷуқиён ва ғазнавиён ва ҳамчунин задӯхурдҳои
байнихудии онҳо, аз ҷумла барои Самарқанд ва дертар ҳамлаи хонумонсӯзи муғул ба
Мовароуннаҳр нақши муҳити адабии Самарқанд ва самарқандиён дар рушди адабиёти
форсии тоҷикӣ дар асрҳои баъдина заиф мегардад. Мо дар асрҳои XIII-XIV адиберо
аз аҳли Самарқанд намебинем, ки бо Саъдию Ҳофизи Шерозӣ ва ё Камоли Хуҷандию
Сайфи Фарғонӣ ҳампоӣ бикунад. Ба майдони шеъру шоирӣ фурӯрехтани аҳли ҳунари
Самарқанд низ натиҷаи дилхоҳеро надод, чеҳраи адабии барҷастае зуҳур накард.
Як андоза ҷон гирифтани
муҳити адабӣ дар Самарқанд ва аз нав нуфӯз пайдо намудани самарқандиён дар
раванди инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ пас аз ба сари қудрати сиёсӣ омадани
хонадони темуриён ва пойтахти он гардидани Самарқанд дар Мовароуннаҳр ва ба
итоати шайбониён гузаштани он ба назар мерасад. Аз намояндагони маъруфи
самарқандиасли адабиёти асрҳои XV, XVI
ва XVII метавон аз шоирон Бисотӣ, Риёзӣ, Муҳаммад Солеҳи Нидоӣ, Фитрати
Зардӯзӣ ва Муҳаммадамини Сарфароз, аз адабиётшиносон ва нақидон аз Мутрибӣ
муаллифи «Тазкират-уш-шуаро», Содиқӣ муаллифи «Риёз-уш-шуаро» ва Малеҳо соҳиби
«Музаккир-ул-асҳоб» ном гирифт.
Дар асрҳои XVIII, XIX ва
ибтидои ХХ –дар даврони ҳукмронии аштархониён ва манғитиён ба иллати
бесарусомониҳо, харҷу марҷи сиёсӣ, муборизаҳои хонадонҳои гуногуни турк барои
қудрат дар Мовароуннаҳр ва харобаҳои пайдарпай муҳити адабии якзамон овозадори
Самарқанд рӯ ба таназзул меорад. Шоирону нависандагон ва донишмандони
самарқандӣ маҷбур мешаванд ба шаҳру кишварҳои амнтаре - Хӯқанд, Хуросон ва Ҳиндустон
ҳиҷрат кунанд, мисли Маҳзун, Матлаб ва дигарон.
Дар ибтидои асри ХХ бо
дигар шудани вазъи сиёсӣ пас аз истилои Осиёи Миёна, аз ҷумла Самарқанд, аз
тарафи Русияи подшоҳӣ, пайдо шудани матбаи литографӣ, нашри рӯзнома ва
маҷаллаҳои «Оина» ва «Зарафшон» ҳаёти адабӣ дар Самарқанд аз нав ҷон мегирад.
Ба майдони адабиёт қадам ниҳодани шоироне, монанди Туғрали Аҳрорӣ, Мирзо Ҳолӣ
ва Васлӣ ва ғ. гувоҳ бар он мебошанд. Вақте ки дар солҳои 20-30 асри ХХ шаҳри
Самарқанд пойтахти Ҷумҳурии сусиёлистии Ӯзбекистон, ки дар ҳайати он Ҷумҳурии
автономии Тоҷикистон шомил буд, қарор гирифт, он аз нав ба маркази асосии
адабию фарҳангии тоҷикӣ табдил ёфт. Нашри нахустин рӯзномаи «Овози тоҷик»,
нахустин маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб», нахустин мактаби нави тоҷикӣ (мактаби Абдулқодири
Шакурии Самарқандӣ), нахустин нашриёти давлатии тоҷик дар Самарқанд шаҳодат бар
он аст. Бо сарварии устод Айнӣ доирае адабие ташкил гардид, ки намояндагони он
баъдан дар пешрафи адабиёти шӯравии тоҷикӣ саҳми босазое гирифтанд, мисли
Абдусалом Деҳотӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Рашид Абдулло, Ғанӣ Абдулло, Ҳабиб
Юсуфӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Фотеҳ Ниёзӣ, Холиқ Мирзозода, Самад Ғанӣ,
Ҳасан Ирфон, Обид Исматӣ ва дигарон. Аксарияти куллӣ онҳо пас аз бунёди
Ҷумҳурии сусиёлистии Тоҷикистон дар соли 1929 ба пойтахти он шаҳри Сталинобод
(ҳоло Душанбе) омадаанд ва дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва эҷод карданд.
Тавре ки мебинем, нақши
Самарқанд дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ вобаста ба мақоми сиёсӣ ва адабии он
ва тағйири авзои сиёсию ҷамъиятӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ густурда ва ё
маҳдуд шудааст, вале ҳеч гоҳ ба дараҷаи нестӣ нарасидааст.
Дар ҳайати Ҷумҳурии
Ӯзбекистон боқӣ мондани шаҳри Самарқанд, ки яке аз марказҳои асосии пайдоиш ва
инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ аз даврони Бостон то солҳои 20-30-уми асри ХХ
буд ва аз он кӯч бастани гурӯҳи калони шоирону нависандагони самарқандӣ бо
сарварии устод Садриддин Айнӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешак, боиси заиф
гардидани ҳаёти адабию фарҳангӣ дар он ҷо шуд. Бо ин ҳама хушбахтӣ дар он аст,
ки дар Самарқанд чароғи адабу фарҳанги тоҷикӣ бархилофи сиёсати тоҷикзудоии
роҳбарони даврони Шӯравии кишвари ҳамсоя ҳаргиз хомӯш нагардид ва ба шарофати
адибони сарсупурдаи самарқандӣ, монанди Болта Ортиқов, Ҳасан Ирфон, Болтақул
Диёрӣ, Ботурхон Валихӯҷаев, Раҳим Муқимов, С. Ҳалимов, Ҷамол Мирсаидов, Ҷумъа
Ҳамроев, Аслиддин Қамаров, Акбар Пирӯзӣ, Ҳаёт Неъмат ва дигарон фурӯзон боқӣ
бимонд. Дар солҳои 90-уми асри ХХ бар асари ҳодисаҳои фоҷеабор дар Тоҷикистон
гурӯҳи калони адибон ва донишмандони самарқандӣ аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳи худ
баргаштанд, аз қабили профессор Холиқ Мирзозода, Адаш Истад, Садрӣ Саъдиев,
Ҳазрат Сабоҳӣ, Раззоқ Ғаффоров, Ато Аҳроров ва дигарон. Ва ин ҳодиса боиси
қувват гирифтани муҳити адабӣ ва илмии шаҳри Самарқанд гардид. Асарҳои адабӣ ва
илмие, ки ин адибон ва донишмандон дар чанд соли охир офаридаанд, далел бар он
мебошад. Ба майдони шеъру шоирӣ қадам мондани насли нави адибони самарқандӣ,
монанди Парисо, Шаҳноза, Шаҳзода ва дигарон низ ба муҳити адабии Самарқанд рӯҳи
тоза дамид.
Бо ин ҳама бо вуҷуди он
ки имрӯз ҳам дар Самарқанд ба забони тоҷикӣ рӯзномаву китобҳои адабиву илмӣ ва
дарсӣ нашр мешаванд, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ вуҷуд доранд, дар
мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ таълим дода мешаванд, сол ба сол хавфи
ҳамчун маркази адабию илмию фарҳангии форсии тоҷикӣ, ки суннати чандинасра
дорад, заиф гардидани шаҳри Самарқанд ва канда шудани алоқаҳои он бо марказҳои
адабию илмию фарҳангии Тоҷикистон бештар мегардад. Кишвари ҳамсоя зери шиори
мустақилият ва бо баҳонаи табдили алифбои сирилик ба лотинӣ ҳар сол бештар аз
пештар миқдори мактабу донишгоҳҳои тоҷикиро кам карда, чопӣ китобу рӯзномаву
маҷаллаҳоро ба тоҷикӣ маҳдуд сохта, монеи табодули осори адабӣ ва илмӣ ба
забони тоҷикӣ ва рафтуомади адибони самарқандӣ ба Тоҷикистон ва кишварҳои
дигари форсизабон – Эрон ва Афғонистон мешавад. Агар вазъ ҳамин тавр боқӣ
бимонад, анқариб аст, ки шаҳри Самарқанд ба ҳайси яке марказҳои асосии адабиёт
ва фарҳанги тоҷикӣ мақоми худро ба тамомӣ аз даст диҳад.
Барои он ки ин ҳодисаи
нобахшиданӣ ва ҷуброннопазир ба вуқӯъ напайвандад, аҳли Самарқанд ва, пеш аз
ҳама, тоҷикони дунё бояд силсилаи чораҳои фаврии изтирориро биандешанд, ки пеши
роҳи онро бигиранд. Ин чиз ҳаргиз маънои дахолат кардан ба корҳои дохилии
кишвареро надорад, ки имрӯз Самарқанд дар ҳайати он аст. Ҳифзи ин шаҳри бостонӣ
ба сифати яке аз марказҳои асосии адабиёт ва фарҳанги яке аз миллатҳои қадимии
сернуфӯзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – тоҷикон аз рисолатҳои адабӣ ва фарҳангии
Ҳукумат ва Давлати ин мамлакат низ бояд бошад.
Саҳми зодагони Самарқанд,
онҳое, ки муқими шаҳри Душанбе буданд ва ҳастанд ва ё аз Тоҷикистон намояндагӣ
мекунанд, махсусан дар таҳаввул ва такомули адабиёт, адабиётшиносӣ ва нақди
адабии кунунии тоҷик, бидуни муҳобот,
бузург мебошад. Адабиёти нави тоҷикро бе ном ва асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев,
Расул Ҳодизода, Камол Айнӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Шавкат Ниёзӣ, Шамсӣ Қиёмов,
Муҳаммадҷон Рабиев, Эмануэл Муллоқандов, Шодон Ҳаниф, Аслам Адҳам, Наримон
Бақозода ва дигарон наметавон тасаввур кард. Ба зинаи камолат расидани наср,
назм, драматургия, тарҷума, адабиёти кӯдак, адабиётшиносӣ ва нақди адабии
тоҷикӣ бо номҳои онҳо вобаста мебошад.
Дар замони шӯравӣ сафи
адибони самарқандӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони факултаи забон ва адабиёти
тоҷики Донишгоҳи Самарқанд пурра мегардид. Афсӯс, ки бо пош хӯрдани Шӯравии
собиқ ва истиқлол ёфтани ҷумҳуриҳои собиқи Осиёи Миёна, аз он ҷумла Ӯзбекистон,
пеши роҳи ин доду ситад миёни ин мамлакат ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуд. Ҳамчунин аз Самарқанд барои таҳсил
ба Душанбе омадани донишҷӯён ҳам тақрибан ба назар намерасад. Муассисаҳои адабӣ
ва фарҳангӣ донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ин
анъанаи судманди табодули мутахассисон ва донишҷӯёнро аз нав барқарор намоянд,
то ки робитаҳои адабию фарҳангии Самарқанди бостонӣ бо Тоҷикистон канда нашавад.
Аз нақши Самарқанд дар
рушди адабиёти форсии тоҷикӣ ба таври ҷудогона сухан рондан ҳаргиз маънои онро
надорад, ки муҳити адабии Самарқанд аз раванди умумии инкишофи ин адабиёт берун
буд. Зеро муҳити адабии Самарқанд аз ибтидо то ба имрӯз як рукни таркибии
адабиёти форсии тоҷикиро ташкил медиҳад. Ба таври алоҳида баррасӣ намудани ин
мавзӯъ фақат ба хотири барҷаста намудани нақши бузурги Самарқанд ва
самарқандиён дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ мебошад ва он ҳам дар арафаи
бузургдошти 2750-солагии он. Ва ин кӯшиши мо идомаи он корҳоест, ки пеш аз мо
адабиётшиноси номии тоҷик Садрӣ Саъдиев, ки зодаю парвардаи Самарқанд аст,
карда буд, мисли тадқиқоти пурарзиши «Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанди асри
XII» (1974), «Адабиёти тоҷик дар асри XVII» (1985), фасли «Адабиёти асри XVII»
дар китоби «Адабиёти тоҷик. Асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри ХХ» бо ҳаммуаллифии
Расул Ҳодизода ва Усмон Каримов (1988). Аммо ман гумон мекунам, ки ин корҳо
ибтидои тадқиқи нақши Самарқанд дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ мебошад. Омӯзиши
ҳаматарафаи осори адибони самарқандии давраҳои гуногун, муҳити адабии Самарқанд, падидаҳои адабии марбут ба он ва
ғ. аз вазифаҳои муҳимми адабиётшиносӣ ва
нақди адабии тоҷик ба шумор меравад.
2007.
Комментарии
Отправить комментарий