Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб
Ҳақназар Ғоиб ва «шеъри симфонӣ»
Дӯсти бузургворам Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар дастхате, ки
бароям дар маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Дар
бистари нарми гул» унвон дорад, навиштааст, ки ба «бародари азизу гиромӣ, ки бароям
мероси муҳаббати устод Лоиқ аст», ба фалонӣ (12 сентябри 2012, ш. Кӯлоб).
Дарвоқеъ, ман бо устод Ҳақназар Ғоиб ба шарофати устоди зиндаёд, шоири бузурги тоҷик Лоиқ
Шералӣ ошноӣ пайдо карда будам. Як саҳнаи ошноӣ ва дӯстиҳоямонро ман дар мақолаам
«Ҳақназар ва шеъри нарми ӯ», ки дар маҷмӯаи нави шоир «Дар таҷаллии офтоби
Аллома Иқбол» низ омадааст, ба қалам
оварда будам.
Ман дар бораи шеъри Ҳаназар Ғоиб зиёд навиштаам, бештар дар мақолаҳои умумӣ
ва камтар дар нақдҳои ҷудогона. Аз ин ҷиҳат дар назди шахсияти эҷодӣ ва шеърҳои
ӯ қарздорам. Ва на танҳо камина, балки дигарон ҳам, ки бо нақду
баррасии шеъри муосири тоҷик машғул мебошанд. Эътироф бояд намуд, ки мову шумо
ҳанӯз Ҳақназар Ғоиб ва шеърашонро,
чунонки мебояд, нашинохтаеам.
Ҳақназар Ғоиб, ки то ҳол 30 китоби шеър нашр
намудааст ва бештар аз 50 сол пайваста дар адабиёти муосири тоҷик майдондароӣ
мекунад, дастовардҳои чашмрасе кам надорад. Яке аз он дастовардҳояш, ба
мушоҳидаи камина, эҷод ва инкишофи навъи шеъриест, ки дар нақди адабии тоҷик
ҳанӯз ном надорад. Ман онро бо истифода аз истилоҳоти илми мусиқӣ барои худам
«симфонияи манзум» ва ё «симфонияи шеърӣ» гуфтам. Ба андешаи ман, достон ва ё
ба гуфтаи худи шоир достонгунаҳои маълуми ӯ, монанди «Эҳёнома», «Дар таҷаллии
офтоби Аллома Иқбол», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки офтоб»,
«Сурӯши Хатлон», силсилашеърҳои «Муқаддаснома»,
«Падарнома», «Модарнома» ва ғ. аз ҳамингуна симфонияҳо дар шеър ё симфонияи
манзум мебошанд. Дар онҳо шумо омезиши ҳайратовари садоҳои таърихи дуру наздики
тоҷикон, шахсиятҳои таърихие, мисли Абулқосими Фирдавсӣ, Темурмалики Хуҷандӣ,
Ҷалолиддин Маликшоҳ, Аллома Иқбол, Донои форс, устод Айнӣ, Эйнштейн, Ленин ,
Сталин, Никита Хрушов, марксист, коммунист, рӯҳонӣ, раҳгузар, рӯзноманигор,
собиқадори ҷанг, бадарғаи сибирӣ, садои рӯдҳои Вахш, Зиндарӯд, Зарафшон,
Омӯ ва ғайраро бармало мешунавед ва эҳсос мекунед. Дар он
асарҳо садои исёну тӯфонҳои зиндагӣ, сурӯшҳои ғайбӣ, манзараҳои рӯъёӣ ва воқеъӣ
ҳастанд. Дар он асарҳо навъҳои адабии насру назму драма, сурудҳои дастаҷамъӣ,
хорӣ ва фардӣ, ботини инсонӣ садо медиҳанд.
Ҳақназар Ғоибро мо то кунун бештар ҳамчун
муаллифи шеърҳои ошиқона, ғиноӣ, шеърҳои гарму нарм муаррифӣ мекардем, вале
баррасӣ ва таҳлилҳои ҳаматарафаи шеъри ӯ ошкор намуданд, ки дар шеъри шоир рӯҳи эпикӣ,
ҳамосӣ бар рӯҳи ғиноӣ, лирикӣ бартарӣ дорад. Яъне ӯ аз рӯйи тарзи тафаккур, биниши шоирона,
диди зебошинохтӣ, эстетикӣ шоири эпик, ҳамосасаро
мебошад.
Дар замина гуфтаниҳо
зиёданд, аммо ҳоло фурсат ва маҷоли гуфтани онҳо нест. Бинобар ин ман бо иқтибос
ва қироати чанд пораи манзум ва мансур аз симфонияҳои шеърии соҳибҷашн Ҳақназар Ғоиб бароятон
суханамро ба поён мерасонам. Чунончи:
Як баргаки сабзам аз баҳори ту, Ватан,
Аз домани сабзи сабзазори ту, Ватан.
Ёбанд
маро чу дӯстдори ту, Ватан,
Ҳақбачаи
ҳақнигоддори ту, Ватан.
***
Наҷустам
ризқ ман аз ҷодаи шеър,
Ки холӣ буд ҷайб аз додаи шеър.
Будам
қонеъ ба ҳар як бешу камҳо,
Ки дил лабрез буд аз бодаи шеър.
***
Ба зоҳир гарчи инсони бузурганд,
Ба ботин шоҳшайтони бузурганд.
Ба гулгашти саросар сабзи имон
Рама сар дода, чӯпони бузурганд.
Ва се пораи кӯтоҳ аз ҳушдорномаҳои мансури Ҳақназар Ғоиб:
«Худованд ба сарзамине,
ки завол оварад, аввал завол ба ақлу хирад мерасад».
***
«Худованд ба миллате, ки
хашм кунад, аввал забони оқилону хирадмандонашро мебандад… Мардум пилтаи ғафлат
ба гӯш мениҳанд ва ба суханони аҳли хирад беэътино мегарданд. Бузургон
назарногир мешаванду ҷоҳилон мӯътабар, донишмандон дасткӯтоҳ мегарданду нодонон
дастболо».
***
«Эй миллат! Шоирон
пайвандгари наслҳо ва вақту замонанд, онҳо чашми дурбини миллат ва хираду
виждони давронанд. Онҳо тапиши дили бузурги вақту замонанд, балки онҳо худ вақту
замонанд».
Мо ба устод Ҳақназар
Ғоиб, ки ҳақо «чашми дурбини миллати» шарифи тоҷик ҳастанд, умри дароз ва
бобаракат ба нафъи халқу Ватани азизамон таманно дорем.
23 майи 2018
Комментарии
Отправить комментарий