Сообщения

Сообщения за октябрь, 2020

Даме бо Ҳофиз

  Шоири шоирони асрҳо ва наслҳо Адабиётро худи адибон, чи дар гузашта ва чи дар замони муосир, маъмулан ба «кохи баланд» (Фирдавсӣ), «гулистони ҳамешахуш» ва «бӯстон» (Саъдӣ), «баҳористони бехазон» ва «равзаи биҳиштойин» (Абдурраҳмони Ҷомӣ) ва ё мисли Пушкин ба «пайкараи зебои беҳамто» монанд мекунанд ва дар он ҷойи шак нест. Аммо ман вақте ки имрӯз ба пасманзари  таърихи чандинҳазорсолаи адабиёти гузашта ва муосири форсии тоҷикӣ  нигоҳ мекунам ва намояндагони барҷастаи онро як-як пеши назар меоварам, ин адабиёти мондагор мисли силсилакӯҳи тӯлонӣ ва намояндагони нобиғааш монанди қуллаҳои  осмонбӯси он менамояд. Қуллаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Иқбол, Халилуллоҳи Халилӣ, Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Маҳмуди Давлатободӣ ва дигарон аз замин ба само саркашидаанд ва аз дуриҳои дур аз вуҷуди бузургвори худ г