Рӯзи Мавлоно
То рӯзгори мо мавлавишиносон, чи дар Шарқу чи дар Ғарб, аз ҷумла чи дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва чи дар Туркия, ғолибан аҳвол, осор ва афкори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро шарҳу тафсир ва таҳқиқ намуда, аз асрори ҳунари шоирии ӯ тақрибан сухане нарондаанд. Ба истиснои донишманди тавонои эронӣ Муҳаммад Шафеъии Кадканӣ дар рисолаи маъруфаш "Мусиқии шеър" (1358/1969) фаслеро зери унвони "Чандовоии мусиқӣ дар манзумаи шамсии ғазалҳои Мавлоно" ба баррасии ин масъала ихтисос дода, ба баҳси илмии бунёдӣ дар ин замина оғоз карда буд. Аз замони нашри рисолаи мазкур то ҳол зиёда аз 50 сол сипарӣ шудааст, аммо дар ин муддат таълифоти қобили мулоҳизае пайдо нашудааст. Ба шарҳу тафсири аҳвол, осор ва афкори динӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Мавлоно таваҷӯҳ намудани мавлавишиносон як падидаи комилан табиист. Зеро барои шинохти дурусти шахсият ва фаъолияти эҷодии орифи бузурге чун Мавлоно, пеш аз ҳама, аз аҳвол, осор ва афкори ӯ огоҳ бояд буд. Кореро, ки мавлавишиносон то и