Рӯзи дипломатҳои тоҷик
Соли чаҳорум аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Нахустин таҷлили ин ҷашн рӯзи 29 сентябри 2016, чаҳор сол пеш, дар бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки Президенти муҳтарами Тоҷикистон ҷ-би олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва суханронии он кас баргузор гардида буд. Камина ифтихор дорам, ки дар он маҷлис иштирок доштам ва суҳбат низ карда будам.
Таъсис ва таҷлили Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ нишони эътирофи мақому эътибори сазовори онҳо дар ҷомеъа ва низоми давлатдории ҶТ мебошад.
Бояд эътироф намуд, ки нақши дипломатҳои тоҷик дар татбиқи муваффақонаи сиёсати хориҷии кишвар муассир аст. Иҷрои ин вазифаи пурифтихор ва бомасъулият аз рисолати миллии онҳо ба шумор рафта, аз онҳо дониши амиқ, малакаи расо ва ҳунари волоро тақозо мекунад. Онҳо набояд фаромӯш бикунанд, ки шаҳрванди одии кишварашон нестанд, балки намояндаи расмии он мебошанд. Бино бар ин бояд шахси ҳаматарафа босавод, соҳибмаълумот ва огоҳ аз сиёсати дохилию хориҷии мамлакаташон, аз таърихи гузаштаву имрӯзааш, забону адабиёт, илму фарҳанги он бошанд, то аз давлати хеш дар дохил ва хориҷ аз он ба таври лозима намояндагӣ карда тавонанд. Дипломати номии русӣ В. Попов дар замина навиштааст, ки:"Лучше не иметь дипломатического представительства за границей вообще, чем иметь на этой должности человека неумнего и некультурного".
Президенти муҳтарами Тоҷикистон ҷ-би олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон суханроние, ки дар нахустин таҷлили Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ доштанд, дар баробари зикри он ки дар даврони Истиқлол як ҳайати дипломатҳои муваффақ ба воя расиданд, таъкид намуданд, ки:"Бояд гуфт, ки дар самти омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва лоиқу кордон, ки аз умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ бархурдоранд, ҳамчунин дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо камбудиҳои зиёде дорем, ки ҳаллу фасли онҳо андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд".
Дар ин чаҳор соле, ки аз ин гуфта ва ҳидоятҳои Сардори муҳтарами давлат ва ҳукумати ҶТ гузашт, табиист, ки вазъ хеле беҳтар гардид, вале мушоҳида ва баррасиҳо ҳамчунин шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар кул вазъи тарбияи дипломатҳои оянда дар донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад. Вусъати имконоти модӣ ва фаннии факултаҳои муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллӣ ва Академияи идоракунии назди Президенти ҶТ моро умедвор ба он мекунад, ки ҳайати дипломатии мо дар оянда қавитар ва тавонотар хоҳад шуд.
Рӯзи кормандони хидмати давлатиро ба ҳамаи дипломатҳои собиқ ва феълии кишвар табрик мегӯям ва барояшон дар роҳи хидмати содиқона ба халқи шариф ва Ватани азизи хеш барор мехоҳам.
Душанбе,
29 сентябри 2020.
Комментарии
Отправить комментарий