Рӯзи Рӯдакӣ


Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ ва ҷаҳон

    Назар ба иттифоқи аксарияти кулли шоирони ҳамаср, адибони асрҳои баъдӣ,“аҳли тазкира ва тароҷими аҳвол” (Садриддин Айнӣ), рӯдакишиносон ва пажӯҳишгарони Шарқу Ғарб онҳо Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамчун “устоди шоирони ҷаҳон” (Кисоии Марвазӣ), “сари шоирон” (Рашидии Самарқандӣ), “соҳибқирони шоирӣ” (Низомии Арӯзии Самарқандӣ)  “аввалин шоири расмии Эрон” (Ҳерман Эте), “нахустин шоири бузурги Эрон” (Ризозода Шафақ), “муқаддами шуарои форс” (Ҳамдуллоҳи Муставфӣ), “муқаддами шуарои Мовароуннаҳри фурс” (Ҳаким Шоҳмуҳаммад ибни Мубораки Қазвинӣ), “қудваи шуаро”, “аввал касест аз аҷамиён, ки девони шеър тартиб дода” (Амин Аҳмади Розӣ), “сарҳалқаи асотизи мутақаддимин” (Мирҳусайн  Дӯсти Санбҳалӣ), “саромади рӯзгор” (Мавлавӣ Оғоаҳмадалии Аҳмад), “сарҳалқаи шуарои аср” (Муҳаммад Қудратуллохони Гупомавӣ), “корвонсолори шеър ва муқаддиматулҷайши фусаҳо”, “аввал касе, ки ба тадвини девони сухан пардохт” (Мирғуломалии Озоди Билгиромӣ), “аввал касе, ки шеъри форсиро мудавван сохта” (Амир Шералихони Лудӣ), “падари шеъри форсӣ” (Бадеъуззамон Фурӯзонфар) ва “қофиласолори назм ва абулабои шеър”, “бузургтарин ва муқтадиртарин шоири дарӣ” (Муҳаммадҳайдари Жубал) эътироф намуда, таъкид кардаанд, ки “ӯро дар Арабу Аҷам монанд нест” (Абулфазли Балъамӣ), “набуд низ ҷовидона чун ӯй” (шоири гумном), “Рӯдакӣ ба шеър масал буд дар Аҷам” (Мӯиззӣ), “баъд аз вай ҳеч шоиреро ин мукнат набуда” (Абдурраҳмони Ҷомӣ),  “дар шеъри форсӣ бар ҳамасрони худ пешӣ дошт” (Абӯсаъди Идрисии Ҳофиз), “ҳеч касро то кунун дар забони форсӣ чунин мадоеҳи фиребанда даст надодааст, ки ӯ гӯяд” (Саиди Нафисӣ), “дар эҳё ва такомули забон ва адабиёти мо Рӯдакӣ муҳимтр аз ҳама қарор мегирад” (Муҳаммадҳайдари Жубал), “ҷойе, ки Рӯдакӣ бошад, шоирони дигар ба кор наоянд” (Муқаддимаи Девони Рӯдакӣ, Теҳрон, 1315/1898м) ва ғ. ва ҳ.к.

   Ҳақ ба ҷониби рӯдакишиноси номии тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев аст, ки навишта буд: “Масъалаи аввалин шоир будан ва ё нахустин мартаба девони ашъори худро мураттаб намудан ҳанӯз бузургии намояндаи таърихии назмро таъин карда наметавонад, балки бузургии намояндаи назм, ба фикри мо, пеш аз ҳама, дар ин ҷост, ки ӯ сухани манзуми халқи худро чи аз ҷиҳати талаботи ғоявӣ ва чи аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ назар ба гузашта ҳаматарафа тараққӣ дода, ҳатто онро қобили қабул ва мавриди таҳсини дигарон мегардонад, роҳҳои инкишофи минбаъдаи вайро таъин намуда, намояндагони ояндаи назмро аз паси худ, агар ба таъбири муаллифи “Хизонаи омира” гӯем, ҳамчун “корвонсолор” бурда метавонад”.   Бо дарназардошти гуфтаҳои мазкур ва ҳам ҷанбаҳои дигари муайян намудани ҷойгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ ва ҷаҳон сабабҳои асосии шуҳрати фавқулода ва баназири шоир дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ ва олами адаби муосири ҷаҳон ва эътирофи ӯ аз тарафи бузургтарин ва номитарин шоирони форсигӯйи гузашта ва муосир ба қарори зайл мебошанд:
   1. Пеш аз ӯ касоне буданд, ки ба забони форсӣ шеър мегуфтанд, мисли Абӯҳафси Суғдӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад бинни Васиф ас-Сиҷзӣ (Сагзӣ), Бассоми Курди Хориҷӣ, Муҳаммад бинни Мухаллад ас-Сиҷзӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравии ас-Сиҷзӣ (Сагзӣ), Фирӯзи Машриқӣ, Абӯсулайки Гургонӣ, Масъуди Марвазӣ ва дигарон, ки баъзе аз онҳо, аз қабили Ҳанзалаи Бодғисӣ мегӯянд, ки соҳибдевон ҳам будаанд. Аммо ҳеч яке аз онҳо шеъри форсиро ба дараҷаи Рӯдакӣ дар ҳадди камолу ҷамол нагуфта буд. Ба ин маънӣ Бадеъуззамон Фурӯзонфар дуруст гуфтааст, ки ӯ “аввалин кас нест, ки ба форсӣ шеър суруда, вале нахустин шоир аст, ки шеърҳои пухта бисёр гуфта ва шеъри форсӣ ба тавассути ӯ камол ёфта”.  Ва Дабири Сиёқӣ ин гуфтаро такрор намудааст: “Рӯдакӣ нахустин сухансарои форсӣ нест, аммо нахустин ва бузургтарин порсигӯй аст, ки шеърҳои пухта бисёр гуфта ва шеъри форсиро камол бахшидааст”. 
   2. Рӯдакӣ на танҳо ба марҳалаи комилан нави рушди адабиёти форсии тоҷикӣ дар асри Х бунёд ниҳод, балки суннатҳои адабии адабиёти қадимии моро, ки ба забонҳои форсии қадим ва миёна эҷод шуда буданд ва ба воситаи тарҷума ба забони арабӣ ва офаридани асарҳои тоза дар он забон зинда нигоҳ дошта мешуданд, эҳё кард ва идома дод.
   3. Низоми комили навъҳои шеърӣ – қасида, маснавӣ, рубоӣ, қитъа, ғазал ва мавзӯъҳои онҳо, вазн, қофия ва санъатҳои бедеъӣ дар шеъри форсии тоҷикиро ба вуҷуд овард.  Ҳерман Эте дуруст мегӯяд, ки “бо зуҳури Рӯдакӣ...аз партави вуҷуди ин шоир аст, ки шеъри форсӣ рӯ ба раҳоӣ аз асорат мениҳад ва ба тадриҷ худ масири мустақиле пеш мегирад ва назми форсӣ усул ва қавоиди устуворе мепазирад ва нақш ва шахсият мегирад”.  Зимнан, “раҳоӣ аз асорати” Араб ҳаргиз маънои онро надорад, ки Аҷам дар адабиёт, хосса шеър ҳамаро – қолибҳои шеърӣ, мавзӯъ ва мазмунҳоро, вазн, қофия, санъатҳои бадеъиро аз Араб гирифта буду Рӯдакӣ шеъри форсиро ба онҳо мутобиқ гардонд. Онҳое, ки, чи дар гузашта ва чи имрӯз, чунин ақида доранд, иштибоҳи бузурге мекунанд. Зеро шеъри форсии тоҷикӣ дар асрҳои 1Х-Х, пеш аз ҳама, дар заминаи суннатҳои адабиёти қадима ва адабиёти мардумии қавмҳои эронинажод эҳё гардид ва рушд кард. Чӣ тавр мешавад, ки гузаштагони мо бунёдгузори адабиёти китобии араб бошанду ҳама чизро аз Араб гирифта бошанд. Ба зоҳири падидаҳои адабӣ набояд фирефта шуд. Истилоҳҳои “рубоӣ”, “маснавӣ” ва ғ. арабист, вале ба ҳамагон маълум аст, ки ин навъҳои шеърӣ сирф моли Аҷам аст ва дар Араб дар гузашта вуҷуд надошт. Замоне, ки Аҷам дар илми балоғат китобҳое мисли китоби Корванд дошт , арабҳо ҳанӯз намедонистанд, ки илми балоғат чӣ илм аст ва ғ.
   4.  Рӯдакӣ дар эҷоду ташаккули навъҳои шеър низ  саҳми бузург гузоштааст. Аввалин намунаҳои барҷастаи ғазал, ки баъдан Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҳофиз  ба дараҷаи камол расонданд, рубоии фалафиро, ки тавасути Умари Хайём шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда,  ба адабиёти халқҳои гуногуни Шарқу Ғарб ворид шудааст, қасидаву маснавиҳои ахлоқӣ, ки Фирдавсӣ, Анварӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли инҳо рушду тавсиа доданд ва навъҳои дигари шеър маҳз дар миёни осори боқимондаи  Рӯдакӣ ба назар мерасанд.

   5. Рӯдакӣ на танҳо ба адабиёти бузурги форсии тоҷикӣ асос гузошта буд, балки ифтихори оғозгари баёни назариёти адабии  он дар шеър ҳам доро мебошад. Ӯ дар назариёти адабии хеш чанд масъалаҳои усулии назарӣ ва амалии шеъру шоириро ба миён гузоштааст ва ҳал намудааст, ки баъдан заминаи боэътимод ва устуворе барои рушди назариёти адабӣ ва зебошинохтии минбаъдаи форсии тоҷикӣ гардидаанд.
   6. Рӯдакӣ “мухтариъи тарз ва атвор” (Волаи Доғистонӣ) дар шеъри форсии тоҷикӣ аст, ки он бо номи “шеъри рӯдакивор” шуҳрат дорад ва асоси сабки адабии сабки хуросонӣ гардидааст.  Муаллиф на танҳо дар амалия намунаҳои олии чунин шеъри нағзро офаридааст, балки назариёти онро низ кашф намудааст. Бузургтарин ва номитарин шоирони форсигӯй дар ин сабк шеър гуфтанро қадр ва пайравӣ карданро барои худ ифтихор мешумориданд, аз қабили Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Кисоӣ, Маъруфии Балхӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Азрақӣ, Рашидии Самарқандӣ, Ғазоирӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Мӯиззӣ, Носири Хусрав, Масъуди Саъди Салмон, Сӯзании Самарқандӣ, Хоқонии Шервонӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон.
   Е.Э.Бертелс, Забеҳуллоҳ Сафо ва Аҳмад Абдуллоев бар он ақидаанд, ки анъанаи Рӯдакӣ ва мактаби шеъри ӯ дар адабиёти нимаи аввали асри Х1 таъсири комилан равшан дорад, махсусан дар эҷодиёти Унсурӣ, Фаррухӣ, Ғазоирӣ ва Манучеҳрӣ.  Абдулғанӣ Мирзоев пас аз таҳқиқи ҳаматарафаи сайри таърихии ғазал дар асрҳои Х ва ХУ ба хулосае омадааст, ки “дар асрҳои Х111 ва Х1У низ “ибораҳои шеърӣ ва тарзи баёни Рӯдакӣ ҳамоно аз истеъмол намебароянд”.  Мунаққиди номии тоҷик Абдухолиқи Набавӣ шаҳодат медиҳад, ки “шеъри рӯдакивор ... дар ибтидои асри ХХ дар наҳзати  ҷадидия боз ба хотир омад ва аз қасидаи мазкур ёд шуд, балки сабки ӯ чун услуби писандида эътироф карда шуд”. 
   Суннатҳои  устувори  адабие,  ки  Рӯдакӣ  ба  вуҷуд  овард,  раванди  умумии  адабиёти форсии  тоҷикиро  муайян  намуда,  то  имрӯз  дар  адабиёти  мардумони  форсизабон  ва  кишварҳои  дигар  идома  доранд.
   7. Хидмати Рӯдакӣ дар такомули  забони  форсии тоҷикӣ низ  хеле бузург аст. Маҳз  Рӯдакӣ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфт ва дар тӯли беш аз ҳазор сол хеле кам тағйир пйдо карда, боиси мондагории он гардид ва  на танҳо ба мардумони Эрон, Тоҷикистон,  Афғонистон ва дигар форсигўён хидмат мекунад, балки  чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб  ва фарҳанги  аҳли Осиёи Марказиву Қафқоз, Осиёи Хурду Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири калон гузоштааст. Ашъори Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят содаву равон офарида шудааст, ки ба ҳар хонандаи форсизабон фаҳмост ва он ҳарчанд дар назари аввал хеле сода аст, вале эҷоди чунин шеър кори хеле мушки ласт. Аз ин ҷост, ки сабки ашъори ӯро «саҳли мумтанеъ» номидаанд.

   8.  Як нишонаи асосии эътирофи ин ё он адиб дар адабиёти форсии тоҷикӣ суннати тазмин, истиқбол кардан ва ҷавобия гуфтан ба осори он шоир ва ё нависанда ба шумор меравад. Ба шеърҳои ҷудогонаи Рӯдакӣ сар аз замонаи шоир то ба рӯзгори мо бузургтарин ва маъруфтарин шоирони форсигӯй тазмин бастаанд, аз он ҷумла Маъруфии Балхӣ, Башори Марғазӣ, Хусравонӣ, Фаррухии Систонӣ, Манучеҳрӣ, Мӯиззии Самарқандӣ, Ғазоирии Розӣ, Усмон Мухторӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Мӯиззии Нишобурӣ, Носири Хусрав, Саноии Ғазнавӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Хоқонии Шервонӣ, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Бедил, Лутфалибеки Озар, Шиблии Нуъмонӣ, Ғуломҳусейнхони Ҳайрат, Маликушшуаро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Шаҳриёр, Шафеъии Кадканӣ ва дигарон. “Дар қаламрави собиқи забони дарии форсӣ..., - навиштааст Абдулғанӣ Мирзоев, - тақрибан мамлакатеро пайдо карда наметавонем, ки аз шоирони номии он ҷо шоири забардасте дар пайравӣ аз ин шеъри устоди сухан (қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”- А.С.) табъозмоӣ накарда бошад” ва аз шоироне монанди Мир Ғуломалӣ Моил Татавӣ (1768-1836), Саид Обидшоҳи Таъсир (1888-1949), Заваралихони Зафартахаллус (1870-1956), Саид Ансори Ништари Лоҳурӣ (1894-1956) ном бурдааст. Танҳо ба қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён” қариб сад шоири пешина ва кунунӣ ҷавоб гуфтаанд. Вале ба эътирофи худи тазминкунандагон ва тасдиқи рӯдакишиносон, бидуни муҳобот, ҳеч яке бо устоди Панҷрӯдӣ баробар нашудааст. Муҳаммад Муин, ки  дар замина мақолаи махсус навиштааст, ба натиҷае расидааст, ки “ҳеч яке аз ин қасидаҳо мисли қасидаи Рӯдакӣ мавриди писанди мардум қарор нагирифтаанд”. 
   9. Навъи дигари баҳрагирӣ аз гузаштагон, ки дар назариёти адабии асрҳои миёна истилоҳи мушаххасе надошт (сирқоти адабӣ чизи дигар аст), истифода аз маъниву мазмун ва тарзи баён ва тасвирҳои шоиронаи шеъри Рӯдакӣ аз тарафи шоирони баъдина мебошад. Рӯдакишиносон дар натиҷаи таҳқиқ муқаррар намудаанд, ки  аз маъниву мазмун ва тарзи баён ва тасвирҳои шоиронаи падари шеъри форсӣ, шоироне мисли Фирдавсӣ, Кисоӣ, Абӯшакури Балхӣ, Робиа, Рашиди Ватвот, Абӯсаиди Абулхайр, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манусли пешинчеҳрӣ, Азрақӣ, Ғазоирӣ,   Абӯтоҳири Хусравонӣ, Мӯиззии Нишобурӣ, Қатрони Табрезӣ, Заҳири Форёбӣ, Масъуди Саъди Салмон, Саноӣ, Аттор, Авҳадии Мароғӣ, Ибни Ямин, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно Ҷаллолиддини Балхӣ, Хоҷӯи Кирмонӣ, Мирзо Абдулқодир ва дигарон фаровон истифода кардаанд. Муҳаққиқи муосири эронӣ Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ дар замина навиштааст, ки “ҳеч шоире ба андозаи Ҳофиз аз Рӯдакӣ таассур ва баҳра набурдааст”. 
   10. Маснавиҳои ахлоқии Рӯдакӣ “Калилаву Димна” ва “Синдбоднома” дар баробари  шеърҳои дигари ӯ аз асарҳои асосии шоир ба шумор рафта, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки адабиёти Замони бостон ва Садаи миёнаи форсии тоҷикӣ бо адабиёт ва фарҳанги Бостон ва Садаи миёнаи ҳиндӣ робитаи наздики босамар доштанд. Гузашта аз ин адабиёти Ҳиндустон ва адабиёти форсии тоҷикӣ бо доштани сарчашмаҳои ягона дар даврони қадим – решаҳои ҳинду аврупоӣ ҳеч гоҳ раванди додугирифт ва таъсирпазирӣ аз ҳамдигарро қатъ накарда буданд.
   Дар  осори  Рӯдакӣ имтизоҷи суннатҳои  фарҳангии Эрони бостон,  тамаддуни  исломӣ,  фарҳангҳои  Ҳинду  Юнон  ва  Рими қадим сурат  гирифтааст, ки  самараи  гуфтугўи  тамаддунҳо дар  даврони Сомониён  мебошад.

   11. Арзиши фавқулодаи шеъри Рӯдакӣ танҳо дар “лафзи хуш”, ҳунари волои шоирии ӯ, ки “як байт парниён кунад аз санги хора” нест, балки дар маъниву паёмҳои олии инсонии ҳаётдӯстӣ, зебоипарастӣ онҳо, арзишҳои башарии онҳо низ мебошад. Аз тарафи мардуми ғайрифорсизабони дунё пазируфта шудани осори Рӯдакӣ ва шахсияти ӯ, тарҷумаву таҳқиқ шудани онҳо ба забонҳои машҳури олам низ маҳз дар ҳамин пайвастагии ҳунари воло ва паёмҳои олии онҳо мебошад. Бино бар шаҳодати муҳаққиқи робитаҳои адабии тоҷику Олмон Александр Гейзер “аз охири асри Х1Х то имрӯз мақолаҳо дар бораи Рӯдакӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳама гуна таълифоти ҷиддии аврупоӣ оид ба таърихи адабиёти форсӣ ва ҳамаи донишномаҳои илмии марбута мебошад”.   Ғарбиён Рӯдакиро бо бузургони дараҷаи аввали худ, мисли Ҳомер, Чосер ва Шекспир баробар медонанд ва қадр мекунанд. Шоири маъруфи рус Николай Тихонов шеъри Рӯдакиро, ки пас аз 10 аср ҳам садо медиҳад ва зиндааст, “ин муъҷизаи каломи бадеъ!” (“это чудо поэтического слова!)”  номидааст ва дар ҳайрат афтодааст, ки шеъри Рӯдакӣ пас аз ҳазор сол низ таъсири рӯҳиаш мисли пешина боқӣ мондаасту чашмони хонандагони муосирро барқ мезанонаду дилҳояшонро ба ҳаяҷон меорад. 
   Устод Рӯдакӣ дар замонаш ифтихор аз он карда буд, ки шеърашро ҳама ҷаҳон шунид ва ӯ шоири Хуросон буд. Ҷаҳоне, ки шоир мегӯяд, ба мафҳуми ҷаҳони имрӯза нест, ба мафҳуми қаламрави забони форсӣ буд. Аммо имрӯз ба шарофати шеъри нобаш ва “шеъри оламафрӯзаш” (Абдурраҳмони Ҷомӣ)  дар тамоми олам шуҳрат ёфт.







Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб