Мард намирад ба марг...
Ёдбуди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд
Он рӯзи наҳси 9 сентябри соли 2001-ро ба хубӣ дар хотир дорам. Он замон дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекардам. Вазири муҳтарами вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон академик Талбак Назаров бо андӯҳи зиёд аввал аз захмӣ шудани зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва пас аз фурсати кутоҳе аз марги нобаҳангоми ӯ дар чархболе, ки ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, хабар доданд.
Аз тафсилоти шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд баъдан бароям рӯзноманигори русӣ Аркадий Дубнов, ки дар он лаҳзаҳои шум ҳузур дошта ва шоҳиди бевоситаи он будааст, қисса кард ва ҳайратзада аз он буд, ки чӣ тавр масъулони амниятӣ дар тӯли 18 рӯз пай набурданд, ки он ду рӯзноманигори номниҳоди араб дар асл ҳеч ба журналист монанд набуданд ва корашон танҳо аз хобу хӯр иборат буду бас.
Омир соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар ҳушёрӣ ва зиракӣ миёни дӯстон душманонаш ном бароварда буду аз сӯиқасдҳои пай дар пай ва такрор ба такрори дастгоҳҳои иктишофии шӯравиҳо, ҳукумати коммунистии доктор Наҷиб, толибони дохилию хориҷӣ борҳо ҷон ба саломат бурда буд, ин дафъа ба осонӣ ба доми душманон афтид ва шаҳид шуд.
Ба гумонам, чунин сурат гирифтани ин ҳодисаи маргбор ду иллат дошт:
1. Яке он, ки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба одамон, ба лафзу қавли онҳо, назари онҳо, тавсияву маслиҳату машварати онҳо, алалхусус ба онҳое, ки дар сангарҳои мубориза бо ҳам буданд, бовар дошт. Ин ду журналисти қотилро яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ муаррифӣ карда буд.
2. Сониян, тавре ки маълум аст, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ҳечгоҳ аз рӯбарӯ шудан бо душманонаш намеҳаросид ва бисёр шудааст, ки барои гуфтугӯ бо онҳо рафтааст. Замоне буд, ки ҳамаи роҳбарони ҷиҳодӣ ба хотири ҳифзи ҷони худ ва хонаводаашон Афғонистонро тарк гуфтанд, танҳо Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки ҳамеша дар дохили кишвараш боқӣ бимонд ва муборизаашро давом дод. Ба қавли яке аз низомиёни баландрутбаи русӣ ӯ нафаре буд, ки «ҳеч вақт ба амалиётҳои низомӣ аз дур роҳбарӣ намекард». Ва муовини бахши Шарқи Наздики дастгоҳи истихборотии Амрико тасдиқ намудааст, ки он вақт «ҷуз Масъуд дар саҳна касе вуҷуд надошт».
Бино бар ин агарчи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба ин ду журналисти номниҳод то ба охир бовар надошт ва ҳар вақт замони мулоқоташро бо эшон ба таъхир меандохт, боз ҳам ба мулоқоташон дар охир розӣ шуд ва шояд гумон дошт, ки ин ду номардро ҷасорату мардиҳои ӯ ва суҳбати рӯбарӯ ва ошкорояш аз нияти бадашон бозхоҳад дошт. Сад афсӯс, ки чунин нашуд. Душманони номардаш бори дигар номардӣ карданд.
Зимнан, ҳама медонанд, ки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба душманони собиқааш, ба асирон чигуна бархӯрди ҷавонмардонае дошт. Барои мисол бо доктор Ниҷиб, ки ба истилоҳ «душмани савгандхӯрдаи ӯ» буд. Хабарнигори русие бо исми Сердюков аз шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд савол намудааст, ки: «Толибон ӯро эъдом карданд. Шумо марги як душмани савгандхӯрдаи худро чигуна арзёбӣ мекунед?», чунин ҷавоби мардонае додааст, ки танҳо ба ӯ хос буд: «Оре, мо душман будем, вале ҳангоме ки авзоъ ва аҳвол тағйир кард ва қувваҳои Шӯравӣ Афғонистонро тарк карданд, муносибати мо беҳтар шуд. Пеш аз ишғоли Кобул тавассути толибон Наҷибуллоҳ дар мақари намояндагии СММ махфӣ шуда буд. Мо намехостем ба ӯ осеб бирасад ва ман қабл аз тарки Кобул нафари худро назди ӯ фиристодам ва пешниҳод кардам, ки назди ман биёяд ва агар ӯ назди мо меомад, пас аз он ҳар ҷо, ки дилаш мехост, масалан назди ҳамсараш ва наздиконаш ба Ҳинд биравад. Вале даъвати маро напазируфт… Ман ду муҳофизро ба ихтиёри Наҷиб гузоштам, ки он ду муҳофизро низ толибон куштанд…Наҷибуллоҳ умедвор буд, ки чун паштун аст, толибон ба ӯ особе нахоҳанд расонд».
Аз ҳеч нафаре набояд пинҳон бошад, ки марги абармарде мисли Аҳмадшоҳи Масъуд кори хурде нест ва ҷуброннопазире мебошад. Ва албатта, пеш аз ҳама, барои мардуми шариф ва кишвари азизаш Афғонистон. Аммо номи муборак ва корнамоиҳои бемислумонанди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд барои мо, тоҷикони Тоҷикистон ва тамоми шаҳрвандони он низ ноошно ва бегона набуд. На танҳо барои он ки ӯ аз қавми тоҷик буду гузаштагонаш аз Даҳбеди Самарқанд буданд. Ва на танҳо барои он ки ӯ ва профессори шаҳид устод Бурҳониддини Раббонӣ дар солҳои барои кишвари мо душвор ва сахт ба муҳоҷирони тоҷик паноҳ доданд ва дар раванди дарёфти сулҳу оштӣ саҳми муассир ва бевосита доштанд, балки барои он ки шаҳиди зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ному эътибори миллати тоҷикро ҳамчун миллати миллати муборизу сарфароз дубора баланд бардошт ва исбот наамуд, ки тоҷикон ба ҳифзи марзу буми худ қодиранд.
Вале афсӯс, ки ин азизи миллати мо дер омаду зуд рафт, ҳамон тавре ки Яъқубии Панҷшерӣ гуфтааст:
Чун толеъи фархунда дар даҳри шукӯҳ
Дер омада буд, ҳасрато, зуд гузашт.
Марги ба фоҷеаи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бояд барои мо ҳушдор аз он диҳад, ки эҳтиёт кардан ва азиз доштани бузургони худро ёд бигирем ва онҳоро ба осонӣ аз даст надиҳем. Дар робита ба ин Солеҳмуҳаммади Регистонӣ, муаллифи китоби арзишманд ва хондании «Масъуд ва озодӣ» чунин навиштааст: «Аҳмадшоҳи Масъуд дар 9 сентябри соли 2001 мусодиф ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон террор шуд. Шояд ин мутобиқат як амри тасодуфӣ бошад, аммо шаҳодати ӯ барои тоҷикон ин пайёми рамзиро дошт, ки миллати тоҷик бояд «боҳушёрӣ ва эҳтиёт» по гузорад».
Ёди шаҳиди зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд, ин абармарди таърихи дирӯз ва имрӯзи мо гиромӣ бод!
10 сентябри 2015.
PS:
Матни суханронӣ дар Сафорати Афғонистон дар Рӯзи ёдбуди шаҳидон.
Комментарии
Отправить комментарий