Маниёзов Абдуқодир

Абдуқодир Маниёзов аз шогирдони дӯстдоштаи проф. Шарифҷон Ҳусейнзода буданд ва устод аз он кас дар суҳбатҳояшон бо эҳтиром ва ифтихори ошкоро зикр мекарданд.  Дар ғоиб ва ҳозирашон он касро "Абдуқодир" мегуфтанд.  Ва бо ҳамин, ба назарам, ба мо шогирдони дигарашон гуфтанӣ мешуданд, ки мисли он кас шавем. Шодравон Абдуқодир Маниёзов ба камина ҳаққи устодӣ ҳам доранд. Ба мо шогирдони соли аввал аз "Назмшиносӣ" ду-се дарси амалӣ доданд. Ба ёдам мондааст як нуктае, ки он кас таъкид мекарданд: забони форсии тоҷикӣ табиатан барои шеър аст. Далелашон ин буд, ки дар он тақрибан ҳамаи ҷумла, таъбиру ибораву калима мавзун аст. Яке аз мисолҳояшон ин буд: "Ман ба мактаб меравам", ки дар қалаби -у - -/ -у - (фо -и -ло -тун / фо- и- лун) аст. Ёдашон бахайр. Одами хуб ва роҳбари кордоне буданд.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб