Рӯзи Мавлоно
То рӯзгори мо мавлавишиносон, чи дар Шарқу чи дар Ғарб, аз ҷумла чи дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва чи дар Туркия, ғолибан аҳвол, осор ва афкори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро шарҳу тафсир ва таҳқиқ намуда, аз асрори ҳунари шоирии ӯ тақрибан сухане нарондаанд. Ба истиснои донишманди тавонои эронӣ Муҳаммад Шафеъии Кадканӣ дар рисолаи маъруфаш "Мусиқии шеър" (1358/1969) фаслеро зери унвони "Чандовоии мусиқӣ дар манзумаи шамсии ғазалҳои Мавлоно" ба баррасии ин масъала ихтисос дода, ба баҳси илмии бунёдӣ дар ин замина оғоз карда буд.
Аз замони нашри рисолаи мазкур то ҳол зиёда аз 50 сол сипарӣ шудааст, аммо дар ин муддат таълифоти қобили мулоҳизае пайдо нашудааст.
Ба шарҳу тафсири аҳвол, осор ва афкори динӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Мавлоно таваҷӯҳ намудани мавлавишиносон як падидаи комилан табиист. Зеро барои шинохти дурусти шахсият ва фаъолияти эҷодии орифи бузурге чун Мавлоно, пеш аз ҳама, аз аҳвол, осор ва афкори ӯ огоҳ бояд буд.
Кореро, ки мавлавишиносон то имрӯз анҷом додаанд, шоистаи қадрдонист ва он имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои дигари эҷодиёти ин орифи бузург, аз ҷумла ҳунари шоирии ӯ мавриди таҳқиқ қарор бигирад.
Лозим ба таъкид аст, ки шеъри Мавлоно ба шеъри ҳеч яке аз шоирони бузурги пешина ва пасинаамон монанд нест: на ба шеъри устод Рӯдакӣ, на ба Носири Хусрав, на ба Низомӣ, на ба Амир Хусрав ва на ба Саъдию Ҳофизу Камоли Хуҷандию Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ҳатто на ба шоирони сӯфӣ ва сӯфиёни шоире, монанди Саноию Аттор.
Шеъри Мавлоно вижагиҳои танҳо ба худ хоссеро дорад, ки мунҳасир ба фарди шоир мебошад. Ва ин вижагии мунҳасир ба фарди шоир, ба андешаи мо аз поэтика ва эстетикаи хосси шеъраш сарчашма
мегирад ва он аз поэтика ва эстетикае, ки дар шеъри шоирони форсигӯйи то ӯ маълум буд, ба куллӣ фарқ мекунад.
Барои кашфи поэтика ва эстетикаи вижаи шеъри Мавлоно, инсоф он аст, ки бигӯем:баъзе аз мушоҳидаву мулоҳизаҳои мавлавишиносони маъруф, бидуни шак, мусоидат хоҳанд кард. Лекин барои он ки қазияи мазкур, чунон ки бояд, ҳаллу фасл гардад, лозим меояд, ки ба шеъри ӯ бо нигоҳи нав нигарист ва аз василаву равишҳои нави таҳқиқ ба кор гирифт.
Шеъри Мавлоно, алалхусус ғазалиёти ӯ, пайванди ногусастание бо поэтика ва эстетикаи ҳунарҳои мусиқӣ, суруд, тарона ва рақс, ҳамчунин суннати бадеҳасароӣ дорад. Зеро, тавре ки мавлавишиносон муқаррар намудаанд, шоир ғазалҳояшро ғолибан "дар маҷлиси самоъ ва дар ҳоли шӯру нишот" (Сируси Шамисо) ва ваҷд (экстаз) месурудааст. Дар сурати ба эътибор нагирифтани омилҳое, ки зикрашон рафт, гумон аст, ки нафаре дар таҳқиқи ҳунари шоирии Мавлоно тавфиқ биёбад.
Рӯзи Мавлоно бар ҳамагон хуҷаста бод!
Комментарии
Отправить комментарий