Ёди устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

Дурахши зиндагӣ ва марги Саъдахтар

Устоди бузаргвор Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ (рӯҳаш шод бод), бидуни шак ва муҳобот, як хориқаи фавқулода, истисноӣ, беҳамто ва фаромиллӣ буд.
Ӯ ҳамчун инсони шариф бо тамоми тоифаи ҷомеъаи тоҷик – чи олиму чи омӣ, чи рӯҳониву чи деҳқону коргар, чи аҳли ҳунару адаб ва чи хонандаву тамошобин робита дошт. Дар байни онҳо шогирдону пайравон, алоқамандону ихлосмандон, ёру ошноҳояш зиёд буданд. Ҳар нафаре аз онҳо ҳар вақте ки дилаш мехост ва хуш дошт, ғолибан бе огоҳии пешакӣ ё ба коргоҳаш ва ё ба манзилаш меомаданд. Дари коргоҳу манзилаш ба рӯйи ояндагон ҳамеша боз буд мисли дили поку беғашаш. Ва Устоди зиндаёд сарфи назар аз гирифториҳояш ва кору бори зарураш ҳамаи онҳоро бо лутфу меҳрубониҳои танҳо ба худаш хос мепазируфт, ҳамроҳашон суҳбат мекард ва маслиҳату машварат медод. Ман аксарияти онҳоро рӯзи маргаш дар назди манзил ва дар пояи тобути Устод дидам, ки аз дарду алами ҷудоӣ бо дӯстдоштатарин ва наздиктарин касашон ашк мерехтанд.
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ҳамчун донишманд пешкору пешрави насли худ ва наслҳои пас аз худ буда, бо таҳқиқи назму наср ва намоишнома, таърих ва назариёти адабии адабиёти гузашта ва муосир, адабиёти даҳонӣ, забон, фарҳангнигорӣ, истилоҳотшиносӣ, нақди адабӣ, усули таълим, ҷомеъашиносӣ, таърихнигорӣ, бо таълифи китобҳои дарсиву маводи таълимӣ ва ё ба таъбири худаш, кӯмакдарсӣ ва ғ. машғул шудааст ва дар ин заминаҳо корҳои хубу шоистаро ба вуҷуд овардааст. Ӯ марди ҳамадон буд. Махсусан дастовардҳои илмиву адабии ӯ дар се бахш – дар таҳқиқи насри муосири тоҷикӣ, мушкилоти кунунии забони форсии тоҷикӣ ва баррасии масъалаҳои худшиносии миллӣ назаррас мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки муҳимтарин ҷустуҷӯйҳо ва таҳқиқоте, ки дар заминаҳои зикршуда аз оғоз то ба имрӯз ба анҷом расидаанд, ё бо иштирок ва ҳамкории ӯ, ё бо маслиҳату машварати ӯ, ё бо ибтикори ӯ ва ё бо роҳбарии бевоситаи ӯ ба вуҷуд омадаанд.
Китобҳои маълуму машҳури ӯ, монанди “Хусусиятҳои ғоявию бадеъии “Ёддоштҳо”- устод Садриддин Айнӣ” (1966), “Таърихи адабиёти советии тоҷик (насри солҳои 1945-1974)” (1980), “Хуросон аст ин ҷо” (1996), “Ҳар сухан ҷойеву ҳар нукта мақоме дорад” (1965), “Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист” (2003), “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист” (2006), “Садри Бухоро” (2005), “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ” (1997) ва ғ. ҳар як дар илми муосир саҳифаи тозае мебошанд ва дар берун аз Тоҷикистон ба хушӣ пазируфта шудаанд ва тарҷума ва нашр гардидаанд.
Устоди зиндаёд қобилияти фавқулодаи эҳсоси саривақтии талаботи аслии давр ва завқи бадеъии аҳли онро доштанд ва он имтиёзи бузурги эшон буд, ки насиби ҳар кас нахоҳад гашт, барои он бояд мисли ӯ назари тоза ва фикри ҷавону ҳамешабедор дошт. Барои ман ғайри чашмдошт набуд, ки дар солҳои 80-90-уми асри гузашта аз миёни аҳли илму адаби тоҷик маҳз академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ аввалтар аз ҳама зарурати назари тоза, биниши навро ба адабиёти кунунии тоҷикӣ ва ҷустани консепсияи нави таърихи адабиёт дар даврони шӯравиро ба миён гузошт ва талқин кард, ки барои муайян намудани моҳияти аслии муҳимтарин лаҳзаҳои он “фаҳми мо дар бисёр мавридҳо ба куллӣ дигар шавад”.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб