Абдуллоҷон Исҳоқов
Донишҷӯи соли сеюми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будам. Бо пешниҳоди дӯсти донишгоҳиам Абдусаттор Мухторов, ки дар факултаи таърих таҳсил мекард, тобистонро дар ҷамъи бостоншиносони маъруфи тоҷик Нӯъмон Неъматов, Уктам Пӯлодов, Саидҷон Марофиев, Абдуллоҷон Исҳоқов аввал дар ҳарфиёти Шаҳристон ва баъд дар Дашти Ашт гузарондам. Бо раҳматӣ Абдуллоҷон Исҳоқов ҳамон вақт шинос шудам ва дӯстиву ҳамкориамон оғоз гардид. Ростӣ гап то вақт бостоншиносон ва бостошиносиро ҷиддӣ намегирифтам. Гумон мекардам, ки ҳамаи гуфтаву кардаву навиштаҳояшон тахминӣ аст. Аммо пас аз он ки шоҳиди бевоситаи кори онҳо, аз ҷумла Абдуллоҷон Исҳоқов гардидам ва дидам, ки то чӣ андоза ҳар ваҷаб замини ҳафриётро бо ҷиддият ва мамъулияти тамом таҳқиқ менамоянд, тасаввурам дигар шуд ва яке аз мухлисону муридони онҳо гаштам. Натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи Абдуллоҷон Исҳоқов ва ёронашон буд, мо таърихи 5500 соламонро дар Саразм кашф кардем ва бо он ифтихор мекунем. Ёд бостоншиноси бузурги тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов гиромӣ бод.
Комментарии
Отправить комментарий