Сообщения

Фарзонаи ягона

Фарзонаи якдона Фалак, фарзонагонро куштанат чист? Ҳама якдонагонро куштанат чист?                                                  Лоиқ Раҳматӣ Абдулманнони Насруддин (исми шарифашро солҳои охир чунин менавишт – А.С.) дар синну сол аз камина хеле хурд буд. Аммо ман аз рӯи иродат ва ихлоси тамоме, ки ба шахсияти истисноияш  доштам, ӯро «устод» мегуфтам.  Зиндаёд ба ҳеч кадоми ҳампешагони ҳамдаврони мо монанд набуд, аз ҳамаи онҳо фарқ мекард. Фарди фавқулода фурӯтану ботамкин, хушодобу хушмуошират, бомаърифату хирадманд, покдилу покизаниҳод, содиқу наҷиб  ва ботақво буд. Ӯ бо ишқу алоқаи беназире, ки ба адабиёту фарҳанги бузурги форсии тоҷикӣ, Қуръони карим ва суннати пайғамбари ислом дошт, зиндагӣ ва эҷод мекард.  Ман дар симои ӯ чеҳраи воқеъии зиёиёни суннатии тоҷикро медидам. Вай, дарвоқеъ, суннатҳои асили миллии моро дар муҳити таълимӣ ва илмии донишгоҳӣ бо рафтор, гуфтор ва кирдораш зинда гардонда буд.  Се сол пеш вақте ки ману ӯ дар қатори 7 нафари дигар дар интихоботи навбатии аъ...

Ҷойгоҳи устод Айнӣ

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Вақте ки соли 1958 бори нахуст ба Душанбе омада будам, аз марги устод Айнӣ чаҳор сол гузашта буд. Дар арафаи имтиҳонҳои қабул ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба зиёрати хокдони муқаддасашон, ки он вақт дар гӯшаи тарафи рости Боғи истироҳатии ба номи Ленин (ҳоло Боғи устод Рӯдакӣ) буд, рафтам. Ҳоло аз марги устод 66 сол сипарӣ шудааст, аммо ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеаи тоҷик ва дар миёни тоҷикон воло аст ва ҳамин тавр хоҳад монд. Ҷойгоҳи устод Айнӣ дар ҷомеаи тоҷик Дар таърихи бисёрҳазорсолаи илму адабу фарҳанги мо мардони бисёрфан (энсиклопедист) кам набуданд, монанди Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмад Махдуми Дониш ва дигарон. Устод Садриддин Айнӣ ин суннатро дар даврони нави таърихӣ идома дод. Ӯ на танҳо нависанда, балки шоир, олими адабиётшинос, забоншинос, мусиқишинос ва таърихнигор, маърифатпарвар, мунаққид, рӯзноманигор, хитобанавис (публитист), луғатн...

Форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ

14 феврали 2020 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ бо иштироки  забоншиносон ва адабиётшиносони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Динишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Энсиклопедияи миллии тоҷик ва алоқамандон  маҷлиси баҳс дар бораи истилоҳҳои “форсӣ”, “дарӣ” ва “тоҷикӣ” баргузор гардида буд. Дар он  гузориши илмии мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институт  профессор Абдунабӣ Сатторзода баҳонаи баҳс шуд, ки матни он пешкаш мешавад. Форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ  Баҳси номи забонамон чист ва забони адабиётамон кадом аст: форсист, дарӣ ва ё тоҷикӣ? баҳси нав нест, куҳна аст. Марҳалаи нави ин баҳс ба оғози даҳаи дувуми асри ХХ1 рост омад ва то имрӯз давом дорад. Вале он, мутаассифона, бе натиҷа мебошад. Хусусан, пас аз он ки сомонаӣ ва фейсбукӣ шуд, печидатар гардид. Агар ба таъбири устод Айнӣ бигӯем, дар ин баҳс «варсоқихонӣ ва суханҳои ҳавоякӣ», мулоҳизарониҳои «подарҳавои ночаспон»  зиёд шуданд. Шояд ба ҳамин сабаб Прези...

Андешаҳо дар арафаи Рӯзи ваҳдат

Пас аз чаҳор рӯз, 27 июни 2020 Рӯзи Ваҳдат аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матлабе, ки ба шумо, аҳли сомонаҳои интернетӣ пешниҳод мешавад, соли 2016 дар арафаи ин ҷашни муборак навишта шуда буд ва ба сифати сарсухан ба китоби муаллиф «Арзишҳои Ваҳдати миллӣ» (2016) ба табъ расида буд. Азбаски андешаҳое, ки дар он баён гардидаанд, имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардаанд,зарурат ба нашри такрории он ба вуҷуд омад.  Муаллиф.   Андешаҳо дар остонаи  Рӯзи ваҳдат  Тоҷикистон дар  25 соли даврони мубораки истиқлоли давлатӣ дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо  ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст.  Дар бораи он ки таҷрибаи дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷӯҳи фавқулодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ медод. Дабири кулли вақти СММ ҷаноби Кофе Анан...

Қурбони Аламшоҳ ва Шириншоҳи Шотемур

Қурбони Аламшоҳ, ки имрӯз зодрӯз дорад, нисбат ба бисёре аз рӯзноманигорони тоҷик имтиёз дорад. Ӯ рӯзноманигори муҳаққиқ аст. Ҳар мавзӯъ ва масъаларо аввал таҳқиқ менамояд ва баъд матраҳ менамояд. Хеле солҳо пеш китобашро дар бораи шахсияти сиёсӣ ва фарҳангии сарсупурда ва ватанпарасти  воқеии тоҷик Шириншоҳи Шотемур бароям дода буд, он вақт эҳсосу андешаҳое, ки аз хондани он доштам, дар қолаби шеъргунае манзум карда,  ба нишони эҳтиром ва поси заҳматаш ба ӯ дода будам. Қурбон онро бидуни мувофиқа бо ман, вале бо арзи адаб дар китоби наваш дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳи Шотемур чоп карда буд. Ҳоло ман он шеъргунаро ҳамчун туҳфа ба зодрӯзаш нашр мекунам. Ман гунаҳгорам... ( Эҳдо ба равони поки қурбониёни соли 1937, сарсупурдагони миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ва ёронаш) Ман гунаҳгорам, Ман гунаҳгори гунаҳнокардаам, Ман гунаҳгорам барои он ки тоҷик будаам, Ман гунаҳгорам, ки ёд аз Золу Дастон кардаам, Аз Самарқанду Бухорои шарифам - меҳанам, Аз Ҳироту Балху Сурхонам д...

Афганистан

Недавно в Афганистане было достигнуто политическое соглашение о создании нового правительства между претендентами на пост главы государства этой страны Ашрафом Гани и Абдуллах Абдуллахом. Подобное правительство аналогичным путем было сформировано и в 2014 году – Правительство национального доверия. Как известно, указанное правительство не только не нормализовало общую ситуацию в Афганистане, но и сделало еще более сложной и опасной. Мы уверены, что такую участь ждет и нового правительства. Об основных причинах указанного явления идет речь в аналитику, которую была написана 2 марта 2015 года по горячим следам президентских выборов в Афганистане в 2014 году.    Абдунаби Сатторзода, профессор     28 мая 2020г.       Внутренняя обстановка в Афганистане и перспективы ее развития  Процесс президентских выборов в Афганистане и подсчет голосов избирателей с большим опозданием и серьезными нарушениями еще раз убедительно и неоспоримо доказали, что  основным вопросом в так назыв...

Табрикӣ аз роҳи дур

Ният доштам, ки дар ин рӯзҳо яке аз қарзҳое, ки аз бародари бузугворам, ҳамдаврони донишгоҳиам, дӯсти қадрдонам Бахтиёр Муртазоев, ки 52 сол боз ӯро мешиносам ва солиёни дароз дар рӯзҳои шодиву ғам бо ҳамем, дар арафаи ҷашни мубораки 80-солагиаш адо намоям. Вале сад афсӯс, ки даврони наҳси куруноӣ маро ба як гӯшаи кишвар оварду ӯро дар кунҷи дигаре монд. Ин балои вогир на танҳо мо дӯстонро дар фосила нигаҳ медораду хонабанду назарбанд кард, балки ба нақшаҳоямон низ "дахолат" намуд. Мехостам бо истифода аз фурсати муносиби ҷашн андешаҳоямро баён намоям: дар бораи шахсият ва эҷодиёти рӯзноманигор ва хитобанависи (публитисти) номии тоҷик, барадаи Ҷоизаҳои ба номи устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ Бахтиёр Муртазоев, дар бораи китобу маҷмуаҳои арзишмандаш, аз ҷумла қиссаи "Нақби Истиқлол", тарҷумаҳои нотакрораш, монанди "Роҳи каҳкашон"-и Чингиз Айтматов, "Садбарги заррин"-и Константин Паустовский ва тозакориҳое, ки ӯ дар онҳо намудааст, дар бораи даврони донишҷӯ...