Табрикӣ аз роҳи дур
Ният доштам, ки дар ин рӯзҳо яке аз қарзҳое, ки аз бародари бузугворам, ҳамдаврони донишгоҳиам, дӯсти қадрдонам Бахтиёр Муртазоев, ки 52 сол боз ӯро мешиносам ва солиёни дароз дар рӯзҳои шодиву ғам бо ҳамем, дар арафаи ҷашни мубораки 80-солагиаш адо намоям. Вале сад афсӯс, ки даврони наҳси куруноӣ маро ба як гӯшаи кишвар оварду ӯро дар кунҷи дигаре монд. Ин балои вогир на танҳо мо дӯстонро дар фосила нигаҳ медораду хонабанду назарбанд кард, балки ба нақшаҳоямон низ "дахолат" намуд.
Мехостам бо истифода аз фурсати муносиби ҷашн андешаҳоямро баён намоям: дар бораи шахсият ва эҷодиёти рӯзноманигор ва хитобанависи (публитисти) номии тоҷик, барадаи Ҷоизаҳои ба номи устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ Бахтиёр Муртазоев, дар бораи китобу маҷмуаҳои арзишмандаш, аз ҷумла қиссаи "Нақби Истиқлол", тарҷумаҳои нотакрораш, монанди "Роҳи каҳкашон"-и Чингиз Айтматов, "Садбарги заррин"-и Константин Паустовский ва тозакориҳое, ки ӯ дар онҳо намудааст, дар бораи даврони донишҷӯиямон, лаҳзаҳои омодагиамон ба имтиҳонҳо, сафарҳои фаромӯшношудание, ки ба зодгоҳаш, Қубодиён, Хармайдони (Ишакмайдони) Бешканд, Чилучорчашма, дидор бо падару модари меҳрубонаш, базме, ки дар манзили дӯсти шарикиамон зиндаёд проф. Раҳими Мусулмониён доштем ва дигару дигар...
Ҳоло аз дур, аз Панҷекат, ки ӯ онро борҳо зиёрат кардааст, дар рӯзи ҷашнаш муборакбод мегӯям ва дӯои саломатиашро менамоям.
Ба умеди дидор дар рӯзҳои нек бо иродат ва ихлоси тамом
Бӯнабӣ.
Комментарии
Отправить комментарий