Андешаҳо дар арафаи Рӯзи ваҳдат
Пас аз чаҳор рӯз, 27 июни 2020 Рӯзи Ваҳдат аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матлабе, ки ба шумо, аҳли сомонаҳои интернетӣ пешниҳод мешавад, соли 2016 дар арафаи ин ҷашни муборак навишта шуда буд ва ба сифати сарсухан ба китоби муаллиф «Арзишҳои Ваҳдати миллӣ» (2016) ба табъ расида буд. Азбаски андешаҳое, ки дар он баён гардидаанд, имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардаанд,зарурат ба нашри такрории он ба вуҷуд омад.
Муаллиф.
Андешаҳо дар остонаи Рӯзи ваҳдат
Тоҷикистон дар 25 соли даврони мубораки истиқлоли давлатӣ дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст.
Дар бораи он ки таҷрибаи дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷӯҳи фавқулодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ медод. Дабири кулли вақти СММ ҷаноби Кофе Анан, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».
Сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиётҳои бобарори сулҳофаринии СММ ба шумор меравад. Муқовимат дар кишвари мо дар кӯтоҳтарин муддат дар сеюним сол ё 1171 рӯз ба сулҳу оштӣ расид. Ҳол он ки низоъҳои дигар, аз қабили низоъҳои арабҳову исроилиён, арабҳову фаластиниҳо, инглисиҳову ирландиҳо, арманҳову озариҳо, покистониҳову ҳиндиҳо ва ғ. солҳои сол идома доранд ва аз ҳаллашон дараке нест.
Сабаби аслии барори фаъолияти сулҳофаринии СММ дар Тоҷикистон, ба назари ман, дар он буд, ки талошҳои сулҳхоҳонаи саривақтии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба манфиатҳои миллии худи тоҷикон ва кишварҳои манфиатдори қазияи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Русия ва Эрон, созгор омад. Идомаи муқовимати мусаллаҳона на танҳо ба манфиати тарафҳои даргири тоҷик набуд, балки ба манфиатҳои геополитикии Русия, Эрон ва кишварҳои минтақа низ рост намеомад.
Муқовимати сиёсию низомие, ки 5 майи соли 1992 дар байни нерӯҳои сиёсӣ ва маҳаллии онвақтаи ҷумҳурӣ оғоз гардид, пасон, ба «ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ» табдил ёфт. Бо сипарӣ шудани се соли муборизаи шадиди мусаллаҳона, расонидани хисороти ҳангуфти ҷонию молӣ, бе хонаю бе ҷою макон гардидани садҳо ҳазор шаҳрвандони мамалакат тарафҳои даргири тоҷик ба натиҷае омаданд, ки бо идомаи он хавфи аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва халалдор шудани тамомияти арзии он бештар мегардад. Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2004 дар арафаи ҷашни Рӯзи ваҳдат аз мавҷуд будани нақшаи ба се бахш тақсим кардани хоки Тоҷикистон – Ҷумҳурии Бадахшон, ба ном минтақаи озоди Хуҷанд ва қисмати ҷануби Тоҷикистон дар он солҳо дарак дода буд. Дар чунин вазъияти ҳассос маҳз дарки зарурати ҳифзи якпорчагӣ, тамомияти арзӣ ва давлатдориву давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз тарафи ҷонибҳои сулҳи тоҷикон ва аксарияти кулли мардум кишвари моро аз порашавӣ, миллатро аз беватанию бедавлатӣ, аз беномунишонию бандагӣ раҳонид.
Зарурати дарки манфиатҳои миллӣ он вақт бар ҳамаи хоставу ғаразҳои гурӯҳию мазҳабӣ, маҳаллию қавмӣ, мансабталошию молу сарватҷӯиҳо бартарӣ ёфта буд, онҳоро фурӯ нишонда, пахш карда буд. Натиҷаи ҳамин боло гирифтани дарки ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи тоҷик ва мавридшиносии фавқулода буд, ки мо ба шарофати онҳо ба дарёфти оштии миллӣ ва сулҳу салоҳ, ризоият, оромиву осудагӣ мушарраф гардида, ба озодии баён ва эътиқод, чандандешӣ, низоми бисёрҳизбӣ, таъсиси ниҳодҳои демократӣ ва шаҳрвандӣ рӯ овардем.
Аз зарурати сулҳу оштӣ ва музокирот сухан оғоз кардан он вақт ҳанӯз маънои онро надошт, ки ҷонибҳо ба пуррагӣ аз он ҳимоят менамуданд. Фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар он солҳо дар Тоҷикистон чунон сохта буданд, ки касе агар аз сулҳу салоҳ сухан оғоз мекард, ё хоин эълон мешуд ва ё кушта мегардид. Дар майдонҳои гирдиҳамоӣ гӯши шунаво ва дидаи биное намонда буд. Ҳама ташнаи муқовимат ва ҷанги тан ба тан буданд. Ва лоф аз нерӯву лашкари сафдари хеш зада, дар кӯчаву хиёбонҳо намоишкорӣ мекарданд ва ошкоро ба ҳамлаву задухӯрдҳои рӯёрӯӣ омодагӣ мегирифтанд. Равшан буд, ки дар он рӯзҳо нерӯҳои сулҳхоҳ дар муқобили тарафдорони муқовимат ва задухӯрд хеле заиф буданд.
Дар ҳар ду тараф касоне, ки муқобили сулҳу оштӣ ва музокирот буданд, кам набуданд, чи дар байни низомиён ва чи сиёсиҳо. Танҳо роҳбарони сиёсии тарафҳои дохили қазия пештар аз ҳама чунин заруратро дарк карда буданд ва ба музокирот омода буданд. Он вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиони Тоҷикистон (ИНОТ) ба хулосае омада буданд, ки «тоҷикон худашон бояд ҳамаи масъалаҳои марбут ба Тоҷикистонро аз роҳи муколама ва гузаштҳои дутарафа ҳал намоянд». Агарчи ҳам барои Президенти Тоҷикистон ва ҳам барои роҳбари ИНОТ осон набуд, ки тарафдоронашон, махсусан фармондеҳони низомиашонро розӣ ба музокирот ва сулҳ намоянд. Онҳо барои ин вақти зиёд ва заҳмати зиёд сарф карданд. Онҳо барои он ки мақомоти давлатӣ ва мухолифонро ба музокирот ва сулҳу оштӣ розӣ намоянд ва онҳоро ба натиҷаҳои мусбати он бавар кунонанд, ҳар як дар замина корҳои зиёдеро анҷом доданд. Аз ҷумла, бо доираҳои мухталиф, гурӯҳҳои ҷудогонаи давлатӣ ва мухолифон маслиҳату машваратҳо оростанд.
Агар Президенти ҶТ ва раҳбари ИНОТ раванди сулҳро сарварӣ намекарданд ва аз давре ба давре ва аз марҳилае ба марҳилае аз худ масъулият нишон намедоданд, гумон буд, ки Музокироти байни тоҷикон дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба самар мерасид ва сулҳу оштӣ дар кишвари мо барқарор мегардид.
Ман борҳо шоҳиди он будам, ки Музокирот ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ба бунбасте медаромад ва ҳайатҳои музокиракунанда ва аъзои КОМ гумон мекарданд, ки муқовимату мухолифат аз сар гирифта мешавад. Вале хушбахтона, ҳар ду роҳбар саривақт ҳозиру нозир мешуданд ва душвортарин мушкилотро бо як нишаст ҳаллу фасл намуда, тамоми масъулиятро бар дӯши худ мегирифтанд.
Ҳалли саҳмияи 30%, имзои Протоколи сиёсӣ, иҷозаи ҳизбҳои сиёсии бар асоси динӣ ва ғайра масъулияти сангине буд, ки гумон аст, ки касони дигаре онро ба зима мегирифтанд. То ин ки ҷиддӣ будани ин қазия бароятон то андозае равшан шавад, лаҳзае тасаввур намоед, ки агар сулҳи тоҷикон барор намегирифт, чи тӯҳмату маломатҳо ба сари онҳо намерехт ва чи гунаҳҳои сағираю кабирае ба онҳо нисбат дода намешуд. Вақте ки раванди сулҳ барор гирифт, касони зиёде хостанд, ки худро ба он шарик гардонанд. Вале он вақт на ҳама аз Президент ва роҳбари ИНОТ ва тасмими гирифтаҳояшон ҷонибдорӣ мекарданд.
Далели он ки тарафҳои даргири қазияи Тоҷикистонро маҳз дарки зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба сулҳу оштӣ ба Музокирот водор сохта буд, ин аст, ки дар муҳимтарин санадҳое, ки дар ҷараёни Музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд, як нукта гаштаю баргашта таъкид ёфтааст, ки тарафҳо «барои таъмини риояи манфиатҳои олии халқ ва давлати тоҷик азми қатъӣ дошта», «бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузурги худ барои ояндаи халқ ва давлати тоҷик... ба созиш расиданд». «Мо,- гуфта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ИНОТ дар Изҳороти муштараки хеш дар Кобул рӯзи 19 марти соли 1995, - манфиатҳои олии мардуми тоҷик ва мамлакати азияткашидаамонро ба инобат гирифта, ба хотири ноилшавӣ ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ободонию шукуфоии ҳақиқии Ватан... мулоқот доир сохтем».
Рамзист, ки яке аз нахустин санадҳое, ки тарафҳои тоҷикон дар Музкироти сулҳ ба имзо расонданд, Изҳороти якҷояи иштироккунанадагони Музокироти байни тоҷикон «Дар бораи масъалаи ҳифзи маъмунгоҳи «Бешаи палангон» дар таърихи 19 апрели 1994 буд. Ҳанӯз он вақт муқовимати сиёсию низомӣ дар авҷ буда, то сулҳу оштӣ се солу ду соҳи дигар буд. Ин худ шоҳиди равшани он аст, ки миллати тоҷик табиатан ва таърихан ободгар аст, на вайронгар. Он вақт тарафҳои тоҷикӣ ҳанӯз намедонистанд, ки кай сулҳу оштӣ ба даст меояд, аммо ғами онро мехӯрданд, ки як гӯшаи ободу зебои диёрашон хароб нагардад. Ингуна масъулиятро танҳо касоне дарк мекунанд, ки дар баробари ватани худ, халқи худ масъулият доранд.
Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафа ва рафти Музокироти сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, аз ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ ва давлатдории тоҷикон иборат буд. Зеро дар он вақт, дарвоқеъ, хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва тозабунёди Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он, ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона қисмат шудани он таҳдид мекард. Гап-гапи ташкили Ҷумҳурии Бадахшон, кӯшиши танзими Қонуни асосии Бадахшон, бастани роҳҳо ва таркондани пулҳо дар самти шимол, ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Суғд, эълони Ҷумҳурии исломии Ғарм ва ғайра далел бар ин мебошад. Ногуфта намонад, ки ба татбиқи нақшаи мазкур нерӯҳои муайяни дохилӣ ва хориҷӣ манфиатдор буданд ва дар ҳамин роҳ пайгирона фаъолият менамуданд.
***
Вақтҳои охир дар ҷомеаи тоҷик як падидаи нохуше ба мушоҳида мерасад, ки сахт ташвишовар буда, мисоли равшани сарфи назар кардан аз сабақҳои сулҳи тоҷикон мебошад. Ин чиз аз нав ва бо шиддати ҳарчи бештар зуҳӯр намудани ҳодисаи боло гирифтани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ, қавмию маҳаллӣ, фурсатталабию манфиатҷӯӣ, худхоҳию ғаразҳои шахсӣ бар манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ мебошад. Зимнан, фаромӯш набояд кард, ки дар он солҳо тоифаи манфиатҷӯву фурсатталаб ва тамаъкору боғараз, ки, мутаассифона, дар ҳама ҷо ҳастанд, бо истифода аз вазъи ноором ба суди худу бар зарари ба истилоҳ «рақибонашон» хеле сӯъиистифода карда буданд.
Барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳоте, солҳои 90-ум карда будем, роҳ надиҳем, бояд онро ҳаматарафа омӯхт ва дар мактабу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таълим дод. Ба ман гуфтанд, ки соли чаҳорум аст, ки дар факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи мили Тоҷикистон дарси «Сабақҳои сулҳи тоҷикон» таълим дода мешавад. Ин ташаббус шоистаи дастгирист.
То имрӯз дар бораи раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, дар бораи он ки чӣ тавр ва ба кадом тарзу тариқ тарафҳои сулҳи тоҷикон ба сулҳ ва оштию ваҳдат расиданд, мақолаву рисола, маҷмӯаву китобҳо навишта, гузоришҳову суҳбатҳо карда ва мизи гирду конференсияҳое дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Бо ташаббуси баъзе кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ чанд лоиҳаи вижае ба омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастовардҳои он дар ҷомеаи тоҷик ихтисос дода шуданд, монанди тарҳҳои Муколамаи бардавом, Муколамаи минтақаӣ ва Муколамаи миллӣ дар чорчӯби Конфронси Дармут аз тарафи Бунёди Кеттеринг ва Институти байналмилалии Муколамаи устувори ИМА, “Эҷоди роҳҳои сулҳсозӣ дар муколама оид ба ҳамзистӣ ва ҳамфикрии фарҳанг ва тамаддунҳо дар қаламрави САҲА” ё лоиҳаи Арне Зайферт аз тарафи Вазортаи хориҷии Олмон ва Маркази таҳқиқоти САҲА дар Ҳамбург, “Муколамаи диниву дунявӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария ва ғ.
Ин лоиҳаҳо, бидуни шак, ба натиҷаҳои чашмгире ноил гардиданд ва дар доираи онҳо ду-се китоби арзишманде ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ ва англисӣ ба чоп расиданд, ки аз тарафи коршиносон ва донишмандони ватанию хориҷӣ ба хубӣ пазируфта шуданд ва бо ҳамин заминаи мусоиди назарӣ ва амалиро барои то ба ҳар фарди ҷомеаи тоҷик расондани сабақҳо ва дастовардҳои асосии сулҳи тоҷикон фароҳам сохтанд ва аз ин ҷиҳат аҳаммияти фавқулода бузурги илмӣ ва амалӣ доранд.
Бо ин ҳама, эътироф бояд кард, ки корҳое, ки дар ин замина то ба имрӯз ба анҷом расидаанд , на танҳо нокифоя мебошанд, балки воқеъияти раванди мазкурро, ки басо мураккаб ва пурпечутоб аст, чунонки бояд ба пуррагӣ ва дурустӣ, инъикос намекунанд. Дар робита ба китобу тадқиқот, хосса хотироте, ки дар бораи раванди сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон таълиф гардидааанд, мехоҳам як гуфтаи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти муҳтарами ҷумҳуриро дар суханроние, ки дар ҷамъбасти Конфронси байналмилаӣ рӯзи 25 июни 2007 карда буд, иқтибос намоям: “Бисёриҳо китоб менависанд, аммо дурӯғ менависанд. Аз худ қаҳрамон метарошанд. Навиштаҳои холисона даркор аст. Бояд онҳое, ки бевосита шоҳиданд, нависанд”.
Албатта ҳар кас ба ҳодисаву воқеъаҳои он солҳо, ба раванди дарёфти сулҳу оштӣ аз нигоҳи худ, биниши худ ва бардошти худ баҳо медиҳад ва ҳақ ҳам дорад. Вале шарт он аст, ки аз сари инсоф нагузарад, ба бозтоби воқеъияти он солҳо назари якҷониба накунад, ба таҳриф роҳ надиҳад, хулоса дурӯғ нагӯяд. Ман касонеро медонам, ки он солҳо аз эшон ному нишоне набуд на дар ин тараф ва на дар он тараф, вале дар ҷомеа низоъ андохта буданду баъд дар гӯшаҳои наздику дур пинҳон шуда буданд, аммо имрӯз ҷор мезананд, ки гӯё маҳз онҳо ба Тоҷикистон сулҳ овардаанд.
Ҳанӯз ҳам барои ҳаматарафа омӯхтани раванди сулҳи тоҷикон ва сабақҳои омӯзандаи он фурсат ва имконот вуҷуд дорад. Аксари шоҳидони бевосита ва иштироккунандагони он воқеъаҳо ва раванди сулҳу оштии миллӣ, ки имрӯз манбаъи асосӣ ва ягонаи боэътимод мебошанд, ҳастанд. Бо гузаштани ҳар сол ин имконот ва фурсат камтар ва тангтар хоҳад шуд. Бадии кор дар он аст, ки ба истиснои санадҳои расмии Музокирот, ки дар маҷмӯаву китобҳои алоҳида ба чоп расидаанд, дигар тамоми маводи марбут ба он дар дасти шахсони алоҳида аст. На бойгонии Комиссияи муштараки оташбас ва на бойгонии Комиссия оштии миллӣ ва на бойгонии Музокироти сулҳи тоҷикон дар асл вуҷуд дорад. Ҳамаи ин маводи парешон, вале бисёр муҳимро дар як ҷо бояд гирдоварӣ кард ва омӯхт. Вагарна бо мурури замон ин саҳифаи таърихамон низ мисли бисёр саҳифаҳои дигари он номуайян боқӣ хоҳад шуд.
Ба назарам, замони таъсиси Маркази таҳқиқие расидааст, ки ташаббускори гирдоварӣ, таҳқиқу тадқиқ ва табъу нашри ин маводи парешон, вале бисёр арзишманд шаванд, ин кор барои дарки дурусти равандҳои даврони истиқлолият дар кишвар, аз ҷумла раванди сулҳу оштӣ ва таълиму тарғиби он ба шогирдон ва ҷавонони кишвар мусоидат хоҳад кард.
***
Тавре ки дар оғоз таъкид кардам, дар раванди сулҳи тоҷикон омили дохилӣ асосӣ ва муассир буд. Аммо эътироф бояд намуд, ки бе мусоидат ва ёрии бевоситаи СММ, САҲА, кишварҳои кафил ва нозир, давлатҳои аъзои Гурӯҳи тамос – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон, дарёфти сулҳ ва оштӣ имконнопазир буд.
Махсусан нақши СММ ва зерсохторҳои он бағоят бузург буд. Фаъолияти ин созмон ва ниҳодҳои ҷудогонаи он моҳи сентябри 1992 пас аз чор моҳи оғози муқовиматҳои сиёсиву низомӣ дар Тоҷикистон шурӯъ гардида буд.
Аз ин сабаб расо пас аз як рӯзи ба кор шурӯъ намудани Миссияи нозирони СММ дар Тоҷикистон 22 январи 1993 дар Минск сарони ИДМ ва 28 июли ҳамон сол Президенти вақти Федератсияи Русия Б.Н. Елтсин қарореро дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон қабул намуданд.
Дар омода намудани заминаи лозима барои Музокироти сулҳи тоҷикон ва баргузорӣ ва анҷоми муваффақонаи он раҳбарони сиёсӣ ва хадамоти дипломатии Русия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон талошҳои зиёде карданд. Онҳо мизбони ҳайатҳои тоҷикон дар давраҳои ҷудогонаи Музокироти расмӣ, вохӯриҳои машваратии корӣ ё вохӯриҳо дар сатҳи боло, мулоқоти Президенти Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари оппозитсяи собиқ ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар сатҳи олӣ буданд.
Дар раванди сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон саҳми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалие дигар ҳам, аз қабили ИМА, Австрия, кишварҳои исломӣ, Созмони Конфронси исломӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушди исломӣ, Бунёди Оқохон ва ғайра хурд нест.
Бо истифода аз фурсати муносиб дар рӯзи ҷашни 19-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва истиқрори ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик сарнавиштсоз буд, аз шахсиятҳои сиёсӣ ва давлатии хориҷӣ, ки дар раванди дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвари мо саҳми бевосита доштанд, аз қабили Намояндагони вижаи Дабири кулли СММ Исмат Киттани (Ироқ), Ливиу Бота (Руминия), Дарко Шилович (Югославия), Рамиро Пирис Баллон (Уругвай), Герт Меррем (Германия), Ян Кубиш (Чехословакия), Иво Петров ва Владимир Сотиров (Булғория), Раиси ҷумҳури Афғонистон профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва вазири дифои он Аҳмадшоҳи Масъуд, Президенти Русия Б.Н. Елтсин ва раиси Хадамоти разведкаи хориҷии он Е.М. Примаков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Эрон дар Тоҷикистон Шабустарӣ, котиби иҷроия ва мушовири доимии Фиристодагон ва Намояндагони вижаи Дабири кулли СММ дар Музокироти сулҳ Владимир Горяев (Украина), доктор Арне Зайферт (Германия) ва дигарон ёд оварем ва изҳори сипос намоем. Халқи тоҷик ҳаргиз номи онҳо ва хидматашонро дар роҳи сулҳ ва оштӣ фаромӯш нахоҳад кард.
Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Ин марҳала, ки дар низоъшиносӣ бо номи сулҳсозӣ ё эҷоди сулҳ ёд мешавад, аз лиҳози аҳаммият камтар аз марҳалаи сулҳофаринӣ нест, балки бештар мебошад.
Мисли он ки дар марҳалаи аввал дӯстони хориҷӣ дар симои кишварҳои аъзои СММ ва дигар созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ба мо дасти мадад дароз карда буданд, дар марҳалаи дувум низ маҳз онҳо ташаббус нишон доданд ва чанд лоиҳаи вижаеро ба омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастовардҳои он дар ҷомеаи тоҷик ихтисос доданд. Ин тарҳҳо, бидуни шак, заминаи мусоиди назарӣ ва амалиро барои то ба ҳар фарди ҷомеаи тоҷик расондани сабақҳо ва дастовардҳои асосии сулҳи тоҷикон фароҳам сохтанд ва аз ин ҷиҳат аҳаммияти фавқулода бузурги илмӣ ва амалӣ доранд.
Аммо бо таассуф бояд эътироф кард, ки бо ин ҳама ҳанӯз ҳам ҷомеаи тоҷик бо сипарӣ шудани нуздаҳ сол аз натиҷаҳои раванди сулҳ ва сабақҳои он ба андозаи лозима маълумоти саҳеҳ ва дуруст надорад. Ба замми ин дар ин фосилаи замонӣ насле ба воя расид, ки аз асли воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта ва раванди сулҳу оштии миллӣ бехабар аст.
Бисёриҳо бехабар аз онанд, ки дар асл ин муноқишаву низоъ миёни минтақаҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ва мардумии Тоҷикистон, агар дуруст ва мунсифона мулоҳиза шавад, тарҳрезшуда ва таҳмилӣ аз хориҷ буд.
Ҳамватанони мо бехабар аз онанд, ки кишварҳои манфиатхоҳи минтақа ва дуру наздик он солҳо бо сӯистифода аз ноаҳлӣ ва ноиттифоқии мо дар ҳалли масъалаҳоямон ба корҳои дохилии кишварамон ба таври ошкоро ва бе ҳеч истиҳола дахолат менамуданд ва бо дасти худиҳоямон теша ба решаи ваҳдати миллат ва давлату давлатдории миллиамон мезананд. Ин «дӯстони нонии» мо ҳанӯз ҳам аз ниятҳои шуми худ даст накашидаанд ва дар паси дару деворҳои мо гӯш ба қимор истодаанд ва тайёранд, ки бо истифода аз хурдтарин ҳамдигарнофаҳмиҳои мо ба майлу муроди худ истифода намоянд ва чанд боигарии боқимондаамонро низ аз худ намоянд.
Шароити феълӣ аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарасти Тоҷикистон бо исрор тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдате, ки дорем, бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем ва ба камол бирасонем. Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеамон табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамон иҷро намоем, бузургтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдатамон бардоштаем.
27 июн яке аз боарзиштарин ва муқаддастарин идҳои милли мо – Рӯзи ваҳдат ҷашн гирифта мешавад. Рӯзе, ки дар кишвари азизи мо бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар таърихи 27 июни соли 1997 сулҳу сафо, оромиву осудагӣ, оштию ваҳдатро дубора барқарор намуда буд. Ман ин санаи муборакро барои ҳар яки шумо ва дар шахси шумо барои ҳамаи ҳамватанони гиромиамон муборакбод мегӯям ва таманнои онро дорам, ки дар дилу дар сари ҳар яки шумо, азизону наздиконатон, атрофиёнатон, дар муҳиту фазое, ки зиндагӣ ва кор мекунед, ҳамеша ваҳдат, меҳру муҳаббат ва садоқат пирӯз бошад ва ҳаргиз он рӯзҳои шум, рӯзҳои наҳс ва фалокатбору фоҷеаборе, ки бар сари маруми мо замоне омада буд, такрор нашавад.
2016
Комментарии
Отправить комментарий