Қурбони Аламшоҳ ва Шириншоҳи Шотемур
Қурбони Аламшоҳ, ки имрӯз зодрӯз дорад, нисбат ба бисёре аз рӯзноманигорони тоҷик имтиёз дорад. Ӯ рӯзноманигори муҳаққиқ аст. Ҳар мавзӯъ ва масъаларо аввал таҳқиқ менамояд ва баъд матраҳ менамояд. Хеле солҳо пеш китобашро дар бораи шахсияти сиёсӣ ва фарҳангии сарсупурда ва ватанпарасти воқеии тоҷик Шириншоҳи Шотемур бароям дода буд, он вақт эҳсосу андешаҳое, ки аз хондани он доштам, дар қолаби шеъргунае манзум карда, ба нишони эҳтиром ва поси заҳматаш ба ӯ дода будам. Қурбон онро бидуни мувофиқа бо ман, вале бо арзи адаб дар китоби наваш дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳи Шотемур чоп карда буд. Ҳоло ман он шеъргунаро ҳамчун туҳфа ба зодрӯзаш нашр мекунам.
Ман гунаҳгорам...
( Эҳдо ба равони поки қурбониёни соли 1937, сарсупурдагони миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ва ёронаш)
Ман гунаҳгорам,
Ман гунаҳгори гунаҳнокардаам,
Ман гунаҳгорам барои он ки тоҷик будаам,
Ман гунаҳгорам, ки ёд аз Золу Дастон кардаам,
Аз Самарқанду Бухорои шарифам - меҳанам,
Аз Ҳироту Балху Сурхонам диёри куҳанам,
Ман гунаҳ кардам, ки ҷамъ орам диёри пораам,
Тоҷики овораи садпораи бечораам.
Ман гунаҳ кардам, ки лафзи тоҷикиам, модарам
Хориву зорӣ набинад, зинда бошад дар барам...
Ман гунаҳ кардам, ки нури маърифат афрӯхтам,
Пардаи ҷаҳлу ҷаҳолатро зи бехаш сӯхтам...
Ман гунаҳгори гунаҳнокардаам, эй ҳамватан!
Бехабар аз макри даврон бохтам ман ҷону тан.
Гар ту хоҳӣ, рӯҳи ман ором хобад,
Гар ту хоҳӣ, хотири ман шод бошад,
Ман агар кардам гунаҳҳои сағира,
Аз ту мехоҳам гунаҳҳои кабира баҳри фардои Ватан!
Гармчашма,
20- 21августи 2001.

Комментарии
Отправить комментарий