Фарзонаи ягона

Фарзонаи якдона

Фалак, фарзонагонро куштанат чист?
Ҳама якдонагонро куштанат чист?
                                                 Лоиқ

Раҳматӣ Абдулманнони Насруддин (исми шарифашро солҳои охир чунин менавишт – А.С.) дар синну сол аз камина хеле хурд буд. Аммо ман аз рӯи иродат ва ихлоси тамоме, ки ба шахсияти истисноияш  доштам, ӯро «устод» мегуфтам. 
Зиндаёд ба ҳеч кадоми ҳампешагони ҳамдаврони мо монанд набуд, аз ҳамаи онҳо фарқ мекард. Фарди фавқулода фурӯтану ботамкин, хушодобу хушмуошират, бомаърифату хирадманд, покдилу покизаниҳод, содиқу наҷиб  ва ботақво буд. Ӯ бо ишқу алоқаи беназире, ки ба адабиёту фарҳанги бузурги форсии тоҷикӣ, Қуръони карим ва суннати пайғамбари ислом дошт, зиндагӣ ва эҷод мекард.  Ман дар симои ӯ чеҳраи воқеъии зиёиёни суннатии тоҷикро медидам. Вай, дарвоқеъ, суннатҳои асили миллии моро дар муҳити таълимӣ ва илмии донишгоҳӣ бо рафтор, гуфтор ва кирдораш зинда гардонда буд. 
Се сол пеш вақте ки ману ӯ дар қатори 7 нафари дигар дар интихоботи навбатии аъзои Академияи илмҳо иштирок доштем, ду рӯз пештар аз интихобот ба ҷойи корам омад ва изҳор намуд, ки номзадиашро ба хотири ман гирифтанист. Ман фавран гуфтам, ки зинҳор ин корро накунад, зеро намехостам, ки зомини ҳаққу ҳуқуқаш шавам. Ва баъди рафтани ӯ ба андеша рафтам, ки дар байни довталабон касони зиёде буданд, ки бо ман солҳои сол ҳамкору ҳамсабақу ҳамтабақ буданд, гузашта аз ин ба баъзеашон, ба қавле, ҳаққи устодӣ низ доштам, аммо ҳеч яке аз онҳо, ақаллан нугизабонӣ, чунин иқдомеро раво надид, вале як нафаре, ки ҳамагӣ чанд сол пеш бо ҳам аз наздик шинос шудем, аз худ ингуна ҷавонмардӣ ва қадршиносӣ нишон медиҳад. Ман он вақт боз ҳам амиқтар дарк намудам, ки ин одам чӣ дили бузург ва беғашу олоише дорад. Ӯ барои ман дар муҳити имрӯзаи пур аз дурӯғу фиреб, кажию норостӣ, фасод, зиштию пастӣ инсони фариштае буд, ки аз осмони улвӣ ба замин фуромада буд, то онро андаке нуру сафо бахшад ва поктару ҳалолтар созад.   
Шахсиятҳои нотакроре мисли равоншод Абдулманнони Насруддин танҳо метавонистанд дар муҳити маънавию ахлоқии шаҳрҳои суннатие монанди Хуҷанд ба вуҷуд биёянд, парвариш ёбанд,  ба камол бирасанд ва фахри ҳам зодгоҳи худу ҳам тамоми  Тоҷикистон шаванд. Сад афсӯс, ки дар бисёре аз шаҳрҳои имрӯзаи мо чунин муҳити миллӣ ва суннатии солим ба назар намерасад. Шояд яке аз сабабҳои «дар ҳолати бӯҳрони маънавӣ қарор доштани ҷомеаи имрӯзаи тоҷик» (Сӯҳроб Шарифов), ки аз он сиёсатшиносон ва ҷомеашиносони мо нигаронӣ доранд, дар ҳамин бошад.
 Абдулманнони Насруддин, ба тамоми маънӣ, ҳам одами бузург ва ҳам олими бузург буд. Ӯ ифтихори кашфи шарҳноманависиро дар адабиётшиносии муосири тоҷик дошт. Вай  дар миёни адабиётшиносони муосири тоҷик нахустин нафаре буд, ки масъалаи зарурати омӯзиш ва истифода аз шарҳномаҳо бар асарҳои манзум ва мансури адибони гузаштаро ба миён гузошт ва дар роҳи ҳалли он бо навиштани силсилаи мақолаву рисолаҳои арзишманде, монанди «Нависанда ва шореҳи осори адабӣ» (1990), «Маърифат ва шарҳи адабиёт» (1991), «Шарҳнависӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик» (2000), қадами устуворона бардошт. Маҳз ба шарофати таълифоти ӯ аҳли таҳқиқ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он, аз ҷумла дар Эрон ва Афғонистон, аз таърихчаи шарҳнигорӣ дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ, заминаҳои пайдоиши он, мактаб ва ҷараёнҳои шарҳнигорӣ ва вижагиҳои онҳо, навъҳои шарҳномаҳо ва роҳу усули тафсиру таъбири матнҳои адабӣ дар онҳо, ба таври мукаммал огоҳӣ ёфтанд. 
Профессор Абдулманнони Насруддин дар солҳои 80 ва 90 асри гузашта дар адабиётшиносии муосири тоҷик рисолатеро анҷом дод, ки онро академик Абдулғанӣ Мирзоев бо таълифи рисолаҳои машҳураш «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёт» (1947), «Мулҳами Бухороӣ» (1948) ва «Биноӣ» (1957) дар солҳои 40 ва 50 ба зима дошт. Агар  асарҳои Абдулғанӣ Мирзоев ба омӯзиши адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои ХУ1 ва Х1Х бунёд гузошта бошад, навиштаҳои Абдулманнони Насруддин ба идомаи таҳқиқи шарҳномаҳо боис гардиданд. Ба вуҷуд омадани китобу рисолаҳои Мавҷуда Ӯрунова «Хусисиятҳои лексикографии «Баҳори борон»  шарҳи «Гулистон»-и Муҳаммад Ғиёсиддини Ромпурӣ» (1993), Абдуҷаббори Шоҳаҳмад «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» (1996), Саидимрон Саидов “Фарҳангҳои тафсирии форсии асрҳои 11 ва 14 ва масъалаи нақди матни адабӣ (1996) ва  “Адабиёти давраи Сомониён дар фарҳангҳои форсӣ” (1999), Тоҷибой Келдиёров «Шарҳи қасоиди Хоқонӣ»-и Алавии Шодибодӣ ва масъалаҳои маърифати бадеии ашъори Хоқонӣ» (2000), Нуралӣ Нурзод “Фурӯғи фитрати маънӣ” (2000)  ва  Мӯътабархон Бобоева «Шарҳи Судӣ ва масъалаҳои маърифати бадеӣ ва таҳлили ашъори Ҳофиз» (2007) далел бар он мебошанд. Мисли он ки китобҳои зикршудаи академик Абдулғанӣ Мирзоев солҳои сол барои муҳаққиқони адабиёти гузашта ва имрӯзаи тоҷик намунаи ибрат ва тақлид буданд, мақолаву рисолаҳои профессор Абдулманнони Насруддин низ роҳро барои ононе, ки бо тадқиқи шарҳномаҳо бар адабиёти форсии тоҷикӣ шуғл варзиданианд, ҳамвор гардонидаанд. 
 Хушбахт аз онам, ки ман ин суханҳоро дар ҳаққи дӯсти донишманд ва бародари арҷмандам Абдулманнони Насруддин соли 2007 дар ҳузури худаш ва дар ҷамъи аъзои муҳтарами Шӯрои дифоъи Донишгоҳи Хуҷанд гуфта будам.
Абдулманнони Насруддин ҳамзамон бо омӯзиши шарҳномаҳо бо таҳқиқ ва шинохти матни осори шоирони форсигӯй, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хусравӣ, Фароловӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон, машғул буд ва ҳосили ҷӯстуҷӯйҳои тақрибаи чиҳилсолаи худро дар ду китоби бағоят бунёдиаш: яке – «Рӯдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)» (1999) ва дигаре – «Матншиносии осори адабӣ» (2009) ҷамъбаст намуд. Ҳар дуи ин асар, бидуни муҳобот, аз ҷумлаи дастовардҳои барҷастаи адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар даҳсолаи охир мебошанд. Агар Донишгоҳи Хуҷанд, ки профессор Абдулманнони Насруддин тамоми умри бобаракаташро дар он ҷо сарфи таълиму таҳқиқ намуда буд, рисолаи ӯ «Матншиносии осори адабӣ»-ро барои дарёфти Ҷоизаи Абӯалӣ Сино пешниҳод мекард ва он аз тарафи  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дастгирӣ меёфт, ҳақ ба ҳақдодаш мерасид. Чунки соҳиби ин асари илмии нодир ҳамчун донишманд рисолаташро дар назди илми тоҷик ба пуррагӣ адо намуда буд, вале илми тоҷик, дурустараш масъулони он, аз ӯ қарздор мебошанд, зеро ӯро, чунонки мебоист, дар зиндагиаш қадр накарданд. 
Ба  Абдулманнони Насруддин  муяссар гардид, ки дар Донишгоҳи Хуҷанд мактаби илмии худро, ҳавзаи илмии худро  ба вуҷуд биёрад ва аз ҳисоби ҷавони боистеъдод як силсила шогирдони сазоворро ба воя расонад. Ман бо аксарияти онҳо ва корҳояшон ба шарофати устоди бузургворашон шинос ҳастам. Дар маҷлиси дифои рисолаҳои илмии баъзеашон ба сифати  муқарризи расмӣ иштирок доштам. Аз ин рӯ бо имони комил гуфта метавонам, ки онҳо мактаби илмии устоди зиндаёдашонро гардон нигоҳ хоҳанд дошт.
Дар  охирин дидорамон, ки 2 июли соли равон дар манзили эшон сурат гирифта буд ва дар он нависандаи халқии Тоҷикистон  Сорбон ва академик Носирҷон Салимов низ иштирок доштанд, аз корҳои ба тозагӣ анҷомдодаашон асари дӯсти донишмандашон раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одилро, ки зери унвони «Номае ба духтарам» дар Хуҷанд бо алифбои сирилик ва бо сарсухани саршори муҳаббати эшон ба чоп расида буд, тақдим намуданд. Дидам, ки ин дафъа «барги сабз»-и дӯстам бе навиштаҷоти маъмулии ӯ бо хати хонову зебо ва суханони мисли худаш гарму нармаш буд, ки дар ҳамаи китобҳои пешинаи бароям бахшидааш мавҷуд аст. Маълум буд, ки ӯ аз бемории сахт ранҷ мекашид ва  маҷоле барои навиштани соядастро надошт. 
Ин рисола на танҳо нишони ҳақгузорӣ дар ҳаққи дӯсти фозилаш  Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ва ҳамкорони муҳтарами эшон дар Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ,   шахсиятҳои шинохта ва фарҳангиёни фарҳехтаи эронӣ, аз қабили  Алиашрафи Шабустарӣ, Алиасғари Шеърдӯст, Сайид Алии  Гарморӯдӣ, Қаҳрамони Сулаймонӣ ва дигарон мебошад,  балки як навъ васиятест ба фарзандон, наздикон, дӯстон, шогирдон, ҳамкорон ва ба ҳамаи мову шумо, ки чӣ гуна бояд бошем, чӣ корҳоеро анҷом диҳем ва чӣ тавр сарбаландона  ва поку озода мисли ӯ зиндагӣ бикунем.
Абдулманнони Насруддин дар сарсухане, ки ба ин китобча навиштааст, аз ҷумла овардааст, ки «фарҳехтагон ва нухбагоне ҳастанд, ки бо вуҷуди азизи худ ба ин дунё нуру сафо ва хушию зебоӣ мебахшанд». Устоди зиндаёд ва бародари арҷмандам худ аз ҷумлаи ингуна фарҳехтагон ва нухбагон буд ва бо марги нобаҳангоми ӯ аҳли илму адаби тоҷик, ҷомеаи тоҷик, бидуни муҳобот, талафоти ҷуброннопазире дод.  
Ҷойи ӯ аз ин ба баъд дар маҷлису маҳфилҳои мо барои ҳамешагӣ холист, вале ёди азизаш, номи некаш ва осори арзишмандаш ҳамеша боқист.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб