Форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ
14 феврали 2020 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ бо иштироки забоншиносон ва адабиётшиносони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Динишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Энсиклопедияи миллии тоҷик ва алоқамандон маҷлиси баҳс дар бораи истилоҳҳои “форсӣ”, “дарӣ” ва “тоҷикӣ” баргузор гардида буд. Дар он гузориши илмии мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институт профессор Абдунабӣ Сатторзода баҳонаи баҳс шуд, ки матни он пешкаш мешавад.
Форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ
Баҳси номи забонамон чист ва забони адабиётамон кадом аст: форсист, дарӣ ва ё тоҷикӣ? баҳси нав нест, куҳна аст. Марҳалаи нави ин баҳс ба оғози даҳаи дувуми асри ХХ1 рост омад ва то имрӯз давом дорад. Вале он, мутаассифона, бе натиҷа мебошад. Хусусан, пас аз он ки сомонаӣ ва фейсбукӣ шуд, печидатар гардид. Агар ба таъбири устод Айнӣ бигӯем, дар ин баҳс «варсоқихонӣ ва суханҳои ҳавоякӣ», мулоҳизарониҳои «подарҳавои ночаспон» зиёд шуданд. Шояд ба ҳамин сабаб Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои расмӣ ба ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла ба Академияи илмҳо супориш додаанд, ки ба ҳарҷу марҷе, ки дар истифодаи ин се истилоҳ мавҷуд аст, равшание андозанд ва пешниҳоди мушаххасе кунанд, то роҳнамое шавад барои ҳамагон.
Барои он ки баҳси имрӯзаамон натиҷае диҳад, нишонрас ва ҳадафманд бошад, ман пешниҳод мекунам, ки дар нишасти имрӯзаамон танҳо ба ду саволи мушаххас ҷавобҳои мушаххас диҳем:
1) номи забонамон чист - форсист, дарӣ ва ё тоҷикӣ? ва
2) забони адабиётамон кадом аст - форсист, дарӣ ва ё тоҷикӣ?
Баҳсро дар бораи паҳлуҳо ва ҷанбаҳои дигари ин масъала ба нишастҳои дигарамон вогузорем, аз он ҷумла баҳс дар бораи таърихи пайдоиши истилоҳҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ, ба кӣ тааллуқ доштан ва ё надоштани онҳо, бозгашт ба алифбоӣ арабӣ ва ғ. ва ҳ.к. Зеро ба ҳамаамон равшан аст, ки тамоми масъалаҳоро наметавон дар як нишаст ҳал кард.
Пешниҳоди дигари камина ин аст, ки дар баҳси имрӯза шартҳои зеринро риоят бикунем:
1. Баҳси усулӣ ва бунёдӣ бо такя ба далелу санадҳои муътамади илмӣ. Ё ба қавли Саъдии бузургвор:
Далоил қавӣ бояду маънавӣ,
На рагҳои гардан ба ҳуҷҷат қавӣ.
2. Дурӣ аз ҳар навъи таассуб дар баҳс.
3. Худдорӣ аз ба сиёсат кашидани баҳс.
4. Риояти қатъии одоби баҳс.
Донишмандони гаронқадр,
Иштироккунандагони муҳтарам,
Ҳоло бо иҷозаи шумо мехоҳам андешаҳои худро дар заминаи мавзӯъи баҳсамон баён намоям.
Ба назари ман, барои муайян намудани он ки номи забонамон чист, боэътимодтарин далел гуфтаҳои онҳоест, ки ба ин забон асарҳои адабӣ ва илмӣ офаридаанд.
Абулқосими Фирдавсӣ онро дар ҷойе «порсӣ» ва дар мавриди дигаре «порсии дарӣ» номидааст:
Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Ва:
Бифармуд то порсии дарӣ
Набиштанду кутоҳ шуд доварӣ.
Ҳаким Майсарии Суғдӣ, соҳиби рисолаи манзуми «Донишнома» дар тиб, ки аз ҳамасрони Абӯабдуллоҳи Рӯдакист, забони онро «порсӣ» номидааст:
Бигӯям тозӣ ар на порсӣ нағз,
Зи ҳар дар ман бигӯям мояву мағз.
Дар «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» (а.Х) омада: «Ва ин китоб тафсири бузург аст…тарҷума карда ба забони порсӣ…Пас, уламои Мовароуннаҳрро гирд кард ва ин аз эшон фатво кард, ки «раво бошад, ки мо ин китобро ба забони порсӣ гардонем».
Дар «Таърихи Систон» таъкид шудааст, ки «шарти мо андар ин китоб порсист, магар ҷойе, ки андар монем ва порсӣ ёфт нашавад».
Абӯнасри Форобӣ (а. Х) дар «Ашкол-ул-олам» овардааст, ки «Забони аҳли Бухоро забони суғдӣ аст, магар андаке, ки аз он забон бигардад ва забони эшон дарӣ аст».
Унсурӣ дар замина гуфта:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Фаррухӣ гуфта:
Хосса он банда, ки монандаи ман буд,
Мадҳ гӯяндаву донандаи алфози дарӣ.
Адиб Собири Тирмизӣ фармуда:
Раҳе намонд зи назми сухан, ки наспардам,
Даре намонд зи лафзи дарӣ, ки накшудам.
Фахриддини Гургонӣ низ номи забоне, ки дар он ҳунарнамоӣ кардааст, «порсӣ» гуфта:
Ҳунар дар порсӣ гуфтан намуданд,
Куҷо дар порсӣ устод буданд.
Носири Хусрав дар «Сафарнома» хабар додаст, ки «ва дар Табриз Қатрон ном шоиреро дидам, ки шеър неку мегуфт, аммо форсӣ неку намедонист». Носири Хусрав касест, ки гуфта буд:
Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам
Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.
Исмоили Ҷурҷонӣ (а.Х1) дар «Захираи хоразмшоҳӣ» навиштааст: «Он лафз ҳам ба форсӣ ёд карда омад».
Родуёнӣ дар «Тарҷумон-ул-балоға» (а.Х11) навишта: «Аҷноси балоғатро аз тозӣ ба порсӣ орам».
Шоир ва бадеънавис Рашиди Ватвот (а. Х11) таъкид кардааст, ки «воҷиб шуд бар мани банда, ки …дар маърифати маҳосини назм ва насри ҳарду забон – порсӣ ва тозӣ ин китоб пардохтан ва ин маҷмӯъ сохтан».
Дар муқаддимаи тарҷумаи «Таърихи Наршахӣ» (а.Х11) мехонем: «Ва чун бештари касс ба хондани китоби арабӣ рағбат нанамоянд, дӯстон аз ман дархост карданд, ки «ин китобро ба порсӣ тарҷума кун».
Заҳирии Самарқандӣ дар сарсухани «Синдбоднома» овардааст, ки «ин китобро ба иборати дарӣ пардохт».
Имом Ғаззолӣ дар «Кимиёи саодат» фармуда: «Ин маънӣ ба порсӣ илтимос карданд».
Ин гуфтаи Ҳофизи бузургвор машҳур аст:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огаҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
Ва:
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд
З ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.
Мавлонои Балхӣ гӯяд:
Мусулмонон, мусулмонон, забони порсӣ гӯям,
Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хӯрдан ба танҳоӣ.
Муҳаммад Иқбол эътироф намудааст, ки «ин ашъор ба ман ба забони форсӣ илҳом мебахшад».
Муҳаммадалии Балҷувонӣ дар «Таърихи нофеъ» (а.ХХ) шаҳодат додаст, ки «аҳли сокинони фохира (яъне Бухоро) форсинасабанд ва ба лисони форсӣ моҳир».
Устод Айнӣ 15 ноябри соли 1923 дар як мақолаашон навиштаанд, ки китоберо «ба форсӣ ба назм даровардам». Маҷмӯаи шеърҳои устод Айнӣ соли 1923 зери унвони «Ахгари инқибол. Маҷмӯаи ашъори инқилобии форсӣ» ба нашр расидааст.
Метавон аз ин қабил гуфта ва навиштаҳои он адибон ва донишмандон намуна зиёд овард, вале аз он чи иқтибос кардем, ба хубӣ равшан аст, ки онҳо, аз Фирдавсӣ дар асри Х то устод Айнӣ то солҳои бистуми асри ХХ, забони асарҳояшонро порсӣ (форсӣ), дарӣ, порсии (форсии) дарӣ номидаанд, ки муодили ҳам мебошанд. Онҳо мисли падару модароне мебошанд, ки ба фарзандони маънавиашон чунин ном гузоштаанд.
Акнун, ки чӣ ном доштани номи забонамон аз даврони бунёдгузори адабиёти гузаштаамон устод Рӯдакӣ то замони асосгузори адабиёти навини мо устод Айнӣ бароямон равшан гашт, бояд муайян намоем, ки адабиёте, ки ба ин забон эҷод гардида буд, бо кадом ном маълум буд. Бояд дар назар дошт, ки ҳамаи он адибон ва донишмандоне, ки забони асарҳояшонро форсӣ, форсии дарӣ гуфтаанд, ба ин маънӣ ҳам ҳаст, ки адабиёте, ки онҳо офаридаанд, адабиёти форсӣ мебошанд. Бо вуҷуди он мехоҳам бароятон аз гуфтаҳои бевоситаи онҳо низ далел биорам.
Муаллифи «Таърихи Систон» ба таври возеҳ шаҳодат додаст, ки «Муҳаммад ибни Васиф шеъри порсӣ гуфтан гирифт. Ва аввал шеъри порсӣ андар Аҷам ӯ гуфт». Ба сухани дигар шеъри мо, адабиёти моро «адабиёти форсӣ» мегуфтанд.
Устод Садриддин Айнӣ соли 1940 дар ҷавоб ба даъвои баъзе аз аҳли қалам ва донишмандони Эрон (Ҷалол Матинӣ, Муҳаммадризои Ботинӣ ва дигарон) ва ҳам шарқшиносони русӣ (Е.Э. Бертелс, А.Н. Болдирев ва дигарон), ки тоҷикон ба «адабиёти форсӣ» ҳақ надоранд, аз он ҷумла ба мероси Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон, бо далелҳо пас аз баҳсу мунозираҳои айниёнаи худ исбот намуд, ки тоҷикон низ баробари эрониён ба ин адабиёт баробар ҳақ доранд, бино бар ин онро бояд «адабиёти форс-тоҷик» номид. Зимнан, ҷойи он аст ба ёд оварем, ки устод Айнӣ бо дурназарӣ ва мулоҳизакории фавқулодае, ки ба ӯ хос буд, назарияи худ «адабиёти форс-тоҷик»-ро ба воситаи шарқшиноси маъруф И.С. Брагинский дар сарсухани «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) эълом дошта буд. Ин назария, бо оҳистагӣ бошад ҳам, дар шарқшиносӣ ва адабиётшиносӣ пазируфта шуд.
Назарияи устод Айнӣ «адабиёти форс-тоҷик», ки дар илми шарқшиносӣ ва адабиётшиносии муосир, бидуни шак, нақши муассире бозид, ба ҳар ҳол ҳалли сиёсии қазия буд, на ҳалли илмии он. Агар ба таъбири академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бигӯем, «маҷбурияти таърихӣ» буд.
Барои он ки баҳсамро дар бораи «Форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ» ба охир бирасонам, аз як нукта ёд оварданро зарур мешуморам, ки марзбандиҳои сиёсӣ ва ҷуғрофие, ки дар қаламрави як замон ягонаи забон ва адабиёти форсӣ дар чанд асри охир дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистони кунунӣ ба вуҷуд омаданд, номҳои ин забон ва адабиёт мутаносибан «забон ва адабиёти форсӣ», «забон ва адабиёти дарӣ» ва «забон ва адабиёти тоҷикӣ» номида шуданд.
Бо дарназардошти ин падида ва ба хотири таҳриф нанамудани ҳақиқати забонӣ ва адабии таърихӣ ва то муваффақ гардидан ба иҷмоъи назар дар замина агар забонамонро дар гузашта «забони форсии тоҷикӣ» ва адабиётамонро «адабиёти форсии тоҷикӣ» ва забон ва адабиёти навамонро пас аз соли 1924 «забони тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» номем, дуруст хоҳад буд.
2020.
Комментарии
Отправить комментарий