Сообщения

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб

Ҳақназар Ғоиб ва «шеъри симфонӣ» Дӯсти бузургворам Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар дастхате, ки бароям дар маҷмӯаи шеърҳояш  бо номи «Дар бистари нарми гул» унвон дорад, навиштааст, ки ба «бародари азизу гиромӣ, ки бароям мероси муҳаббати устод Лоиқ аст », ба фалонӣ (12 сентябри 2012, ш. Кӯлоб). Дарвоқеъ, ман бо устод Ҳақназар Ғоиб ба шарофати  устоди зиндаёд, шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ ошноӣ пайдо карда будам. Як саҳнаи ошноӣ ва дӯстиҳоямонро ман дар мақолаам «Ҳақназар ва шеъри нарми ӯ», ки дар маҷмӯаи нави шоир «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» низ омадааст, ба қалам  оварда будам. Ман дар бораи шеъри Ҳаназар Ғоиб зиёд навиштаам, бештар дар мақолаҳои умумӣ ва камтар дар нақдҳои ҷудогона. Аз ин ҷиҳат дар назди шахсияти эҷодӣ ва шеърҳои ӯ қарздорам. Ва на танҳо камина, балки дигарон ҳам, ки бо нақду баррасии шеъри муосири тоҷик машғул мебошанд. Эътироф бояд намуд, ки мову шумо ҳанӯ...

Ба ифихори зодрӯзи мубораки устод Лоҳутӣ. Дӯстии беназири ду устоди забардаст

Устод Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик» ва Абулқосим Лоҳутӣ Дӯстӣ ва ҳамкории «ду устоди забардасти» (Мирзо Турсунзода) адабиёти муосири тоҷик – Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ на дар таърихи гузашта ва на имрӯзаи адабиёти форсии тоҷикӣ назир надорад. Худи устод Айнӣ дар як номааш навиштааст, ки “мо мисли инро дар афсонаҳо дар байни дӯстон хондаем” (30 апрели 1939). Дӯстӣ ва ҳамкории Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ дӯстӣ ва ҳамкории устоду шогирд ва пиру муриде буд, ки ҳар ду дар як муҳити адабию фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ, дар як замону макон, дар шаҳри Ҳироти асри ХУ сурат мегирифт. Аммо дӯстӣ ва ҳамкории Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ вақте оғоз мегардад, ки ҳар ду устоди баркамол буданд: яке дар наср ва таҳқиқ ва дигаре дар шеър ва сиёсат. Ва дар муҳити адабию фарҳангии гуногун, дар ҳудудҳои ҷуғрофӣ ва шароити сиёсиву иҷтимоии мухталиф – яке дар Бухорои амирӣ ва дигаре Эрони шоҳӣ ҷараён дошт. Он вақт, ба қавли устод Айнӣ, яке “муллои аз мадраса баромадагӣ” ва...

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти донишмандам

Суханронӣ дар рӯзи дифои рисолаи доктории Носирҷон Салимов Арзиши илмӣ ва амалии рисолаи доктории Носирҷон Салимов «Пайдоиш ва таҳаввули навъҳои наср дар адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои Х - Х111)»-ро муқарризони расмӣ дӯстони донишмандам Худоӣ Шарифов, Абдуҷаббор Раҳмонов ва Олимҷон Хӯҷамуродов дар маҷмӯъ дуруст муайян карданд. Ман бо истифода аз мавриди муносиб – рӯзи дифои доктории бародари гиромиам Носирҷон Салимов ва дар заминаи шиносоӣ бо фушурдаи рисолаи илмӣ ва китоби пурарзишашон «Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои 1Х-Х111)» (Хуҷанд, 2002) диққати аҳли нишасти имрӯзаро ба ҷанбаҳои ахлоқӣ ва усулӣ ё дастурии пажӯҳишҳои илмӣ дар марҳалаи кунунӣ ҷалб карданиям. Чунин бармеояд, ки Носирҷон Салимов дидаву дониста, шӯурӣ ва бо дарки амиқи рисолат ва масъулияти таҳқиқгарӣ мавзӯъи басо печида, душвор, бисёрпаҳлӯ, баҳсталаб ва заҳматталаб – мавзӯъи пайдоиш ва ташаккули навъҳои насри форсии тоҷикиро дар асрҳои Х-Х111 интихоб намудааст. То ӯ бисёр...
  Ба ёди азизи нависандаи бузург зиндаёд устод БАҲМАНЁР Қиссагару қиссахару қиссафурӯши сармаддеҳӣ (Чеҳраи ҳунарии Баҳманёр ва вижагиҳои он) Падидаи адабӣ Баҳманёр ба адабиёт бо қаҳрамонон, биниш, равиш, тарзи нигориш, забон ва тарзи баёни вижаи худ ворид гардид, ки он дар насри кунунии тоҷикӣ як падидаи адабии тамоман бесобиқа ва фавқулодае  буд.  Барои шинохт ва арзёбии  дурусти ин падидаи адабии дар зоти худ нодиру  нотакрор  ва ба қавли Қодири Рустам «то ҳадде ғайриинтизор»   муқаррар намудани сарчашмаҳои он муҳим аст.  Яке, тавре ки аз  гуфта ва навиштаҳои худи нависанда бармеояд,  афсона ва ривоятҳои мардумӣ мебошад. Ӯ  дар суҳбати ихтисосие, ки дар остонаи ҷашни 60-солагиаш бо рӯзноманигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» Бобоҷони Шафеъ доштааст, ба ёд овардааст, ки «вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, падарам китобҳои гаронбаҳои зиёд ба хона оварданд, ки миёни онҳо китобе буд бо номи «Афсонаҳои халқи тоҷик». Ман онро ончунон зиёд хондам, ки қариб пурра аз ёд карда будам…  Ва мутолиаи ҳамон к...

Ба ифтихори 70-умин солгарди муҳаққиқ ва шоир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

Замоне дар айни авҷи шуҳрати шоири инқилобии рус Владимир Маяковский ва маломату маззамати шоири дигар рус Сергей Есенин барои шеърҳои ба истилоҳ "маҳрамона ва ғайриинқилобӣ" аз Маяковский пурсидаанд, ки ба фикри ӯ Есенин дар адабиёти русӣ чӣ мақом дорад, ҷавоб додааст, ки адабиёти русӣ ҷангали анбӯҳи бузургест ва аз байни он пайраҳае мегузарад, ки одамон аз ин сӯ ба ин сӯ мегузаранд. Ва дар мобайни ин пайраҳаи ягона кундаи калоне хобидааст. Есенин дар адабиёти русӣ ана ҳамин кундаи калонест дар пайраҳаи ягонаи ҷангали анбӯҳ, ки ояндагону равандагон аз тарафе ба тарафе ба он кунда ҳатман пешпо мехӯранд. Алии Муҳаммади Хуросонӣ дар илми адабиётшиносӣ, матншиносӣ ва шеъри муосири тоҷик ана ҳамин кундаест, ки онро нодида гирифтан, сарфи назар кардан ва ё инкор намудан номумкин аст. Адабиётшиносии тоҷикро бе таҳқиқоти арзишманди ӯ, мисли "Асадии Тӯсӣ ва "Гаршоспнома"-и ӯ" (1987) ё "Таърихи адабиёти форсӣ" (2009, бо ҳамқаламии профессор Расул Ҳодизода...

Даме бо Фарзонаи Хуҷандӣ дар зодрӯзи хуҷастаашон

Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё     (Меъроҷи шеър) Ҳама рафтанд, ман чаро наравам? Сӯи он Ёри ошно наравам? Гарчи аз хок хоксортарам,                                         Ҷониби арши кибриё наравам? (“Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?”)                                          Биё, бар қуллаҳои улвӣ меъроҷ мекунем. (“Башорати дигар”)  Шаҳбонуи шеъри кунунии тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ хонандагону шунавандагон, мухлисону алоқамандон ва ҳамватанони азиз ва ҳампешагони қаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, ҷониби арши кибриё, олами малакутӣ, ошиёни қудсӣ, қуллаҳои улвӣ, дурдасти мунаввар, ба олами маънавияту маърифати фарри аҳуроӣ ва сунъи қуръонӣ, барои рӯ овардан ба равзанаи Нур, ба ноҳияи Офтобу Моҳтобу Ситорагон, ба гузаргоҳи Каҳкашон, ба тулӯъ ва шафақ, фурӯғистони нопаймуда, барои расидан ба субҳ  ва дунёи Зебоию Покӣ, ба баҳору фарвардину урдубиҳишт, ба сабоҳати шабнаму борони раҳмат ва Фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад.  Эй ки маҷрои хаёламро зи б...

Даме бо Фарзонаи Хуҷандӣ дар зодрӯзи хуҷастаашон

Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё     (Меъроҷи шеър) Ҳама рафтанд, ман чаро наравам? Сӯи он Ёри ошно наравам? Гарчи аз хок хоксортарам,                                         Ҷониби арши кибриё наравам? (“Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?”)                                          Биё, бар қуллаҳои улвӣ меъроҷ мекунем. (“Башорати дигар”)  Шаҳбонуи шеъри кунунии тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ хонандагону шунавандагон, мухлисону алоқамандон ва ҳамватанони азиз ва ҳампешагони қаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, ҷониби арши кибриё, олами малакутӣ, ошиёни қудсӣ, қуллаҳои улвӣ, дурдасти мунаввар, ба олами маънавияту маърифати фарри аҳуроӣ ва сунъи қуръонӣ, барои рӯ овардан ба равзанаи Нур, ба ноҳияи Офтобу Моҳтобу Ситорагон, ба гузаргоҳи Каҳкашон, ба тулӯъ ва шафақ, фурӯғистони нопаймуда, барои расидан ба субҳ  ва дунёи Зебоию Покӣ, ба баҳору фарвардину урдубиҳишт, ба сабоҳати шабнаму борони раҳмат ва Фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад.  Эй ки маҷрои хаёламро зи б...