Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти донишмандам

Суханронӣ дар рӯзи дифои рисолаи доктории Носирҷон Салимов

Арзиши илмӣ ва амалии рисолаи доктории Носирҷон Салимов «Пайдоиш ва таҳаввули навъҳои наср дар адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои Х - Х111)»-ро муқарризони расмӣ дӯстони донишмандам Худоӣ Шарифов, Абдуҷаббор Раҳмонов ва Олимҷон Хӯҷамуродов дар маҷмӯъ дуруст муайян карданд.
Ман бо истифода аз мавриди муносиб – рӯзи дифои доктории бародари гиромиам Носирҷон Салимов ва дар заминаи шиносоӣ бо фушурдаи рисолаи илмӣ ва китоби пурарзишашон «Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои 1Х-Х111)» (Хуҷанд, 2002) диққати аҳли нишасти имрӯзаро ба ҷанбаҳои ахлоқӣ ва усулӣ ё дастурии пажӯҳишҳои илмӣ дар марҳалаи кунунӣ ҷалб карданиям.
Чунин бармеояд, ки Носирҷон Салимов дидаву дониста, шӯурӣ ва бо дарки амиқи рисолат ва масъулияти таҳқиқгарӣ мавзӯъи басо печида, душвор, бисёрпаҳлӯ, баҳсталаб ва заҳматталаб – мавзӯъи пайдоиш ва ташаккули навъҳои насри форсии тоҷикиро дар асрҳои Х-Х111 интихоб намудааст. То ӯ бисёриҳо аз ҷумлаи донишмандони номӣ ва соҳибтаҷрибаи эронӣ, тоҷикӣ, русӣ, ҷаҳонӣ ба ин мавзӯъ даст задаанд, вале онро ба анҷом нарасондаанд. Як худи мутолиаи намунаҳои боқимондаи насри ин давра, шинохти онҳо, интисоби онҳо, ки басо душвор аст, вақти зиёдеро тақозо мекунад. Маводи адабӣ ва илмие, ки довталаб ба доираи таҳқиқ кашидааст, хеле ва хеле фаровон мебошад.
Носирҷон Салимов бо мушкилписандиаш ва ҷиддияташ бори дигар нишон дод, ки дар илм ҷавонмардоне мисли ӯ тавфиқ меёбанд, бозёфт, дастовард насибашон мегардад, на он тоифаи касири саҳлангору осонталабе, ки шуморашон пештар ҳам кам набуд ва хосса дар ин даҳсолаи охир бо истифода аз нобасомониҳои замона якчанд афзуд.
Сирри комёбии Носирҷон Салимов дар таҳқиқи мавзӯъи мисли «Пайдоиш ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои 1Х-Х111)» дар он аст, ки ӯ тасаллути комил бар мавод ва мавзӯъи кори илмиаш дорад. Он ҳама маводи фаровони илмӣ ва адабиро аз ҳаллоҷии андешааш гузаронидааст, ба қавле ҳазм кардааст. Ҳар чизе ки ӯ дар заминаи тадқиқи мавзӯъи рисолааш мегӯяд, огоҳона аст.
Бо тақозои табиати мавзӯъи рисолаи илмиаш Носирҷон Салимов ҳамзамон бо адабиёт ва назариёти адабии гузашта ва имрӯзаи форсии тоҷикӣ, бо таърихи адабиёти арабу ҳинд ва назариёти адабии онҳо, бо фалсафа ва равияҳои гуногуни он, хосса сӯфигарӣ, таърих, забон ва ғ. низ кор гирифтааст. Маълум шуд, ки муҳаққиқ дар ин заминаҳо дониши фарогир дорад ва, хушбахтона, аз ҷумлаи «нохонда муллоҳое» нест, ки бо бедонишӣ ва камдонишии худ нигоҳ накарда, тайёранд ба ҳамагуна мавзӯъ даст занад ва ба зуддии зуд «кандидат наук» ва «доктор наук» шаванд.
Бо зикри мулоҳизаҳои боло гуфтанӣ нестам, ки рисолаи доктории Носирҷон Салимов беҷирму безиён аст. Аммо нуқсонҳое, ки ба зеҳни ман расид, ҳама аз ҷумлаи он нуқсонҳое мебошанд, ки метавон танҳо ба Носирҷон Салимов ва ба рисолаҳое ҳамчун рисолаи ӯ гирифт. Яъне бо дарназардошти он ки аз касоне кори зиёд ва хуб кардаанд, таваққӯъ ҳамеша зиёдтар аст. Барои мисол, ба назари ман насри Садаи миёнаи форсии тоҷикӣ бо дарназардошти махсусияти афкори адабиву назарӣ ва эстетикии Қуруни вусто мулоҳиза рондан, чунонки муҳаққиқ кардааст, дуруст аст. Вале аз сабаби он ки назариёти адабии форсии тоҷикӣ дар хусуси наср хеле ва хеле нокифоя ва маҳдуд аст, ин назариётро аз дохили худи наср ҷустан  ва баровардан ба мақсад бештар мувофиқ буд. Ба ҳар ҳол такя кардан ба таҳқиқоти донишмандони муосир, мисли Ҳусайни Хатибӣ ва Сируси Шамисо ё дигар, маънои аз нигоҳи тафаккури имрӯзӣ арёбӣ кардани адабиёти Садаи миёнаро дорад, яъне модернизӣ, имрӯзӣ кардани он аст.
Ё ки метавон эрод гирифт, ки корҳои донишмандони Афғонистон ба доираи тадқиқ ҷалб нашудааст. Гумон меравад, ки ба иллати дастрас набудани он бошад. Аммо агар асрҳои Нагҳати Саидӣ «Шеваҳо ва давраҳои насри форсӣ» (1341/ 1962) ва Муҳаммад Ҳасани Тайибӣ «Табақабандии насри дарӣ» (1939) ва ғайраро муҳаққиқ зери даст медошт, холӣ аз фоида набуд.
Ман Носирҷон Салимовро, аҳли илми тоҷикро бо дифои муваффақонаи рисодаи докториаш табрик мекунам. Он дастоварди чашмгири илми адабиётшиносии тоҷик мебошад. 
25 декабри 2002. 

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб