Ба ифтихори 70-умин солгарди муҳаққиқ ва шоир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ
Замоне дар айни авҷи шуҳрати шоири инқилобии рус Владимир Маяковский ва маломату маззамати шоири дигар рус Сергей Есенин барои шеърҳои ба истилоҳ "маҳрамона ва ғайриинқилобӣ" аз Маяковский пурсидаанд, ки ба фикри ӯ Есенин дар адабиёти русӣ чӣ мақом дорад, ҷавоб додааст, ки адабиёти русӣ ҷангали анбӯҳи бузургест ва аз байни он пайраҳае мегузарад, ки одамон аз ин сӯ ба ин сӯ мегузаранд. Ва дар мобайни ин пайраҳаи ягона кундаи калоне хобидааст. Есенин дар адабиёти русӣ ана ҳамин кундаи калонест дар пайраҳаи ягонаи ҷангали анбӯҳ, ки ояндагону равандагон аз тарафе ба тарафе ба он кунда ҳатман пешпо мехӯранд.
Алии Муҳаммади Хуросонӣ дар илми адабиётшиносӣ, матншиносӣ ва шеъри муосири тоҷик ана ҳамин кундаест, ки онро нодида гирифтан, сарфи назар кардан ва ё инкор намудан номумкин аст.
Адабиётшиносии тоҷикро бе таҳқиқоти арзишманди ӯ, мисли "Асадии Тӯсӣ ва "Гаршоспнома"-и ӯ" (1987) ё "Таърихи адабиёти форсӣ" (2009, бо ҳамқаламии профессор Расул Ҳодизода);
Ва матншиносии тоҷикро бе нашрҳои сершумори таҳия намудаи ӯ, монанди "Илоҳинома", "Мантиқ-ут-тайр" ва "Девон"-и Аттор, "Маснавии маънавӣ" ва "Девони кабир"-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, матни интиқодии "Девони ашъор"-и устод Рӯдакӣ ва ғ.;
Ва шеъри муосири тоҷикро бе шеърҳои ӯ дар 7 маҷмӯъаи ашъораш.
Метавон бо ӯ дар мавриди таҳқиқоти илмиаш, ҳусну қубҳи нашрҳои анҷомдодааш ва ҷанбаҳои ҳунарии шоириаш баҳс кард, ба онҳо эрод гирифт, аммо инсоф он аст, ки онҳоро наметавон рад кард.
Ин далели равшани он аст, ки Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ҳам дар адабиётшиносӣ, ҳам дар матншиносӣ ва ҳам дар гуфтани шеър, бидуни шак, нақш дорад.
Ман бовар ба он дорам, ки рӯзе мерасад, ки саҳми Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар таҳаввул ва такомули илми адабиётшиносӣ, матншиносӣ ва шеъри тоҷикӣ омӯхта хоҳад шуд ва мушаххас хоҳад гардид.
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз хонадони одамони шарифи дарозумр мебошад, барояш умри дарози бобаракат таманно дорам.
4 ноябри 2020.
Комментарии
Отправить комментарий