Сообщения

Сообщения за март, 2021
       Андешаҳо дар арафаи баргузории Нуҳумин конфронси вазирони  “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” ва Мулоқоти баналмилалӣ дар Туркия Афғонистон: аз буҳрони сиёсию низомӣ то буҳрони ҳалли қазия Вазъи Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир буҳронӣ буд ва буҳронӣ боқӣ мондааст. Гузашта аз ин вазъи сиёсию низомӣ дар ин кишвар боз ҳам печидатар ва мураккабтар аз пешина шудааст. Барои раҳоии Афғонистон  аз ин ҳолати буҳронӣ то ҳол дар дохил ва хориҷ аз он кишварҳо, созмонҳо, сиёсатмадорони дохилӣ ва хориҷӣ, мутахассисони афғонистоншинос ва коршиносони минтақаӣ ва байналмилалӣ роҳҳалҳо ва тарҳҳои зиёдеро пешниҳод кардаанд ва карданианд. Умдатарини он роҳҳалҳо ва тарҳҳо инҳоянд: 1.    Чорчӯби «6-1», яъне Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон, ки ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон мебошад. 2.    Гурӯҳи кории СҲШ бо Афғонистон. 3.    Раванди Истамбул. 4.    Вохӯрии намояндагони кишварҳои ИМА, Чин, Покистон ва Афғонистон. 5.    Тарҳи сулҳ бо Толибони муъта

Барои устод Адаш Истад

  Бо арзи салому эҳтиром ва узри бадтар аз гуноҳ.  Устоди бузургвор Адаш Истад, Шумо сазовори он ҳастед, ки дар бораатон нақду баррасиҳои муносиб ба мақому манзалати баландатон ва хидматҳои арзандаатон барои поси забон ва рушди адаби форсии тоҷикӣ, хосса дар фурӯзон нигаҳ доштани чароғи забону адаби миллатамон дар Самарқанди кандманди бостонии тоҷикон, ки яке аз хостгоҳҳои асосии мардуми мост, навишта шаванд. Аз ин ҷиҳат яке аз онҳое, ки дар назди шахсият ва фаъолияти офаринишии Шумо қарздор аст, каминаи камтарин мебошам. Устоди наврӯзсирату наврӯзсурат зодрӯзи шарифатон ва Наврӯзатон барои худатон, наздиконатон ва тамоми самарқандиёни азиз хуҷаста бод. PS:   Ба нишони иродату ихлос ба Шумои азиз ва самарқандиёни гиромӣ мақолаеро, ки чанд сол пеш навишта будам, ба алоқамандонатон ва мухлисонатон, ба аҳли муҳтарами Самарқанд пешкаш менамоям.   НАҚШИ САМАРҚАНД ДАР РУШДИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ Яке аз нахустин намунаҳои шеър ба форсии тоҷикӣ ба қалами Абулянбағии Самарқан

Суханронӣ дар рӯнамои китоби Абдуллоҳи Раҳнамо "Дидгоҳи давлатмеҳвар" (2201)"

Чанд рӯз пештар зодрӯзи Абдуллоҳи Раҳнамо буд ва ҳоло рӯнамои китоби нави ӯст. Ҳам ҷашни камолоти инсонӣ ва ҳам рӯнамои камолоти илмиро дар остонаи иди Наврӯз барои ӯ ва алоқамандони шахсият ва фаъолияти офаринишиаш муборакбод мегӯям. Ёдам меояд, ки даҳ сол қабл аз ин Абдуллоҳи Раҳнамо дар 40-солагиаш китоби "Ислом ва амнияти миллӣ" (2011)-ро муаррифӣ карда буд. Вақте ки 38 сола буд, китоби ӯ "Уламои исломӣ дар Тоҷикистон" (2009) ва замоне, ки 37 сола буд, китоби "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ" (2008)-ро ба табъ расонда буд. Дар ҷавонӣ бо ин таълифоти арзишманд ба майдони сиёсатшиносии тоҷик далерона ворид гардидани Абдуллрҳи Раҳнамо як байти машҳури Фирдавсии бузург дар бораи Дақиқии шоирро ба хотир мерасонад: Ҷавоне биёмад гушода забон, Сухан гуфтани хубу табъе равон. Се китобе, ки ин донишманди ҷавони "гушодазабону бо табъи равон" дар сиёсатшиносии тоҷик дар даҳаи аввали садаи 21 ба вуҷуд овард, сиёсатшиносии тоҷикро, ки то ин марҳала, агар аз

Ба ифтихори ҷашни мубораки 50-солагии сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, бародари гиромиам Абдуллоҳи Раҳнамо

Рӯзи чоршанбеи 21 октябри 2009 соати 9.00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар толори Комиссияи марказии интихобот рӯнамои китоби тозанашри Абдуллоҳи Раҳнамо "Уламои исломӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардида буд ва камина дар он нишаст кӯтоҳсухане гуфта будам. Мехоҳам матни онро, чунон ки ироа шуда буд, ҳамон тавр бе тасҳеҳу такмил ба алоқамандони ин донишманди ростини тоҷик ва ба нишони эҳтирому эътиқоде, ки   ба шахсият ва фаъолиятҳои илмию эҷодии бобарору босамараш дорам, пешкаш намоям. Чун ин навишта дар ҳеч ҷое нашр нагардидааст, барои онҳо санаде хоҳад буд аз он рӯзҳо ва аз он солҳо, ки соҳибҷашни азизи мо ҳамагӣ 38 сол дошт. "Донишмандони гиромӣ, Уламои муҳтарами ислом, Суханронии ман аз ду бахши мухтасар иборат хоҳад шуд. Бахши нахуст то "АММО БАЪД..." ва бахши дувум пас аз "АММО БАЪД..." Дар бахши то "АММО БАЪД..." таъкид карданиям, ки  бародар Абдуллоҳи Раҳнамо - ман ӯро гоҳе ба шӯхӣ доктор Абдуллоҳ меномам (