Сӯгворӣ
СУХАНШИНОСИ ҚАЛАМЗАН
Соли 1972 дар
чанд шумораи рӯзномаи “Маориф ва маданият” (18 март-27 апрел) пораҳое аз
рисолаи хотиротии Мавлоно Камолиддини Абдулвосеъ “Мақомоти ҳазрати Мавлоно
Абдурраҳмони Ҷомӣ” дар таҳияи камина ва раҳматӣ Султон Воҳидов ба чоп расида
буд. Ва он яке аз аввалин таҷрибаҳои ман дар нашри мероси гузаштагон буд.
Дуруст дар ҳамон рӯзҳо Ҷумъабой Азизқулов яке аз шумораҳои рӯзномаи мазкурро, ки дар он
намунае аз он асар нашр гардида буд, бо
тасҳеҳаш ба дастам доданд. Дидам, ки матни омоданамудаи мо дар чанд
маврид тасҳеҳталаб будааст. Он вақт ба таври аёнӣ фаҳмидам, ки кори баргардон
ва нашри осори пешиниён аз алифбои арабиасоси форсӣ ба сирилик дар назар осон
ва фаннӣ (техникӣ) намояд ҳам, дар амал сахт душвор будааст ва аз таҳиягар дониш,
малака ва завқи волои суханшиносию қобилияти дарки маъноро тақозо менамояд. Ин
ҳақиқати бебаҳсро солҳо баъд Ҷумъабой Азизқулов дар мақолаашон “Сухан аз забон ва тарзи баён”
(2004) низ таъкид намудаанд, ки дар мавриди баргардон ва таҳия кардани матн, ба
таъбири худашон “фақат саводи хатхонӣ кофӣ нест, маънофаҳмӣ ҳам мебояд”.
Пас аз ин таваҷҷуҳам
ба шахсият ва фаъолияти офаридгории Ҷумъабой Азизқулов бештар гардид ва ҳар
тарҷума, тақризу мақола ва навиштае, ки
ба қалами ӯ тааллуқ дошт, кӯшиш
мекардам бихонам ва аз он сабақе
бигирам. Ва сабақи нахустин ва асосии ман аз он тасҳеҳ ин буд, ки дар кори
таҳқиқ ва нашр ҳаргиз ба саҳлангорӣ ва шитобзадагӣ роҳ надиҳам, бомасъулият
бошам ва дар чопи онҳо аҷала накунам.
***
Ҷумъабой
Азизқулов, тавре ки маълум аст, дар аввал бо ҳидояти устоди роҳнамояш дар илм -
шарқшиноси номӣ, узви вобастаи АИ ҶТ И.С. Брагинский ба таҳқиқу нашри осори
насри таълифӣ ва ё, ба истилоҳ, насри маснӯъ дар адабиёти форсии тоҷикӣ машғул
мешавад ва дар ин замина як силсила корҳои арзишмандеро анҷом медиҳад, монанди
рисола барои дарёфти рутбаи номзади илмҳои филологӣ “Асл ва пайдоиши китоби
Синдбод” (1974) ва нашри “Пандномаи Синдбод” (1963), “Гулзори ҳикмат” (1966),
“Саргузашти Ҳотам” (1967, бо ҳамкории Субҳон Давронов), “Самаки Айёр” (ҷилди 2,
1970), “Китоби Ҳаким Синдбод” (1971; 2009), “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ
(2012) ва ғ.
Муҳаққиқ
ҳамчунин ба таҳқиқ ва нашри шеъри гузашта, адабиёти муосир ва робитаҳои
адабӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла
дар бораи Анварӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Аҳмадҷони Ҳамдӣ,
Садриддин Айнӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва
дигарон бо номҳои “Абдулқодирхоҷаи Савдо” (1960), “Саъдии Шерозӣ” (1962),
“Аҳмадҷони Ҳамдӣ ва мероси адабии ӯ”, “Интишор ва шуҳрати ҷаҳонии осори Айнӣ”
(1963), “Шоири маҳбуби мо” (1961) ва ғ. мақолаву рисолаҳое навишта, “Маҷмӯъаи
осор”-и Аҳмадҷони Ҳамдиро ба табъ
расонидааст.
Ҳунари
Ҷумъабой Азизқулов ҳамчун муҳаққиқ махсусан дар таълифи як силсила тақриз ва
нақду баррасӣ бар таълифоти илмӣ ва нашрҳои ҷудогонаи матншиносӣ зуҳур
намудааст. Навиштаҳои ӯ “Иқдоми нек” дар бораи нашри маснавии Абдуллоҳи Ҳотифӣ
“Лайлӣ ва Маҷнун”, “Таҳрир ё тафсир” оид ба чопи шеърҳои Шамсиддин Шоҳин ва
Тошхӯҷаи Асирӣ дар таҳрири Муҳаммадҷон Раҳимӣ, “Доир ба илми бадеъ” роҷеъ ба
китоби Тӯрақул Зеҳнӣ “Санъати сухан”, “Китоби ҳикмати халқ” дар заминаи
маҷмӯъаи “Панду ҳикматҳо" дар таҳияи Муллоҷон Фозилов, “Сухани тоза дар
мавзӯи куҳан” бар китоби И.С. Брагинский
“12 лавҳа”, “Аз Ғолиб то Иқбол” дар бораи рисолаи А. Ғаффоров “Назми
форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дуюми асри 19 ва охири 20” то имрӯз аз
ҷумлаи намунаҳои беҳтарини нақди нақд ва матншиносӣ ба шумор мераванд. Хубии онҳо дар ин аст, ки мулоҳиза ва
мушоҳидаҳои муаллиф бағоят мушаххас ва бодалел мебошанд. Ӯ ҳар як мулоҳизаи
интиқодӣ ва эродҳои худро, ки дар ҳамаи навиштаҳояш хеле зиёданд, бо чандин
далели муътамад ва мантиқӣ ба исбот мерасонад. Бо вуҷуди ин, тавре ки худи
муҳаққиқ шаҳодат медиҳад, на ҳама дар аввал нақди ӯро ба хушӣ мепазируфтаанд,
балки меранҷидаанд ва дилтанг мешудаанд,
мисли Тӯрақул Зеҳнӣ ва Муллоҷон Фозилов. Вале бо гузашти муддати муайяне ба
эродҳои вай тан медодаанд ва онҳоро дар нашри баъдии асарҳояшон ислоҳ
мекардаанд ва ба мунаққиди ҷавони таълифоташон сипосгузорӣ мекардаанд.
Тақриз ва
нақду баррасиҳои Ҷумъабой Азизқулов як ҷиҳати мумтози дигаре ҳам доштанд, ки
онҳоро аз навиштаҳои мунаққидону адабиётшиносони дигар фарқ мекунониданд. Ва ин
ҷиҳат иборат аз он буд, ки муаллиф дар онҳо ба масъалаҳои забон ва ҳусни баён
диққати махсус медод ва ҳамчун як суханшиноси огоҳ аз равандҳои гузашта ва
имрӯзи забони форсии тоҷикӣ мулоҳиза
меронд.
Афсӯс, ки бо доштани беҳтарин имконот
ва заминаҳои давом додани фаъолияти
таҳқиқ, нашр ва нақд, монанди огоҳии
комил аз адабиёти гузашта ва муосир, забондонию маънифаҳмӣ, дақиқкорию аниқгуфторӣ,
ҳалолкорию заҳматкашӣ, сабру тоқати
фаровон, дилбастагии фавқулода ба кори таҳқиқу нашр, масъулияти сарпарастӣ
намудани аҳли хонадон водор мекунад, ки бо кори тарҷума ва таҳрир машғул шавад.
Худи муаллиф сабаби асосии онро дар як мусоҳибааш бо масъули маҷаллаи
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон “Фурӯғи тарҷума" чунин шарҳ
додааст: “Азбаски оилаи сернуфус доштаму таъмини эшон маблағ мехост ва дар он
солҳо барои тарҷума музде медоданд, шабонарӯзӣ кор карда асарҳои зиёди илмӣ,
илмии оммавӣ, публитистӣ ва бадеиро мутародифан тарҷума мекардам, ки миқдорашро
имрӯз худам ҳам намедонам”. Ҳамчунин аз гуфтаҳои дигари ӯ дар мусоҳиба бо
хабарнигори рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”
бармеояд, ки аз охири солҳои ҳафтодум ба кори Энсиклопедияи советии
тоҷик ҷалб гардиданаш ва боқӣ намондани фурсати муносиб ба таҳқиқу пажӯҳиш низ,
ки ба таъбири ӯ “машғулияти шаборӯзӣ мехоҳад”, боиси аз таҳқиқ ва нашр дур
шудани вай гардидаанд. “Аммо банда, ки ба таҳқиқу нашри осори насри таълифиву,
ба истилоҳ, маснӯъ шурӯъ карда будам,... ба кори донишнома - ЭСТ ҷалб гардидам.
Тадқиқи илм тарҷумаву таҳрири муқаррарӣ нест, ки кас тавонад дар соатҳои
фароғату берун аз кори явмия ба он машғул шавад. Таҳқиқу пажӯҳиш машғулияти
шаборӯзӣ мехоҳад, яъне кори ҳамарӯзаи таҳияву таҳрири ҷилдҳои алифбоии ЭСТ ва
дигар нашрияҳои соҳавӣ ақлу ҳуши маро ба якборагӣ фаро гирифту дар ин миён умри
қобили корам сипарӣ шуд”.
***
Агарчи Ҷумъабой Азизқулов аз кори
таҳқиқу нашри адабиёт ба тарҷумаву таҳрир рӯ оварданашро як амали маҷбурӣ, яъне
бино ба зарурати таъмини маоши хонаводаи сернуфусаш медонад, баъдан тарҷумаву
таҳрир ба яке аз соҳаҳои асосии фаъолияти офаридгории доманадораш табдил меёбад
ва ӯ ҳамчун устоди комил дар тарҷумаву таҳрир дар доираҳои илму адаби ҷумҳурӣ
ном мебарорад. Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод, ки замоне дар идораи
рӯзномаи “Маориф ва маданият” ҷонишини муҳаррир буд ва дар он солҳо бо Ҷумъабой
Азизқулов ҳамкории наздик дошт, ба ёд овардааст, ки: “Мақола ё очерк дар мавзӯи
табиатшиносӣ бошад, Ҷумъабой Азизқулов ҳамчун як олими табиатшинос тарҷума
мекард ва агар аз кору бори табибон бошад, ҳамчун як олими соҳаи тиб”.
Ҷумъабой Азизқулов ба сифати тарҷумон
беш аз бист қиссаву роман ва маҷмӯаи ҳикояҳои адибони хориҷиро аз русӣ ба
тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо аз ҷумла асарҳои Анвар Олимҷонов “Маснади
Рӯдакӣ” (1967), “Армуғони Утрор” (1973) ва “Пайкони Маҳамбет” (1983), В. Шукшин
“Суҳбати маҳтобшаб” (1981), Темур Пӯлодов “Маро аз ҷангал ҷӯед” (1981),
Александр Дюма “Се мушкетдор” (1984) ва “Граф Монте-Кристо” (1985; 2010), Олес
Гончар “Одам ва яроқ” (1985), И. Авижус “Бехонумон” (1987) ва Ярослав Гашек
“Саргузашти сарбози чолок” (2009) ҳастанд ва дар байни хонандагони тоҷик
алоқамандони зиёде пайдо карданд. Аз ин байн, бино бар эътирофи худи мутарҷим,
“асарҳои табъи дилаш”, онҳое, ки бо амри дили худ ташаббускори тарҷумаашон
шудааст, китобҳои В. Шукшин, А. Дюма ва Я. Гашек мебошанд. Тарҷумаҳои дигарро,
бино бар гуфтааш, бо тавсияи нашриётҳо анҷом додааст.
Ҳам дар
тарҷумаи “асарҳои табъи дил” ва ҳам асарҳое, ки нашриёт тавсия намудааст,
Ҷумъабой Азизқулов яксон кӯшиш кардааст, ки “заминаи ҷумла ва матн мутобиқи
сарфу наҳви забони тоҷикӣ бошад” ва инро мутобиқ ба асли маълум дар тарҷумаи
бадеӣ “нигоҳ доштани услуби нависанда” медонад. Муаллиф ба кашфи ин асли нав
дар тарҷума пас аз тарҷумаи китобҳои нависандаи қазоқ Анвар Олимҷонов “Маснади
Рӯдакӣ” (1967) ва “Армуғони Утрор” (1973) тавфиқ ёфтааст. Ӯ бовар бар он дорад,
ки “агар намояндаи халқу адабиёти дигаре дар асараш ба таърих, ахбор, осор,
тарзи зиндагӣ ва шеваи гуфтори фарз кардем, мардуми мо, дахл карда бошад, дар
ин сурат тарҷумонро лозим меояд, ки дар тасвири рафтору гуфтори персонажҳо он
шеваеро ба кор барад, ки ба ин мардум хос аст, ба шарте, ки тарҷумони
қаламбадаст ин корро ба субут расонда тавонад”. Вале, азбаски чунин тарзи
тарҷума дар байни аҳли илму адаби тоҷик маъмул набуд, нависанда ва тарҷумони
номии тоҷик зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев, тавре ки муаллиф ба ёд меорад, “бо
лутфи гуфтори ба худашон хос гуфтанд: «Зӯр зада тарзи гуфтори як нафар қазоқи
саҳронишинро ҷудо ҳам зебу ороиш додаӣ-ку». Дар ҷавоб гуфтам: «Акои азиз, дар
асар намояндагони аҷдоди бузурги худамон амал кардаву сухан меронанд. Ман кӯшиш
кардам тарҷума ба тарзи гуфтору иштирокдорони воқеоти давр андак бошад ҳам,
шабоҳат пайдо кунад. Ба
он ки ноқил як нафар қазоқ аст ё каси дигар, коре
надорам». Акои Фазлиддин қиёфаи ҷиддӣ
гирифтанду гуфтанд: «Оре, бояд чунин бошад». Ба шаҳодати ӯ,
чанд сол баъд нависандаи тавоно
Сотим Улуғзода низ ба тарҷумониаш ишорат карда гуфта буданд, ки
«оре, аз ҳамин
шеваи нигоришат хушам омад».
Аммо чунин
шеваи тарҷума, бино бар ақидаи ӯ, маънои онро надорад, ки тарҷумон асари аслро
ба дараҷае ба таври худ бисозад, ки ба аслаш мутобиқат накунад, чунонки
тарҷумонҳои асарҳои манзуму мансури адибони тоҷик ба русӣ мекарданд. Муаллиф ба
хотир овардааст, ки “солҳои 70-уми асри гузашта идораи маҷаллаи «Садои Шарқ»
мақолаи И.С. Брагинский «Ҷанбаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар ашъори Мирзо
Турсунзода»-ро дод, ки аз русӣ тарҷума кунам. Порчаҳои шеърии русии дар
тарҷумаи Сергей Липкин омадаро аз маҷмӯаи шеърҳои тоҷикии шоир пайдо карданӣ
шудам. Чӣ мегӯед, ки қариб ягон банди барои тақвияти фикр иқтибоскардаи
муаллифи мақоларо дар байни ашъори тоҷикии шоир пайдо карда натавонистам.
Тарҷумон на фақат таркиби алфоз, балки мазмуну ғояи шеърҳоро билкул дигар
кардааст”.
Ҷумъабой
Азизқулов тарафдори он аст, ки дар тарҷума вежагиҳои лафзу маънӣ, шеваи нигориш
ва андешарониҳои соҳиби асари асл нигоҳ дошта шавад. Барои ӯ сухани ҷавобии
нависандаи соҳибистеъдоди тоҷик Ҷумъа Одина ба тарҷумони русаш М. Синенлников,
ки мехост барояш аз “Иншо дар мавзӯи озод” “повести нағзе сохта диҳад”, писанд
омадаанд, ки гуфта: “Ман мехоҳам навиштаи худам дар Маскав чоп шавад. На ин ки
барои ман каси дигаре асар навишта диҳад”.
Аммо ҳамзамон
ба ин таҷрибаи тарҷумаи асарҳои муосирон ва таҳриру тасҳеҳи осори гузаштагон
ӯро ба хулосаи дигаре низ овардааст, ки тарҷумон ё мусаҳҳеҳ ҳақ дорад, ки
ҳангоми тарҷума ва ё тасҳеҳу таҳрир бо назардошти завқ ва дарки “хонандаи
муҳити дигаре, наздик ба фаҳму дарки хонандааш асаре ба вуҷуд оварад”. Намунаи
чунин тарзи тарҷума, яъне тарҷумаи озодро вай дар адабиёти асримиёнагии форсии
тоҷикӣ, аз ҷумла дар мисоли “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ дидааст, ки аз
забони паҳлавӣ мустақиман то ба имрӯз расидааст.
Дар бораи шева
ва усули тарҷумаву таҳриру тасҳеҳ ва бархурди Ҷумъабой Азизқулов ба асарҳои
гузаштагон ва муосирон бо ӯ баҳс кардан мумкин аст, вале наметавон инкор намуд,
ки онҳо натиҷаи таҷрибаҳои бобарори вай дар ин заминаҳо мебошанд ва дар дохил
ва хориҷи кишвар пазируфта шудаанд. «Синдбоднома», - навиштааст ӯ, - зери
унвони «Китоби ҳаким Синдбод» соли 1971 ба чоп расид, ки кӯшиш намуда будам
сабки таҳрир ҳар чи мумкин аст, ба тарзи нигориши пешиниён наздик бошад. Ҳатто
муҳаққиқи таърихи забони форсӣ-тоҷикӣ, шодравон Бегмурод Сияев барои сабки асри
ХII-и забони тоҷикӣ аз нигоштаҳои ман ба сифати шоҳид дар тадқиқоташ ҷумлаву
ибораҳо иқтибос карда буд, бехабар аз он ки мисолҳои иқтибосиаш намунаи сабки
асри ХХ аст дар нигориши банда. Яъне ки «Китоби ҳаким Синдбод»-и банда дар
радифи тарҷумаву таҳрирҳои сершумори китоби Синдбоди деринасоли адабиёти форсу
тоҷик як варианту версияи ҷадиди ин асар аст... Пажӯҳишгару матншиноси эронӣ
Саййид Муҳаммадбоқири Камолиддинӣ, ки матни интиқодии тозаи “Синдбоднома”-и
Заҳирии Самарқандиро ба табъ расондааст (Теҳрон, 2003), ба ман гуфт, ки тарзи
нигориши «Китоби ҳаким Синдбод»-и ту ба ноширони эронӣ писанд омад ва ба ман
пешниҳод карданд, ки шабеҳ ба ҳамин матне омода кунам, то барои ҷавонони
имрӯзаи Эрон ба табъ расонда интишораш диҳанд”.
Тарҷумаҳои бадеии Ҷумъабой Азизқулов, бино бар
мушоҳидаҳои аҳли адаб, бавежа тарҷумашиносон, бо доштани “забони софу ноби
тоҷикӣ” ва риояти қатъии “табиати забони
модарӣ” фарқ мекунанд. Вобаста ба ин Ӯрун Куҳзод, ки худ дар тарҷумаи бадеӣ
муваффақ аст, (аз ҷумла дар тарҷумаи романи Ҷабраил Гарсиа Маркес “Хазони умри
одамхудо”), навиштааст, ки “вай забони адабии китобро хуб ва ҳатто метавон
гуфт, ки мукаммал омӯхтааст ва дар баробари ин назокати забони гуфтугӯ ва
тобиши гӯишҳоро нағз медонад. Ин ҳунари волои забондонии ӯ дар тарҷумаи
ҳикояҳои Василий Шукшин барҷаставу баръало зоҳир гардидааст”.
Ҷумъабой
Азизқулов имони комил бар он дорад, ки “барои тарҷумони хубе шудан танҳо нағз
донистани забони асари асл, дар айни замон, забони русӣ, кофӣ нест, ҳарчанд ки
ин дониш ҷиҳати муҳимми кор аст. Хуб донистани забони дуюм, ки нигоранда ба он сухан
меронаду таҳрир мекунад, яъне менависад, ба кораш муҳимтар аз донистани забони асли асар
аст. Чаро? Чунки донистани рангорангию тобишҳои маъноии забони воқеан тавонои русиро ғайр аз дониши зеҳнӣ, боз ба воситаи луғатҳои дузабонаю тафсирӣ, истилоҳӣ, фарҳангномаҳои энсиклопедӣ ва ғайраву ҳоказоҳо метавон як дараҷа ҳосил кард ва ҳеч набошад, аз дониши донандагони
ин забон баҳра
бардошт. Аммо забони дуюмро ба дараҷаи бояду шояд бибояд донист. Ин ҷо омилҳои дигар камтар суд мебахшанд”.
Таҳриру тасҳеҳи “Самаки айёр”,
“Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик” дар чаҳор ҷилд ва “Саҳеҳ-ал-Бухорӣ” дар
шаш ҷилд низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Таҷрибаи бобарор ва нодири Ҷумъабой
Азизқулов дар тарҷума ва таҳрир шоистаи он аст, ки аз тарафи тарҷумашиносон ва
сабкшиносон ба таври ҷудогона омӯхта шавад. Анҷоми ин кор рушди баъдии тарҷумаи
бадеиро таъмин ва ҳунари таҳриру тасҳеҳро дар Тоҷикистон комил мегардонад.
***
Фаъолияти бисёрсола ва бобарори
Ҷумъабой Азизқулов дар соҳаи тарҷумаву таҳриру тасҳеҳ ва идораи ЭСТ барояш
мактаби бузурги забономӯзӣ, забондонӣ ва суханшиносӣ буд. Ва ӯ имрӯз яке аз
беҳтарин суханшиносони тоҷик ба шумор меравад ва аз тарафи адибон ва
донишмандони номии тоҷик, аз қабили Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин
Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва узви вобастаи
АИ ҶТ Акбари Турсон эътироф гардидааст. Ахирӣ, ки солҳо дар идораи ЭСТ бо муаллиф
ҳамкор буд, бо назардошти дониши амиқаш дар соҳаи забон ва луғат ба натиҷае
расидааст, ки “андешаҳои ӯ ба ҳадде саҳеҳу дақиқанд, ки ба онҳо танҳо розӣ
шудан лозим асту бас”. Устод Шакурӣ, ки
дар забондонӣ ва суханшиносӣ якто буданд, пас аз мутолиаи рисолаи Л.Н. Демидчик
доир ба офаридаҳои драмнависони тоҷик дар тарҷумаи Ҷумъабой Азизқулов ба забон
овардаанд, ки “тарҷумаи Ҷумъабой Азизқулов ба дараҷае пухтаву дилхоҳ анҷом
ёфтааст, ки маро аз заҳмати таҳрир кардан раҳонид”. Ҷумъа Одина пас аз гӯш
додан ба эродҳои муаллиф дар бораи романи овозадораш “Гузашти айём” эътироф
намуда будааст, ки “ин нозукиҳоро ту барин медонистагиҳо аз ҳазорон якта”.
Махсусан
қиссаи чӣ тавр сурат гирифтани гуфтугӯи ӯ бо нависандаи номӣ ва дар забондониву
суханшиносӣ эътирофгардидаи тоҷик Сотим Улуғзода пас аз мутолиаи романи
“Фирдавсӣ” басо аҷиб аст. Тавре ки Ҷумъабой Азизқулов ба хотир овардааст, “соли 1986 дар шумораҳои 10 ва 11-и маҷаллаи «Садои Шарқ» романи «Фирдавсӣ»-и он кас ба чоп расид. Хондам,
эродҳои зиёде пайдо шуд. Рафтам назди
муаллимам Муҳаммадҷон Шакурӣ, ибрози андеша кардам. Он кас
гуфтанд: - Оре, эродҳоят
ҷиддӣ будаанд, ба худи нависанда гӯ. Гуфтам: - Мегӯянд, ки он кас мағруру назарбаланданд, магар ки боиси
ранҷишашон шавад. Гуфтанд: - Не, ба
гапи маъқул
гӯш медиҳанд.
Аз хонаи муаллим Шакурӣ занг зада, матлабро баён кардам...
Улуғзода
гуфтанд: - Хуб шудааст, фардо соати шаши бегоҳ, вале на бештар аз як соат вақт дорам.
Дар соати ваъдагӣҳозир шудам. Дар ибтидои суҳбат пай бурдам, ки аз рӯи одоб ба гапам гӯш дода истодаанд. Лекин ду-се эроди
қавитар ба миён омада буд, ки сар
боло карданду гуфтанд: - Сабр кунед. Бархостанд, дафтару қалам оварданд, айнак ба чашм
гузоштанду ба забон оваранд: - Аз ибтидо сар кунед.
Ман саҳифа ба саҳифа андешаҳоямро ба миён гузоштам, он кас
эроду далелҳои
маро сабт карданд, ки як дафтари мактабӣ пур шуд. Даме суҳбат ба поён расид, дидам, соат қариби даҳ. Ҷое буд, ки ба осонӣ розӣ намешуданд, вале дар муқобили далелҳо сар мефуроварданд. Масалан, ба
ибораи «ароз кардан» эрод гирифтам, ки аз ҳад лаҳҷагист, гуфтанд: - Ин калимаро хуш
дорам, тобиши маъноиаш баланд аст. Гуфтам: - Шумо итминон доред, ки дар асри
10, дар замони Фирдавсӣҳам
ин ибора роиҷ
буда бошад (шакли дурусти адабии ароз - эъроз аст), табассум карданду гуфтанд - Шуд.
Романи «Фирдавсӣ»-ро соли 1988 нашриёти «Адиб» чоп
кард. Дидам, ислоҳ
кардаанд (дар маҷалла
«ароз мекунад» буд, дар китоб «меситезад» шудааст)”.
Анҷоми ҳамчунин кореро нависандагони
номӣ Фазлиддин Муҳаммадиев ва Ҷумъа Одина дар баробари эродҳои муаллиф ба
забони романҳои “Палатаи кунҷакӣ” ва “Гузашти айём” низ раво дидаанд.
Устоди равоншод Муҳаммадҷони Шакурӣ бо
камоли масъулият дар вақташ эълом дошта буданд, ки “тавассути тарҷумаҳои
сершумори ӯ забони адабии мо хеле сарватманду ғанӣ гардид”. Азбаски тарҷумаву
таҳрирҳои Ҷумъабой Азизқулов мавриди омӯзиши ҷудогона қарор нагирифтаанд, ҳоло
аниқ гуфта наметавонем, ки забони адабии мо то ба кадом дараҷа ба шарофати
тарҷумаву таҳриру тасҳеҳҳои ӯ сарватманду ғанӣ гардидааст. Вале аз баъзе
ишораҳои худи муаллиф бармеояд, ки хизмати вай аз ҷумла дар сохтани калимаҳои
нав ва пайдо намудани муродифҳои муносиби мафҳумҳову истилоҳоти хориҷӣ хурд
нест. Мо ҳама имрӯз “соҳибҷашн” мегӯему менависем, бехабар аз он ки ин калимаро
бори нахуст соли 1961 ба муносибати 60-солагии Муҳаммадҷон Раҳимӣ маҳз Ҷумъабой
Азизқулов ҳамчун муродифи “юбиляр” сохта
ва истифода бурдааст. Истеъмоли калимаи “ҷавонмард” ба маънои “молодой человек”
дар тарҷумаи асари Александ Дюма “Се мушкетдор”, “муҳаррики дарунсӯз”, “чароғи
маҳтобӣ”, “нурполо” ва “мадди назар” ҳамчун муродифи таъбиру мафҳумҳои русии
“двигатель внутреннего сгорания”, “лампа дневного света”, “сетофилтер” ва
“первый план” низ хидмати ӯст. Маълум аст, ки бозёфтҳои ӯ дар тарҷумаву таҳрир
бо зикри ин чанд калимаву мафҳумҳои нав, ки худ ба онҳо ишора намудааст, маҳдуд
намешавад, онҳоро бояд таҳқиқ кард ва мушаххас намуд.
Бартарии Ҷумъабой Азизқулов ҳамчун
суханшинос нисбат ба аксарияти кулли аҳли адаб ва илми тоҷик дар ин аст, ки ӯ
дар забон таҳқиқ дорад. Беҳуда нест, ки ӯ ба тарҷумонҳои ҷавон як нуктаро
гӯшрас кардааст, ки “китоби луғати дузабона ҳамеша бояд зери дасти тарҷумон
бошад. Ҳеч гоҳ ба забондонӣ (масалан, русидонӣ) намебояд ғарра шуд. Китоби
луғати дузабона на фақат маънии вожаву таъбирҳоро мефаҳмонад, балки ба интихоби
муродифи мувофиқ низ мусоидат мекунад”. Худи муаллиф дар амалияи тарҷумониаш
танҳо ба луғатномаҳо қаноат накарда, бар замми аз нигоҳи интиқодӣ ба онҳо
муносибат кардан ва аз иштибоҳоти шарҳи луғатҳо дар онҳо ҳазар намудан барои
тафтишу таҳқиқи ин ва ё он калимаву таъбир ва мафҳуму истилоҳҳо ба намунаҳои
манзум ва мансури адабиёти гузашта ва кунунӣ рӯ овардааст. Барои мисол, вай ба
мавҷуд будани қолаби калимаи “ҷавонмард” ва ба маънои маъруфи он дар забони
тоҷикӣ иктифо накарда, ҳамчунин ба маънии “марди ҷавон” истеъмол гардидани
онро, ки худ дар тарҷумаи асари Александр Дюма “Се мушкетдор” ба кор бурда буд,
аз тарафи Абдурраҳмони Ҷомӣ солҳо баъд пайдо намудааст:
Ҷавонмардо,
ҷавонмардӣ биёмӯз,
Зи мардони ҷањон мардӣ биёмӯз.
Бо назардошти он чи дар боло вобаста
ба маҳорати фавқулодаи забондонию суханшиносии Ҷумъабой Азизқулов ҳамчун
тарҷумони соҳибистеъдод, ношир ва муҳаррири нотакрор гуфта шуд, ду мусоҳибаи ӯ
“Сухан аз забон ва тарзи баён” ва “Забон ба соҳибу нигаҳбон ниёз дорад” ва
мақолааш “Ваҷҳи тасмияи “домулло” дорои аҳаммияти хоссае мебошанд. Дар онҳо
мулоҳиза ва мушоҳидаҳои басо ҷолиб ва нуктаҳои омӯзандаи як нафар суханшиноси
мумтоз ва соҳибтаҷриба дар бораи вазъи кунунии забони тоҷикӣ баён гардидааст.
Аз ҷумла вай бо алами зиёд гуфтааст, ки “ман гумон мекунам, ки дар ҳафтоду анд
соли адами истиқлолияти сиёсӣ забон ин қадар беқадру беписанд нашуда буд, ки
ҳоло дар замони ба истиқлолияти сиёсӣ расидани мо ба беписандӣ рӯбарӯ шуда
истодааст. Ин дам ҳар кӣ ҳар чӣ ба даҳонаш ояд, гуфтан ва ҳар чӣ ба дилаш хутур
кунад, навиштан дорад”. Ба ақидаи ӯ, сабаби ба чунин ҳолати ногувор гирифтор
шудани забони тоҷикӣ аз масъулиятношиносӣ ва саҳлангории аҳли илму адаби
ракиксавод, аз ҷумла бархе аз нависандагон, адабиётшиносону матншинсон ва
фарҳангшиносони имрӯзаи тоҷик мебошад. “Вожаву таркибҳое, ки нависанда аз муҳовираи
мардум, аз аҳли ҳирфаву пеша мешунаваду ҷамъоварӣ мекунад, - навиштааст вай, - бояд
қаблан онҳоро санҷида, ба таҳқиқ расонда, баъд ба кор барад”. Муаллиф як роҳи
раҳоӣ аз вазъи ногувори кунуниро дар зинда гардонидани баъзе аз таҷрибаҳои
бобарори замони шӯравӣ дидааст. Ӯ гуфтааст, ки “он солҳо идораҳои нашрияҳо ҳам
муҳаррири сиёсӣ доштанду ҳам муҳаррири адабию услубӣ. Аз афташ имрӯз ҳам ба
идораи радиёву телевизион ва расонаҳои чопӣ ба муҳаррири сиёсӣ набошад ҳам, ба
муҳаррири адабӣ ниёз ҳаст”.
Бар иловаи мулоҳиза ва мушоҳидаҳои
болои муаллиф дар бораи сабабҳои вазъи асафбори забони тоҷикӣ, ки дар ҷо
доштани онҳо ҷойи шакке нест, гуфтанием, ки онҳо хеле амиқтар ва ҷиддитар
мебошанд аз он чи тасаввур мешаванд. Бино бар ин танҳо бо ҷорӣ намудани ниҳоди муҳаррири
адабӣ ҳал нахоҳанд шуд. Имрӯз зарурати зиёд ба танзим ва татбиқи барномаи вежаи
умумимиллии ҳифзи асолати забони тоҷикӣ мавҷуд аст.
***
Соҳаи дигаре, ки дар он Ҷумъабой
Азизқулов барори комил дорад, хотиранависӣ аст. Хотироти ӯ ё ба таъбири худаш
“ёдмондаҳояш” бартарие доранд, ки ёддоштҳои дигарон ё надоранд ва ё дар онҳо
камтар ба назар мерасад. Муаллиф бо бисёр шоирону нависандагон, тарҷумону рӯзноманигорон ва донишмандони номии тоҷик ё
ҳамкор будааст ва ё робитаи наздики дӯстӣ ва эҷодӣ доштааст, аз он ҷумла бо
Абдусалом Деҳотӣ, Ҳасан Ирфон, Тӯрақул Зеҳнӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Боқӣ Раҳимзода,
Фотеҳ Ниёзӣ, Муллоҷон Фозилов, Шарифҷон Ҳусейнзода, И.С. Брагинский,
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Убайд Раҷаб,
Юсуфҷон Салимов, Аълохон Афсаҳзод, Ҳамроқул Шодиқулов ва дигарон. Ӯ ба ҳамин
муносибат навиштааст: “Банда... дар умри нисбатан на кӯтоҳи худ бо аксари
адибону олимони номдори тоҷик муоширату ҳамсуҳбатӣ доштам”.
Ҷумъабой Азизқулов маҳорати баланди
бозгӯии дидаву шунидаву хондагиҳояшро дорад ва онҳоро мисли як нависандаи
соҳибтаҷриба ва чирадаст ба қалам меорад, чунончи дар ”Зикри хайр зинда кунад
номро (дар бораи “як заҳматкаши фарҳанги халқи тоҷик” Абдусалом Деҳотӣ), “Дар
суҳбати Ҳасан Ирфон”, “Шиносоии ман бо Ҷумъа Одина”, “Ёде аз Иосиф
Брагинский”, “Марди шариф”, “Ёди ёре,
ки бародар шуда буд” (дар бораи адабиётшиноси номии тоҷик равоншод Юсуфҷон
Салимов), “Синааш зеби нишон буду... “ (дар бораи матншиноси забардасти зиндаёд
Аълохон Афсаҳзод), “Будубоши Ҳамроқул дар сарои сипанҷ” (дар бораи мунаққиди
соҳибистеъдод раҳматӣ Ҳамроқул Шодиқулов). Тасодуфӣ нест, ки нависандаи номӣ
Ҷумъа Одина ба ӯ маслиҳат дода буд, ки ба ҷойи тарҷумонӣ, ки “пешаи сангин ва
пурзаҳмати камкифоят аст”, “беҳтараш бо нависандагӣ машғул шав”.
Хотираҳои Ҷумъабой Азизқулов бо
доштани ҷузъиёти хотирмони зиёд, лаҳзаҳои нотакрор ва бозтобдиҳандаи чеҳраи
хоно ва гӯёи касоне, ки дар бораашон дар онҳо сухан меравад, таҳлилҳои амиқ ва
нақду баррасииҳои боасоси дорои арзиши баланди адабӣ ва илмӣ мебошанд ва барои
дарки дуруст ва амиқи он шахсиятҳои илмию адабӣ ва асарҳояшон мусоидат менамоянд.
Зимнан, дилам бисёр мехоҳад, ки ин
суханшиноси соҳибтаҷриба ва донишманд кори савоби хотиранависиашро дар бораи адибону
олимону фарҳангиёне, ки бо онҳо ё ҳамкор буд, ё суҳбатҳо дошт ва ё аз наздик
мешинохт, идома бидиҳад ва алоқамандонашро аз ин ба баъд низ шод гардонад.
***
Соҳиби
ин китоби фавқулода арзишманд ва хондание, ки шумо, хонандагони азиз,
дар даст доред, Ҷумъабой Азизқулов имсол ба синни мубораки 80 мерасад ва
навиштаҳои китоб як навъ корномаи эҷодии ӯ буда, гувоҳӣ бар он медиҳанд, ки вай
зиндагии басо омӯзанда ва фаъолияти ормонии пурбаракат ва боарзише дар роҳи
рушди илму адаб, забон ва фарҳанги кишвари азизаш доштааст.
Барои ӯ дуои тоҷикии “тани сиҳат,
хотири ҷамъ ва дили беғам”-ро такрор мекунам ва таманнои онро дорам, ки давлати
пирӣ ронад ва фаъолияти илмию адабии судмандашро, ки ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба он
беҳад ниёзманд аст, идома бидиҳад.
6 январи 2014.
Комментарии
Отправить комментарий