Шеър, математика ва рушд…

Раиси вақти Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони ҶТ Шариф Раҳимзода 14 декабри соли 2018 дар суханрониаш дар Конференсияи «Таҳлили соҳаи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид карда буд, ки «мақомот ва мардум дар Тоҷикистон бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунанд, на бо адабиёт ва таърих».  Зеро, ба ақидаи ӯ, кишварҳои муваффақе, мисли Аврупо ва Амрико барои он пешрафтаанд, ки «бештар ба илмҳои дақиқ рӯ овардаанд». Ва гӯиё дар панҷ соле, ки дар маркази Аврупо зистааст (ӯ солҳои 2001-2006 Сафири фавқулод ва мухтори ҶТ дар Белгия ва Фаронса буд),  ба мушоҳида гирифтааст, ки «мардуми онҷо як мисраъ шеър намедонанд. Мо суханро бо шеър оғоз мекунем. Онҳо пеш рафтанд, мо ақиб мондем». Яъне ӯ сабаби аслии ақибмондагии Тоҷикистонро дар он дидааст, ки мардуми мо бештар бо адабиёт ва фарҳангу ҳунар машғул аст, на бо илмҳои дақиқ, аз ҷумла математика, биология ва кимиё, ки асоси пешравии ҷомеа ба рушди онҳо вобаста мебошад.
Бисёр таассуф, ки дар чунин бардошти ғалат ӯ танҳо нест. Зимнан, ман ӯро аз наздик мешиносам. Мувофиқ ба номаш инсони шариф буда, ходими давлатӣ, иқтисоддон ва дипломати номӣ мебошад. Ва шояд барои ба чунин хулоса омадан асос ҳам дорад. Зеро, дарвоқеъ, дар чанд даҳсолаи охир мо ҳар киро, ки, тавре ки Шариф Раҳимзода дуруст мегӯяд, ду-се мисраъро манзум кунад,  «бузург» хондем, барояш ҷоизаҳо ва унвонҳо додем ва бо ҳамин шеъру шоириро беқадр кардем. Вале вақте ки сухан аз адабиёт ва нуфузи он дар ҷомеа меравад, бояд ҳамеша адабиёти асил ва шоирони асилро дар назар дошта бошем, на шоиртарошону беҳунаронро. Сониян, мулоҳизаи он ки дар Ғарб шеър намехонанд ва ҳатто як мисраъ шеърро намедонанд, ба ҳақиқат рост намеояд ва бовар карданӣ нест. Дур намеравем, дар яке аз кишварҳои аврупоӣ, ки Шариф Раҳимзодаи муҳтарам панҷ сол он ҷо зистааст, дар Фаронса, ки  адабиёти муқтадири гузашта ва муосир вуҷуд дорад, аз он ҷумла шеър, дар кишвари Стендал, Балзак, Волтер, Гюго, Луи Арагон, Роман Роллан, Пол Сартер, Алберт Камю, Пол Элюар, Анатол Франс ва дигарон, дар кишваре, ки танҳо дар соҳаи адабиёт 8 ҷоизаи адабию давлатӣ дорад (Ҷоизаи бузурги Академияи Фаронса барои роман, Ҷоизаи Декабр, Ҷоизаи Фемин,  Ҷоизаи Флора, Ҷоизаи Гонкур, Ҷоизаи байнииттиҳод, Ҷоизаи Медичи ва Ренодо, Ҷоизаи ҷоизаҳои адабӣ), дар кишваре, ки танҳо дар ибтидои асри ХХ1 дуто барандаи Ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи адабиёт дорад, мисли Жан-Мари Гюстав (2008) ва Патрик Мондиано (2014) бовар намекунам, ки касе адабиёт,  шеър намехонда бошад.     
  Адабиёти асил ва ҳунари асил дар ҷомеаи инсонӣ дар тамоми давру замонҳо қадру манзалати баланд дошта, дар баробари илмҳои дигар, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва бунёдӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ва кишварҳо будаанд. Аз ин рӯ ба ҳам муқобил гузоштани илмҳои иҷтимоӣ ё  гуманитарӣ бо илмҳои дақиқ ва якеро бар дигаре бартар донистан, мақоми якеро аввал ва дигареро дар ҷойи дуюм гузоштан  усулан дуруст нест. Магар имкон дорад, ки рисолаҳои Умари Хайём оид ба ҳисоб «Ҷабр ва муқобала» ва нуҷум - «Зичи маликшоҳӣ»-ро бо рубоиёти оламгири ӯ муқобил гузошт ва якеро бар дигаре афзалият до два ё баръакс? Имкон надорад. Барои ҳамин ҳам ба дараҷаи матлуб рушд накардани иқтисод, саноат, кишварзӣ ва соҳаҳои дигарро дар Тоҷикистон ба шеър, адабиёт ва ҳунар – суруду рақс вобаста намудан дуруст нест. Сабабҳои аслии он, мову шумо медонем, ки  ба омилҳои дигари айнию зеҳнӣ вобастагӣ дорад, аз ҷумла ба чигунагии сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳои миёнаву донишкадаву донишгоҳҳоямон, сифати пасти барномаву китобҳои дарсӣ, усули таълим,  муаллимону устодон, мақоми иҷтимоии онҳо ва ғ. ва ҳ.к. Барои мисол, дар замони Шӯравӣ ба шарофати як муаллими донишманди исфарагӣ  Азизов як насли кимёгарони тоҷик ва ба туфайли устод Абдуҷаббор Шарифзода дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент як насли адибон ва донишмандони адабшиносу забоншиноси тоҷик, аз қабили Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Лоиқ Шералӣ, Кӯҳзод, Сорбон, Шарофиддин Рустамов, Бозор Тилавов ва дигарон ба воя расида буданд.  
Илмҳои дақиқ ва адабиёту ҳунар  дар асл як рисолат доранд ва он  ҳалли саривақтии мушкили мавҷудаи ҷомеа ва аъзои он мебошад.  Онҳо ин рисолати хешро ҳар як ба тарзу тариқи худ  анҷом медиҳад. Илмҳои дақиқ бо тафаккури илмию ақлонӣ ва адабиёту ҳунар ба воситаи тасвирҳои бадеӣ, яъне тафаккури ҳунарӣ.
Дар таърихи илм ва адабиёту ҳунарҳои зебои дунё касоне буданд ва ҳастанд, ки ҳам намояндаи илмҳои дақиқ ва ҳам намояндаи илмҳои иҷтимоӣ буданд, мисли Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон. Ба шаҳодати ректори Донишгоҳи Маскав ба номи Ломоносов академик В.А.Садовничий, филолог, философ ва математик Иван Иванович Давидов дар Донишгоҳи Маскав дар як вақт ҳам  декани факултети таъриху филология ва ҳам профессори факултаи математика буд. Ва ӯ баъдан сарпарасти Шуъбаи забон ва адабиёти АИ Русия шуд ва рисолаеро бо номи «Таҷрибаи грамматикаи муқоисавии забони русӣ» навишт. Математики бузурги рус Андрей Николаевич Колмогоров дар баробари мутахассис назарияи нисбият, омори математикӣ ва ғ. будан, ҳамчунин донандаи мантиқи математикӣ ва назарияи иттилоот  буд. Ин математики бузурги асри ХХ на танҳо саҳми муассир дар рушди илми филология гузошт, балки дар таълими он низ ҳисса доштааст. Ва аҷибаш ин аст, ки  нахустин таърифи падеж дар забоншиносии русӣ ба қалами ҳамин математики бузург тааллуқ дорад. Дар айни замон ӯ яке аз бузургтарин муҳаққиқони вазн ва иқоъи шеър (метрика ва ритмика) ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби хонуми ҳисобдони рус Софя Василевна Ковалевская аст, ки  гуфтааст: «Ин илм (математика-А.С.) беш аз ҳама ба тахайюл эҳтиёҷ дорад. Математик будан номумкин аст, агар ҳамзамон дили шоирона надошта бошӣ». Ҳақ ба ҷониби шоир, забоншинос, дипломат ва ходими давлатии намоёни Қазоқистон Олжас Сулайманов аст, ки мегӯяд: «Там, где еще не поработал Шекспир, не родится Ньютон. Всерьёз не поддерживая  литературу, государства  впустую произносят модные слова «нанатехнологии», «модернизация» и пр.» Журналисти яке аз рӯзномаҳои Маскав ду сол пеш аз ин аз физики номдори рус академик Моисеев пурсидааст, ки: «Что надо сделать, чтобы в России школьники лучше усваивали физику и математику?» Академик чунин ҷавоби омӯзанда ва ибратбахше додаст: «В школьной программе надо увеличить число уроков литературы». 
Ҳамаи мо ҳам ҳанӯз ҳам таҳти таъсири суханронии  фаромӯшнашавандаи  Президенти муҳтарами ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар дар рӯзи 18 марти  соли равон қарор дорем. 
Яке аз нуктаҳои умдаи суханронии Ҷаноби олӣ ин буд, ки мо бояд дар кишварамон ба рушди илмҳои дақиқ, истифодаи технологияи муосир, парвариши тафаккури техники аҳолӣ, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, вусъат ба навовариву ихтироъкорӣ  ба хотири татбиқи ҳадафи чаҳоруми стратегӣ – саноатисозии мамлакатамон диққати ҷиддӣ диҳем. Зеро, тавре ки Президенти муҳтарамамон таъкид карданд, «имрӯз бе илму иноватсия, технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузоштан намешавад». Аммо таъкиди ин нукта аз ҷониби Сардори давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз маънои онро надорад, ки соҳаҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ сарфи назар шудаанд. Зеро Президенти муҳтарами кишвар дар суханрониашон ҳамчунин ба нуфузи муассир ва нақши намоёни илмҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеаи тоҷикро низ таъкид намуданд. Аз ҷумла он кас гуфтанд, ки «дар самти таърих, забон ва адабиёт, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик донишмандони АИ корҳои арзишмандеро анҷом дода, осори бебаҳои нобиғаҳои илму адабро ба чоп расонданд».  Ин гуфта баҳои баланд ва сазовор ба заҳмати олимони ҷомеашинос ва забоншиносу адабиётшинос мебошад. 
Аз таваҷҷуҳи хосси Ҷаноби олӣ ба рушди илмҳои ҷамъиятӣ, ба забон, адабиёт ва ҳунари миллӣ ҳамчунин дастуру супоришҳои зиёде, ки он кас ҳангоми суханрониашон дар ин вохӯрии таърихӣ ба масъулони соҳа, аз он ҷумла ба раёсати Академияи миллии илмҳо доданд, шаҳодат медиҳанд. Чунончи он кас ба зарурати  ҳалли масъалаҳои зерин ишора намуданд: 
– ҷамъоварӣ ва ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси хонандагон гардондани осори хаттии забонҳои гуногун, пеш аз ҳама, забонҳои қадимаи ориёӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ, арабӣ, чиноӣ ва русӣ оид ба таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон; 
– баргардон ва тарҷумаи асарҳои таърихиву илмии донишмандоне, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста кардаанд;  
– омӯзиши масъалаҳои таҳқиқталаб доир ба таърихи адабиёти тоҷикӣ; 
– таваҷҷуҳ ба беҳтар намудан ва ба талаботи даврони Истиқлолияти давлатӣ мувофиқ гардонидани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ оид ба забон, адабиёт ва таърих ва ғ. 
Президенти муҳтарами кишвар рисолати олимони ҷамъиятшиносро иборат аз он медонанд, ки онҳо бояд «парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат нишон диҳанд».
Илова бар ин Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати олимони ҷомеашиносро ба он ҷалб намуданд, ки «вобаста ба хусусиятҳои замони ҳозира дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки мо бояд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешем». Яке аз чунин масъалаҳое, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи махсуси намояндагони  соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ қарор гирад ва барои ҳаллу фасли он тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад, ба назари мо, масъалаи инсонгарӣ (гуманитарӣ) кардани раванди омӯзишу парвариши илмҳои дақиқ – математика, физика, химия, биология ва ғ.  дар таълимгоҳҳои кишвар мебошад. Ин масъаларо дар Тоҷикистон бори нахуст академики зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар охири солҳои 90-ми асри ХХ матраҳ намуда буданд, афсӯс ки таҳқиқу татбиқи он баъд аз сари он кас густариш наёфт ва нотамом боқӣ бимонд. Вале ин масъала дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия аз масъалаҳои доғи таълиму тарбия буда, дар замина кӯшишҳо ва корҳои зиёде анҷом ёфтааст.
Моҳияти падидаи инсонгарӣ шудани раванди таълими илмҳои дақиқ ин аст, ки дар мактабу донишгоҳҳои мо бояд дар баробари омӯзондани маҷмӯи донишҳои асосҳои илмҳои дақиқ кӯшиш шавад, ки  ба парвариши дарки масъулияти фардӣ, малакаи мустақилона ва эҷодкорона амал кардан ба манфиати миллату ватани хеш парвариш диққати ҷиддӣ дода шавад. То донишҳои андӯхтаи шогирдон аз фанҳои дақиқ  ба ҷаҳоншиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳо, ба усулу меъёри рафтору гуфтори  рӯзмарраи онҳо мубаддал бишавад. Инро замонаи муосир, даврони Истиқлолият, ки дар он дигаргуниҳои куллие дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварамон ба вуҷуд омаданд, тақозо мекунад. 
Дар шароити ҷомеаи демократӣ, иқтисоди бозоргонӣ, дигар шудани арзишҳо ва афзалиятҳои иҷтимоӣ, тақсими ҷомеа ба қишрҳо, афзоиши мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, зуҳури хатарҳои нав ба нав  барои инсон ва ҷомеаи инсонӣ, аз қабили терроризм ва бунёдгароии динӣ, афзоиш ва шиддат гирифтани  рақобатҳо дар байни қудратҳо ва бозигарони ҷаҳони муосир, хатари сарзадани ҷангҳои ядроӣ ва биологӣ, осеб дидани табиат, муҳити зист  касоне лозим ҳастанд, ки маънавияти баланди инсонӣ доранд ва баду неки ҷаҳонро дар тарозӯи ақли худ баркашида метавонанд ва  ба арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ арҷ мегузоранд.   
    
   

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб