Бозтоби замони Истиқлол дар адабиёт: бурду бохт

(Гузориши дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон)

          


         

“Адабиёти замони Истиқлол” мафҳуми густурда буда, тамоми асарҳои бадеиеро фаромегирад, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзӯъ ва масъалаҳо, назариёт, андешаҳо ва рӯҳи ин замон ба таври бадеӣ ва ҳунарӣ бозтоб гардидаанд. Аз ин рӯ  навиштаҷоти манзуму мансури фаровонеро, ки солҳо бо номи шеъру достону повесту роману драма ва ё очерку мақолаҳои публитистӣ дар  ин марҳилаи замонӣ чоп шудаанд ва  моли адабиёти бадеӣ нестанд, набояд ба адабиёти замони Истиқлол нисбат дод.

Рӯҳ ва андешаи замони Истиқлол на танҳо дар асарҳои бадеие, ки бевосита ба ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзӯъ ва масъалаҳои он вобаста мебошанд,  балки метавонад дар асарҳои адабие низ, ки ба таърихи дуру наздики кишвар,    мавзӯъҳои суннатӣ ва ҷовидонии адабиёт, монанди ишқ, ватан, модар ва ғ. бахшида шудаанд, ҳамчунин дар  тарҷума, нашр, нақд ва таҳқиқ низ бозтоб гардад.    

Мо гузоришамонро огоҳона бо баррасии асарҳои адабие, ки ба баёни бевоситаи ҳодисаву воқеъоти замони Истиқлол, мавзӯъ ва масъалаҳои он махсус мебошанд,  маҳдуд намудем. Нахуст, барои он ки ҳамаи адабиёти замони Истиқлолро наметавон дар як гузориш фаро гирифт. Дувум, адибони тоҷик  маҳз  дар таҳқиқи бадеии ҳамингуна асарҳо камукостиҳо зиёдтар доранд. Савум, моҳияти замони Истиқлол, пеш аз ҳама, дар ҳамингуна асарҳо  ошкор мегардад.


Дарёфти расмии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри 2991) ба раванди адабӣ дар кишвар ва ҷустуҷӯҳои эҷодии адибони он, аз он ҷумла ба муҳтаво ва сабки осори онҳо таъсири назаррас расонд.

Адибони тоҷик, чи номиву чи ҷавон ва чи соҳибтаҷрибаву чи навқалам, бидуни истисно, эъломи Истиқлоли давлатиро ба хушӣ пазируфтанд ва ба он ҳамовозӣ карданд. Устод Мӯмин Қаноат достони “Ҳамосаи дод” (1995)-ро бо байти зерин оғоз карда буд:

          Мурғи Истиқлол омад пайки иқболи баланд,

          Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.

Дар миёни адибони насли Истиқлоли тоҷик камтарин касе пайдо мешавад, ки мисли зиндаёд Лоиқ фарорасидани айёми Истиқлоли миллат ва кишварашро муштоқона интизорӣ мекашид ва мегуфт:

          Баҳри Истиқлоли миллат

          Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

          Аз тулӯъи фоли миллат

          Решаи манҳуси Аҳриман бисӯзад!

                                                  ( “Орзуи хом”, марти 1996)

Гулназар, муаллифи суруди миллии Тоҷикстони соҳибистиқлол дар таронае Истиқлолро “матлаи бахт”-и тоҷикон номидааст:

          Мерасад аз набзи мо пайғоми Истиқлол,

          Мо ҳама ҳаммиллату ҳамноми Истиқлол,

          Матлаи бахт аст субҳу шоми Истиқлол,

         Ҳамдиливу ваҳдат аст инъоми Истиқлол.

                                                  (“Матлаи бахт”, 2010).

Камол Насрулло бовар бар он дорад, ки Истиқлол орзуву ормонҳои чандинҳазорсолаи тоҷикон ба озодӣ ва истиқлолро амалӣ гардонд ва аз ниҳоди миллати тоҷик доғи ҳасрат ва навмедиҳоро зудуд:

          Оҳ, Истиқлол, Озодӣ!

          Ин туӣ, моро ба мо додӣ!

          Ин туӣ, дарҳои ишқу меҳрубониро кушудӣ!

          Аз ниҳоди миллати мо

          Доғи ҳасрат, доғи навмедӣ зудудӣ!

                                                  (“Қасидаи озодӣ”, 2019).

Низом Қосим аз забони 15-солаҳо дар 15-солагии Истиқлоли Тоҷикистон навишта буд:

          Эй Ватан, ҳар лаҳзаи бахти ту сад соли дил аст,

          Рӯзи Истиқлоли ту Наврӯзи иқболи дил аст.

                                                  (“15 сол - 15 бол”).

Зимнан, аз фарорасидани замони Истиқлол аз устодон Мӯмин Қаноату Лоиқ сар карда, то Аҷамию Аҷамрод ва се Бузургмеҳр – Баҳодуру Ҳакиму Тоҷиддину   Муҳриддини Сабурӣ ва шоирони дигар истиқбол кардаанд, ки баъдтар низ дар ин хусус мулоҳиза хоҳем ронд.

Тавре ки шумо огоҳед ва шоҳиди ҳол будед, вазъи ноороми сиёсии ҷумҳурӣ, ки аз охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри гузашта сар шуда, баъд аз эъломи расмии Истиқлолият низ дар солҳои 1991 ва 1992 идома дошт, оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард ва шодию хушиҳои моро дар ибтидои замони Истиқлол ба ғаму андӯҳ, мусибату мотам бадал намуд.

Қутбӣ Киром аз он рӯзҳо шаҳодат медиҳад, ки:

          Оби Истиқлол хун шуд,

        Ошиқиҳоям ҷунун шуд.

          Аспи мастам роҳгум зад,

         Шаҳсавори ман забун шуд.

          Орзу аз дил бурун рафт,

          Нолаҳои ман дарун шуд...

                                        (“Истиқлол”)

Гулназар аз мушоҳидаи чакидани оби борон бар тиҳигоҳи дасти гадо рӯзҳои хунини Тоҷикистонро ба ёд овардааст:

          Дар сари роҳ

          Бар тиҳигоҳи кафи дасти гадо

Оби борон мечакид,

Аз сари мижгони ман

                    бо ашки хунин

            ТОҶИКИСТОН мечакид...

                              (“Шуълаи барқади сӯзони малоҳат”, 2002)

Ба қавли Алимуҳаммад Муродӣ дар он солҳо ҳатто сабзаҳо хунмаст шуда буданд:

          Дар ҳавои гиряи борон

          Сабзаҳо

          Чун қотилони нашъаманди маст мерақсанд...

          Сабзаҳо имсол хунмастанд.

                                        (“Масти хун”)

Дар бораи сабаб ва омилҳои сарзадани ҷанги шаҳрвандӣ (5 майи 1992) дар Тоҷикистон дар ин муддат сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва коршиносон, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, мушоҳида ва мулоҳизаҳои зиёде гуфта ва навиштаанд. Аз адибоне, ки ба ин мавзӯъҳо даст задаанд, ба назари камина, бештар ва беҳтар аз ҳама Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ӯрун Кӯҳзод дар ҳикояи “Гудоз” (1993), қиссаи “Гуреза” (1994), мақолаҳои публитистии “Муроҷиат ба мардум” (1994), ҳикояи “Киройи гиря надошт” (1998), достони мансури  “Се роҳакӣ аз се ҳизб” (2002) ва хосса дафтари панҷуми романи машҳураш “Ҳайҷо” (2012)  андеша рондааст. Муаллиф, чунонки ба сабки нигорандагии ӯ дар бисёре аз асарҳояш хос аст, ҳодисаи мазкурро бо ҳавсала ва диққати тамом мисли як ҳуруфнависи (стенографисти) чирадаст ба қалам овардааст. Ба ӯ дар ин кори душвор  доштани таҷриба ва малакаи зиёди нависандагӣ, мушоҳидаҳои бевоситааш аз ин ҳодиса, ки дар пеши чашми ӯ мегузаштанд, шиносоияш бо иштироккунандагони он, мутолиаи пайгиронаи он воқеъаҳо мусоидат намудаанд. Бино бар навиштаи нависанда, воқеъа ва ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварданд, пеш аз ҳама, ба фурӯпошии босуръати Иттиҳоди Шӯравӣ дар як шаб, таъсиси панҷ ҳизби қудратталаби сиёсӣ ва се сиёсатро тарғибу ташвиқ кардани онҳо дар ду марказ вобастагӣ дорад.

Қаҳрамони роман Довуди Абдураҳмони яҳудӣ бо дӯсти содиқи даврони донишгоҳиаш Дилмуроди тоҷик пас аз оғози ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон дар яке аз мулоқотҳояшон изҳор менамояд, ки: “Ман пагоҳ-фардо меравам. Кӣ медонад, дигар якдигарро мебинем ё не? Кӣ медонад? Боз дар ин вазъияти имрӯза?!” (“Садои Шарқ”, 2012, №11, с. 6). Дилмурод мисли аксари тоҷикон ҳозирбин буда, дар бораи рӯзи фардояш фикр ҳам намекунад, бинобар ин чунин ҷавоб медиҳад: “Вазъияти имрӯза ҳамон вазъияти дирӯза. Ҳеч фарқе надорад”.  Довуд, ки аз ҷараёни воқеъаву ҳодисаҳои охир дар Тоҷикистон таҳлилу бардоштҳое дошт, бо боварӣ ва қатъият мегӯяд, ки: “Дорад. Хеле фарқ дорад. Бинед, дар мамлакат як ҳодисаҳо шуда истодааст, ки сару ҳисобаш гум. Ба хонаи занбӯр чӯб халонидагӣ барин. Нооромӣ, талотӯб, ғавғо, даъво...Худатон аз ҳамааш, беҳтар аз ман, хабар доред. Мехонед, мешунавед, мебинед. Ҳоҷат ба шарҳи ман    нест. Ман ба шумо як гапи дигарро гуфтанӣ. Гуфтанӣ, ки ҳамин ҳавлии ман бегона нашавад. Барои ҳамин ҳама ҷояшро ба шумо нишон додам. Ҳамин ҳавлиро шумо гиред” (Ҳамон ҷо, ҳамон саҳифа). Нависанда пас аз ин саволу ҷавоби қаҳрамонҳояш нуктаи ҷолиберо таъкид намудааст, ки манзараи оғози он рӯзҳои мудҳишро ба хубӣ бозгӯ мекунад. Ӯ менависад: “Ва пеш аз воқеъаҳои моҳи феврал (1990- А.С.) буд ин суҳбат. Ва хеле пештар буд аз ГКЧП. Ва Дилмурод ба гуфтаҳои Довуд чандон аҳаммият надод, сабук шуниду сабук фаромӯш кард ва на ҳавлии Довудро харид ва на барои сарфаҳм ба мағзи суханҳои ӯ фикр кард, ҳарчанд, ки дар пеши чашмаш кӯчокӯч аз рӯз то рӯз авҷ мегирифт; ва урусҳо, бахусус урусҳое, ки дар вазоратҳо кор мекарданду дар шаҳрҳои калони Русия пушту паноҳ доштанд, дар роҳи оҳан барои борашонро бурдан навбат меистоданд; ва мардони тоҷик, ки занҳои урус ё украин, ё белорус ва ё немис доштанд, хонаҳояшонро мефурӯхтанду харҷи роҳ ғун меоварданд; ва олимону рассомону рӯзноманигрону коргардонҳои театру кино, ки дар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна реша ва ё дар Москову Ленинград дӯстони содиқ доштанд, рахти сафар мебастанд” (Ҳамон ҷо, с.6-7).

Кӯҳзод бо ҳамин сабк ва тарзи баён дар ин роман аз ҷунибиши моҳи феврали соли 1990, ба кӯчаҳойи калон ва майдонҳои шаҳр селвор рехтани анбӯҳи ҷавону наврас, ташвишу тараддуди шаҳрвандон, гирди ҳам омадани тӯдаҳои норозӣ, пайдо шудани воизоне, ки аз бепарвоиҳои ҳукумату ҳукуматдорон вазъ мегуфтанд, ба Душанбе омадани ҳаштод оилаи гурезаҳои арманӣ ва додани хона ба онҳо ва овозаҳои дигар, ташкили Комиссия барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда бо Ҳукумат хонандагонашро огоҳ мекунад.

Нависанда бархилофи аксари адибони дигари тоҷик, ки  он воқеъаҳоро дар навиштаҳояшон баён намудаанд, танҳо бо зикри сурати онҳо қаноат накарда, сирати аз чашмҳо пинҳони онҳоро низ, ки ба қавли ӯ “фақат маъмурони (эмиссарони) махфикори хориҷӣ медонистанд” (Ҳамон ҷо, с.7), ошкор сохтааст. Яке аз онҳо бо номи Волдемир ёд мешавад, ки, бино бар навиштаи муаллиф, бо одамони даркорӣ, ба шумули мансабдорони собиқ ва феълӣ пинҳонӣ вомехӯрд, бо воситаи оҷиронаш, аз қабили Солеҳтаксӣ ба воситаи пул, ба онҳо супориш медод ва иқдомоти баъдии онҳоро тарҳрезӣ менамуд. Аз рӯи ишораҳои муаллиф дар асар бармеояд, ки Волдемир аз “давлатҳои мустамликадору мустамликаҳое” мебошад, ки “таҷрибаи бобарори дусаду сесадсола доштанд” ва ин махфикоронро “тарбия мекарданд ва мефиристоданд ба он ҷое, ки дилашон мехосту фоидае дошту шароити мувофиқ ва баҳонаи муносиб дошт” (Ҳамон саҳифа). Ҳамчунин нависанда дар роман ишора ба он намудааст, ки ҳамон шабе, ки “ҳукумат яклухт – котиби якуми ҳизби коммунистӣ ва раиси шӯрои вазирон ва раиси шӯрои олӣ ба истеъфо рафтанд”, “аз Москов ду десант омад – як десанти сиёсӣ бо сарварии вазири корҳои дохилии СССР ва як десанти ҳарбӣ бо силоҳу сипоҳиёни хоса ва яккачину бо таҷриба”  (Ҳамон ҷо, с.10).

Ба омили хориҷӣ дар ҳодисаҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, ба “бегонагон”, “меҳмонҳои нохонда” Искандари Хатлонӣ ҳам дар шеърҳои “Қулфи шикаста, калиди гумшуда”  ва “Шиноварони дарёи хун” (феврали 1990) ишораҳо дошт.

Кӯҳзод ва Искандари Хатлонӣ бо ҳамин таъкид бар он мекунанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон омилҳои хориҷии муассир дошт ва онҳо онро созмондиҳӣ ва назорат мекарданд. Натиҷаи таҳқиқи бадеии нависандаи тоҷик дар соли 2012 андешаи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба он дода буд, тасдиқ мекунад. Ӯ ин ҷангро “ҷанги таҳмилӣ” номида буд.

   Яке аз адибони номии рус гуфта буд, ки “таърих дар лаҳзаҳои фоҷеабори он беҳтар шинохта мешавад”. Абдуҳамид Самад низ, тавре ки дар мусоҳибааш бо Нурмуҳаммад Зуҳурӣ таъкид намудааст, “ҳадаф аз иншои “Гардиши девбод” кӯшише дар тасвири бадеии воқеъият ва ҳолати равонии гузаштагони мо дар он замонҳои пурфоҷеа аст” (Абдулҳамид Самад. Санги маҳак ва тарозуи ҳунар, Д., 2013, с. 251). Дарвоқеъ, дар романи “Гардиши девбод” воқеъаҳои се фоҷеаи бузург дар таърихи нав ва навтарини мардуми тоҷик – фитнаи инқилоби болшивекӣ (1920), ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 90-ми асри ХХ тасвир ёфтааст. Нависанда ин се фоҷеаи бузургро дар таърихи нав ва навтарини мардуми мо аз тариқи баёни саргузашти сокинони яке аз деҳаҳои дурдасти Кӯлоб ба қалам овардааст. Ба сухани дигар, муаллиф он се фоҷеаро аз ҳаллоҷии сару дили пиру ҷавони ин деҳаи кӯҳистони тоҷик гузарониданӣ шудааст.

Ӯ ин корро дар қисми аввали романи “Гардиши девбод” (2007) асосан ба воситаи баёни силсилаи андешаву хотироти қаҳрамонаш – Дилёби дар тифлӣ ятиммонда, кампири ғамхору пуштибони ӯ Сифат, бобои Некном, муллои деҳа Комилбой, Сафои Афлотун, муаллим Меҳрон ва дигарон анҷом додааст. Аз ин сабаб китоби аввали романи “Гардиши девбод” аз силсилаи ҳикояву новеллаҳои ҷудогонаи хотирмон ва хонданибоб иборат шудааст. Онҳо ба ҳам сахт гиреҳ хӯрдаанд, онҳоро наметавон аз ҳам ҷудо кард. Ва тасодуфӣ нест, ки китоби аввали роман фаслбандию боббандӣ нашудааст. Интихоби чунин тарзи баён ва сабки нигориш ба табиати гардиши девбоди ҳодисаҳои таърихии давраи нав ва навтарини зиндагии тоҷикон муносиб ва мувофиқ омадааст. Ва ин, ба назари мо, ҳусни аср аст, на қубҳи он, чунонки баъзе аз мунаққидон гумон кардаанд, аз ҷумла муаллифи мақолаи “Даври печопеч” раҳматӣ Худоӣ Шарифов (“Садои Шарқ”, 2008, №8, с. 126). Намунаи барҷастаи чунин тарзи тасвир дар адабиёти муосири ҷаҳон, насри адибони Амрикои Лотин, аз ҷумла Габриел Гарсиа Маркс ва дигарон мебошад. Аз нависандагони имрӯзаи тоҷик ба он бештар Кӯҳзод майл дорад.

Ва азбаски ҳадафи нависанда дар китоби дуюми романи “Гардиши девбод” нисбат ба китоби якуми он андаке дигартар аст ва он ба тасвири замони ҷанги шаҳрвандӣ махсус гардонда шудааст, тарзи баён ва сабки нигориши ӯ нисбат ба якум фарқ мекунад.

Абдуҳамид Самад, тавре ки худ дар хитоби худ “Ба хонанда” дар поёни китоби дуюм изҳор доштааст, хостааст, ки “воқеъаҳои бешумори даҳшатбори сиёсӣ-иҷтимоӣ, дигар шудани сохти давлатдорӣ, муборизаҳои шадиди хунрезу харобкор, авҷи фасоди кинаву адоват, ахлоқи инсонҳо, парокандагиву фирори ҳамватанон”-ро ба тасвир кашад. Аз ин рӯ нақли худро аз ин воқеъаву падидаҳо дар 34 фасл бахшбандӣ намудааст ва онро бо хитоб “Ба хонанда” ҳусни анҷом бахшидааст.

Агар дар китоби якум садо ва изи “хирси андеша” бармало ба назар мерасид ва шунида мешуд, дар китоби дуюм тарзи таҳкия ё нақли воқеъа ва ҳодиса, дида ва шунидаҳо бартарӣ дорад, нисбат ба “андешаву хотира”.

Ин нақл аз он сар мешавад, ки Дилёби афсурдарӯҳ аз пойтахт бармегардад ва “чун моргазида шабу рӯз оромӣ надошт” пас аз ҳамаи он чи дар шаҳр дида буду шунида буд. Омӯзгори номдори деҳа Насим ба ҷустуҷӯи дӯсти донишгоҳиаш Раҳматшоҳ ва аҳли оилаи ӯ аз роҳи Данғара  ба Вахш меравад. Данғара, ба навиштаи муаллиф, “аз гурезаҳои водии Вахш пур шуда буд”. Насим бо чашмони сараш аҳволи тоқатфарсои гурезагонро мебинад. Дар Вахш аз Суҳроби бокс мефаҳмад, ки дӯсти донишгоҳиаш “бо аҳли деҳа ба он тарафи дарё гузаштааст”. Насим ба суроғи дӯсташ Раҳматшоҳ ба Душанбе сафар мекнад ва бо Наим – “бародари боиродааш” шаҳрро мебинад ва аз Мирзо ном шиноси дӯсташ мефаҳмад, ки “Раҳматшоҳ имрӯз ё фардо бо фарзандон ба хоки Ватан по мегузорад”. Мирзо ҳамчунин ба Насим хабар медиҳад, ки дар нуги забони Раҳматшоҳ ҳамеша номи Насим буд. Ва дар хитоб ба Насим аз ӯ мепурсад, ки “ҳамин бас нест” ва бо ҳамин роман ба охир мерасад.

Барои Насим шунидани он ки дӯсти донишгоҳиаш саҳату саломат бо аҳли оилааш ба Ватан бармегардад ва дар мулки бегона ҳамеша номи ӯ дар забонаш будааст, бас будагист. Аммо барои хонандаи роман ва муҳаққиқони он номбар кардан, зикр намудан, ба ёд овардани ҳодисаву воқиаҳое, ки аз сари қаҳрамонони асар дар зодгоҳашон, дар Вахш ва пойтахти кишварашон гузаштаанд, кофӣ нест. Хонандагон ва муҳаққиқон аз нависанда тасвири бадеии он ҳодисаву воқеаҳои мудҳишеро, ки аз сару дили қаҳрамонони роман ва кишварашон гузашт, баёни ҳақиқати бадеии онҳоро, таҳлили онҳоро мехоҳанд. Онҳо донистанианд, ки иллати ба фитнаи инқилоби болшивекӣ гирифтор шудани тоҷикон дар давраи нави таърихи худ, ба фоҷеаи ҷанги бузурги ватанӣ даргир шудани он дар давраи навини таърихии худ ва ниҳоят ба сари онҳо таҳмил гардидани ҷанги шаҳвандӣ дар солҳои 90 асри ХХ дар чист ва ғ. ва ҳ.к.

Ишора намудан ба касофати чанд “ҳаромӣ”, “шайтон”, “нутфаи шайтон”, “оқипадару бедиёнати фитнаангез”, “ношуду шуҳратхоҳу ҳазёнгӯ”, “оташангезу ҷангҷӯ”, “худхоҳи салладору баришуфаш”, “шаробиву кулоҳпӯш”, “босаводҳои навбаромади иғвогар”, “даъвогари курсии мансаб”, “пешвои баришуфаш, Ҳазрат”, “муллоҳои навбаромад”, “ҷадидҳои навбаромад”, “роҳбарони хоини худӣ”, “роҳбарони говкаллаи Маскав” ва ғ. ва ҳ.к. нокифоя аст.

Чаро дар ин гардиши девбоди таърих ва ҳолатҳои дигар сарнавишти тоҷикон ва сарзаминашон ба дасти худашон нест, ба дасти бегонагон аст?

Чаро, ба гуфти яке аз қаҳрамонони роман, “чархи таърих... ҳамеша бар зарари мардуми мо гаштааст?”

Чаро ҳам инқилоби болшивекӣ ва ҳам ҷанги шаҳрвандии ахир ба сари мардуми мо таҳмилӣ буд ва даҳҳо саволи дигар.

 Афсӯс, ки дар романи “Гардиши девбод” ба ин саволҳо ҷавоби саҳеҳу қонеъкунандаи ҳунарӣ камтар ба назар мерасад. Мутаассифона, ҳам дар китоби якум ва ҳам дар китоби дуюм ҷанбаи таҳқиқи бадеӣ ба нисбат камтар буда, ҷанбаи ташфиқотию тарғиботии публитистӣ бештар мебошад.

Дар романи нависандаи номӣ Кароматуллоҳи Мирзо “Марги бегуноҳ” (2012) саҳнаҳои даҳшатангез ва хунини ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон дар давраи пайдо шудани силоҳдорон дар деҳаҳо ба қалам омадааст.  Қумондон Барзу аз ҷумлаи “одамоне, ки дасти росташонро аз чап надониста, радди маърака имрӯз пешдарою пешгузар”, “одамони девонаавзо”, “на худ ва на Худоро мешиносанд”, “оқипадари худозада” буд ва худро ҳокими мутлақ ва деҳаҳои гирду атрофро қаламрави худ ҳисоб мекард ва онҳое, ки ба ӯ сари итоат намефароварданд, мепарронд, чунонки бо эшони Саидҷалохон ва духтараш муаллимаи деҳа Малика, мудири мактаб Мустафо карада буд. Ба ӯ хабаркашоне мисли Хидиралии носипос ва кӯрнамак ва беномус мадад мерасонданд.

Романи “Марги бегуноҳ”–ро ба саҳнаҳои ба Дараи марг бурдани мудири мактаби деҳа Мустафо писари бобои Абдусалим ва бо дастони худ гӯри худро кофтани ӯ ва лаҳзаи ба даст афтодани Барзу ва бо ҷумлаи “Содирхон ва фарзандони махсуми Ҷонмаҳмад Барзуро ба Дараи марг мебурданд” ба охир мерасад.

Кароматуллоҳи Мирзо бо таҷрибаи кофие, ки дар сохтани қолиби навъи адабии роман, нақли ҳодисаҳо, забон ва сабки нигориш дар эҷод дорад, асари хонданбоберо офаридааст. Аммо барои хонанда ба таври равшан маълум нест, ки   чаро воқеаҳо дар деҳот чунин ҷараён гирифтанд, бесарусомониҳо шуданд, чунин рӯзҳои наҳс ва балоро ба сари мардум кӣ овард? Оё сабагори онҳо хусумати деринаи байни деҳаҳо, одамони ҷудогона, авлодҳои ҷудогона аст? Ё натиҷаи манфиатҷӯӣ ва фурсатталабии шахсони алоҳидае мисли Барзу ва Хидиралӣ? Нерӯҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои маҳаллӣ ва минтақаӣ? ва ғ. мебошанд. Ишораҳои канда-канда ва парешоне, ки дар роман мавҷуданд, аз қабили даъвати “бо сари пӯшида мактаб меравӣ, бандҳои дасту почаҳоятро мепӯшонӣ, эзор, куртаи остиндароз мепӯшӣ” (“Садои Шарқ”, 2012, №6, с.35), “таноби ҳукумат дароз аст, вақташ меояду танобро мекашад, меёбад” (Ҳамон ҷо, с.44) ва ғ. моҳияти ҳодисаву воқеъаҳои он рӯзҳоро муайян намекунанд.

Муаллифи китоби хотиротии “Моҷарои рафта” (2018) Абдухалил Холиқзода, чунонки худ менависад, “дар Иттиҳоди шӯравӣ ба камол расида, дар тӯли зиёда аз сӣ соли охир пайваста дар Душанбе зиста, шоҳиди таҳаввулоту кашмакашҳои замони пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқллол ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст”. Аз он ҷумла ӯ шоҳиди тазоҳуроти густурдаи 11 феврали 1990, аз тири сарбозон кушта шудани 25 нафар, истеъфои роҳбарони аввали вақти ҷумҳурӣ,  аввалин иштибоҳи зиёиёни ташнаи забону фарҳанги миллӣ, воқеъаҳои соли 1991, пайдо шудани аввалин ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳои мардумӣ  дар Тоҷикистон –“Растохез”, Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҷамъияти “Лаъли Бадахшон”, эъломи Истиқлоли давлатӣ (9 сентябри 1991), ба вуҷуд омадани ду майдон – Шаҳидон ва Озодӣ, шиддат гирифтани вазъ, таъсиси “Фронти халқӣ” ва “Наҷоти Ватан”, оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд.

Ба андешаи ӯ, “фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва муваффақиятҳои ба даст овардаи он нухбагони русро зуд ба ҳуш овард...Русия тасмим гирифт дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дахолат кунад ва аз ба қудрат расидани исломиён пешгирӣ кунад...Елтсин – Раиси ҷумҳури вақти Русия ба чунин қарор омад, ки дар тасмимгирӣ бештар ба мавқеъи Ислом Каримов – Раиси ҷумҳури онвақтаи Ӯзбекистон такя кунад, зеро манфиатҳои онҳо ба ҳам мувофиқ омада буд” (Абдухалил Холиқзода. Моҷарои рафта, Д., 2018, с.148-149).

Ҳодисаҳои баъдина дар “Моҷарои рафта” тақрибан дар ҳамон макон ва замоне мегузаранд, ки шарҳашон дар романи нависанда Кароматуллоҳи Мирзо “Марги бегуноҳ” рафтааст. Бино бар навиштаи муаллиф, дар минтақаҳои кӯҳистони атрофи Душанбе ва дараҳои Ромиту водии Қаротегин як гурӯҳ ҷангсолороне ба вуҷуд омаданд, ки тохтутоз, бедодгарӣ ва ғоратгарӣ мекарданд. Соли 1999 яке аз ин гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ бародари муаллиф Абдулҳакимро гаравгон мегирад. Ӯ барои халосии бародараш бо маслиҳат бо дӯстонаш тасмим мегиранд, ки як-як гурӯҳҳои силоҳбадасти гирду атрофи Душанбе ва Ваҳдату Ромитро хабар гиранд ва суроғаи бародарашро пайдо намоянд. Дар асар нақл аз рафтанаш ба минтақаи Теппаи Самарқандӣ ба назди роҳбари яке аз ҳамин гурӯҳҳо Раҳмон Ҳитлер, ба Ваҳдат ба назди Малиш ном ҷавони дар бедодгарӣ шуҳрат дошта, ба Ромит ба назди Муҳаммадӣ ва Намоз меравад. Маълум мешавад, ки бародари муаллиф дар дасти онҳост. Қумондон 1 миллион доллар талаб мекунад ба ивази раҳонидани гаравгон. Муаллиф дар фикри пайдо намудани пул буд. Хабари озод шудани Абдулҳакимро мерасонанд. Ӯ гумон дошт, ки мақомоти амниятӣ халос кардаанд, вале аз нақли бародараш Абдулҳаким маълум мешавад, ки вай гурехтааст.

Шарҳу тафсири омодагӣ ба гурехтани Абдулҳаким бисёр ҷолиб ва нотакрор аст. Воқеъияти талхи он рӯзҳои фоҷеабори кишвар буд, ки онро наметавон бофт. Муаллиф ҳақ ба ҷониб аст, ки дар поёни китобаш менависад: “Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ ва аворизу омилҳои он ҳеч касро канор нагузошт. Одамони бегуноҳ зиёд кушта шуданд. Ба аъзои хонадони мо, ки дар ин ҷанг аз ҳеч сӯе иштирок накарда буд, зарбаҳои паёпай ва муҳлик ворид шуд”. Бародари дигари муаллиф Абдуҳалимро “як силоҳбадасти лаъин...фақат ба хотири пеш гузаштан аз мошинаш, ӯро латукӯб мекунад”, ки  дар бемористон аз дунё мегузарад.

Дар насри замони Истиқлол якчанд ҳикоя, қисса ва романҳое низ ба вуҷуд омаданд, ки бевосита ба ҳодисаву воқеъаҳои солҳои 90 дар Тоҷикистон бахшида нашуда бошанд ҳам, дар онҳо ишораҳое ва ё саҳнаҳои ҷудогонаи он солҳо ва  тамсилҳое аз онҳо ҷо доранд, ки, бидуни шак, дар бозтоби ҳунарии замони Истиқлол ҳар як ҷойгоҳи худро доранд, мисли романҳои Сорбон “Кадевар” (2006), “Росу” (2009) ва “Шаҳрбону” (2012), Гулрухсор “Сакарот” (1990-20080, асарҳои Саттор Турсун “Эътироз” (2013, қисса) ва “Садама ва ё Достони як марди саргардон” (Бобҳо аз роман, 2021), Қодири Рустам “Пойҳо ва рӯйҳо” (Роман, 2013), Ҳанифаи Муҳаммадохир “Дастпухтаи модарам” (Ҳикоя, 2020) ва ғ.

Баррасии асарҳои мансуре, ки дар онҳо воқеъа ва ҳодисаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, ошкор сохт, ки дар аксарияти мутлақи онҳо, дар яке камтар ва дар дигаре бештар, осори “тафаккури сиёҳусафед” (Абдуллоҳи Раҳнамо) зуҳур дорад. Шоир ва муҳаққиқи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо моҳияти ин навъи нигоҳро дар мақолаи пурарзишаш “Чаро ба истиқлоли фикрӣ намерасем?” (“Садои Шарқ”, 2012, №9) дар ин дидааст, ки дар муҳити илмию фикрӣ (ва адабию фарҳангии мо низ), “пеш аз муносибат бо як фикр, як таҳлил ё як навиштаи фикрӣ, чӣ илмӣ ва чӣ сиёсӣ, пеш аз ҳама, савол гузошта мешавад, ки муаллиф аз падидаи мавриди таҳлили худ “ҷонибдорӣ кардааст” ё бо он “зидд баромадааст”, онро “таъриф” кардааст ё онро   “танқид” кардааст? Яъне, тибқи ин назар, андешаи илмӣ ва тафаккури сиёсӣ аз ин ду ҳолат хориҷ намебошад, ё “сиёҳ” аст ва ё “сафед” (С.113). Вале, тавре ки шумо, аҳли муҳтарами илму адаб, хуб медонед, воқеъият дар асл мураккабтар аст, аз он чизе ки мо мегӯему менависем. Инсоф он аст, эътироф намоем, ки баъзе аз нависандагонамон дар навиштаҳояшон кӯшишҳое кардаанд, ки дар паҳлуи рангҳои сиёҳу сафед аз рангҳои дигар низ истифода баранд, аммо он рангҳои дигар ҳанӯз бисёр заиф ва норушан мебошанд. Чунин ҳолат вобаста ба он ҳам мебошад, ки дар замина, яъне дар арзёбии падидаи муракаб ва пуртазоде чун ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз на танҳо миёни адибон, балки олимон ва коршиносон низ фикри ягонае вуҷуд надорад.

Ҷойи он дорад ёдрас шавем, ки ин “тафаккури сиёҳу сафед” аз ҷумла аз  мавзеъгириҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллии ошкорои чанде аз адибони тоҷик дар бозтоби ҳодисаҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон сарчашма мегирад. Баъзе аз онҳо ҳизби коммунист ва баъзи дигарашон аз ҷунбишҳои мардумӣ ва навхези ҷумҳурӣ тарафдорӣ мекарданд. 

  Агар нависандагони тоҷик ба бозтоби бадеии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пас аз 15-20 соли сипарӣ шудан аз он шурӯъ намуда бошанд, шоирони тоҷик ин корро дар гармогармиаш анҷом додаанд. Зиндаёд Лоиқ ғазале дорад, ки таърихи онро моҳи майи 1992 зикр намудааст ва дар он чунин байтҳое ҳастанд:

          Чӣ ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст,

          Насими шумнафас дар гузор хунин аст...

          Зи баски хуни шаҳидон чу об ҷорӣ шуд,

          Ҷабини рӯду лаби ҷуйбор хунин аст...

          Зи осмону замин бӯи хун ҳамешунавам,

          Чӣ беш гӯям аз ин, рӯзгор хунин аст...

                              (Лоиқ. Фарёди бе фарёдрас, Д., 1997, с.69)

Шоир дар шеърҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ эҷод намудааст, ишораҳо ба он намудааст, ки туфангдорон дар ҳар қадам буданд, “гулзорҳои Ватанро чу мазор карданд”, мулки мардистонамонро ба маргистон табдил доданд, кушокушӣ ва камонкаширо мароми худ намуданд. Дар натиҷа “замин замини камону замон замони камон” шуд. Ва бо таассуф ва андӯҳ гуфтааст, ки:

          Дареғо, файзу эҳсон дар Ватан мурд,

          Умеди зиндагӣ дар ҷону тан мурд.

          Дареғу ҳайфи Истиқлоли  тоҷик,

          Ки чун гул омаду гулгулкафан мурд.

                                                  (“Фарёди бе фарёдрас, с.199).

Низом Қосим дар маҷмӯааш, ки номи рамзии “Шеъри захмӣ”-ро дорад, дар ғазале, ки таърихи эҷодаш 1992 аст, ба мушоҳида гирифтааст, ки дар он солҳо ҳатто аз масҷидҳо ба ҷои садои пир бонги тир меомад:

       Ҳамегуфтам, ки аз масҷид садои пир меояд,

          Дареғи ман, надонистам, ки бонги тир меояд!

             (Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом, Д., 2014, с.268)

Устод Лоиқ дар ҳеч яке аз шеърҳояш, ҳам дар онҳое, ки дар китоби маъруфаш “Фарёди бе фарёдрас” ҷо додааст ва ҳам дар маҷмӯаҳои дигараш, камондоронро ба тоифае, гурӯҳе, тарафе ва ҳизбе ҷудо намекунад, барои ӯ фарқ надорад, ки ба дасти онҳо кӣ камон  додааст, ҳамаи онҳо барояш тоҷиканд. Аз онҳо илтиҷо мекунанд, ки “камон аз дӯш бигзоранд” ва бифаҳманд, ки:

          Ки ин тоҷик куштан аз ду ҷониб

дар ду дунё қаҳрамонӣ нест,

                    Ки чун ин ҷанги нангини шумо

                                                            дар ҳеч торихи ҷаҳонӣ нест.

                                                                                (Фарёди бе фарёдрас, с.38)

          Шоир, тавре ки як гуфтаи ӯ машҳур аст, ёри ҳеч майдонҳо набуд:

                    На ёри “Шаҳидон”, на “Озодӣ”-хоҳ,

                    На бо ин ҷиноҳу на бо он ҷиноҳ,

                    Миёни ду дунё манам рӯсафед,

                    Миёни ду майдон манам рӯсиёҳ.

                                                                                (Фарёди бе фарёдрас, с.212).

          Лоиқ дар маҷмӯаи “Фарёди бе фарёдрас” дубайтие дорад ва дар он эълом доштааст, ки:  

                    Агар тири ҳақиқат ном тире

                    Ба олам буд, ман чун наррашере

                    Ба сад ҷон гуфтаме шеъри ҳақиқат,

                    Ба сад дил хӯрдаме тири ҳақиқат.

                                                                                (Фарёди бе фарёдрас, с.208).

          Лоиқ аз шоирони камшумори тоҷик буд, ки дар солҳои 90 шеъри ҳақиқат мегуфт, бо ин ки нағз медонист, ки ин кори ӯ дар он шароити басо душвори амниятӣ дар кишвар баробар ба марг буд:

                    Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,

                    Будӣ байтулшарафам, гаштаи байтулҳазанам.

                    Душманат чор тараф аҷнабию хонагианд,

                    Тани танҳо ба чӣ неру сафи аъдо шиканам?

                    Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,

                    Рост гӯям, бипарронанд зи чашму даҳанам.

                                                                      (Фарёди бе фарёдрас, с.90)

          Шоир дар мусоҳибааш бо Ҳокими Азиз моҳи июли соли 1999 дар бораи чопи китоби “Фарёди бе фарёдрас” ва гуфтани шеърҳое, ки дар он гирд омадааст, эътироф намудааст, ки: “Бале. Он ба сахтӣ чоп шуд. Ман дар тамоми кулли бадбахтиҳо дар Душанбе будам ва ҳамаи онро дидам. Шояд аз ин зиёдтар шеърҳоямро чоп накардаам. Мардона мегӯям, ки тарсидам. Агар он шеърҳоро чоп мекардам, аҷаб набуд, ки ҳоло пеши шумо наменишастам. Камтар эҳтиёт кардем. Иншооллоҳ вазъият хуб шудааст. Мардум мефаҳманд, зеро ки онҳо ба ифоқа омаданд, ба хулосае омадаанд, ки он тараф вартаи ҳалокат аст. Ин шеърҳо ҳосили ранҷи солҳои навадуманд. Баъзе ҷойҳо ҳатто тунд ҳам рафтааст. Масалан:

                    Ин сангдилон, ки хизмати айём мекунанд,

                    Аз номи халқ халқро эъдом мекнанд...

Аммо ҳақиқат аст. Нисбат ба китобҳои пешинаам аз ин камтар розӣ ҳастам. Зеро тавонистам дардҳои халқро гӯям” (Дар суҳбати Лоиқ, Хуҷанд, 2021, с.228).

 Ато Мирхоҷаи Нерӯ шеъре дорад бо номи “Нома ба силоҳдор” ва дар он аз силоҳдори ҳамдиёраш бо лутфи малеҳе, ки хоси каломи ӯст, илтиҷо мекунад, ки тир на танҳо ба ҷони худи  ӯ, балки ба ҷони онҳое низ, ки аз Зарафшону Бадахшон, Хатлону Раштон, Кофарниҳону Ҳисори Шодмон мазан.

          Ҳамдиёро, тир бар ҷонам мазан,

          Ман ҳам, охир, чун ту инсонам, мазан!...

          Ҳарду бигзаштем аз тӯфони Нӯҳ,

          Ту дубора байни тӯфонам мазан.

          Ҳарду як мушти гилему як каф об,

          Ту на путку ман на сандонам, мазан.

          То намирӣ аз намакдарди гарон,

          Пойи худро дар намакдонам мазан.

          То ки заҳрафшон нагардад дидаат,

          Заҳр дар коми Зарафшонам мазан.

          Боз хезад Носир аз хокаш, яқин,

          Хатти бутлон рӯи Хатлонам мазан.

          Аз камӣ лаъле шудӣ дар кӯҳи даҳр,

          Санг ба лаъли Бадахшонам мазан.

          Нест дар Кофарниҳон кофар ниҳон,

          Таъна бар оини Раштонам мазан.

          Аз Ҳисори Шодмон ояд садо:

          “Шеъри Турсунзодаро конам, мазан”...

          Хуни ман аз гарданат хоҳад гирист,

          Дасти худ дар хуни алвонам мазан.

                              (Ато Мирхоҷаи Нерӯ. Шакарганҷ, Д., 2006, с.15-16)

Акбари Абдуллоҳ, ки камондоронро хуб мешиносад, шак дорад, ки ба онҳо илтиҷову хитоб таъсире расонад ва камонашонро ба замин гузоранд ва тир назанад. Зеро, ба гуфтаи шоир, вақте ки камондорон дар каминанд, ба ёди ину онанд ба ҷуз ёди миллат ва манфиатҳои миллии Ватани хеш. Ӯ ҳикмати маълумеро такрор менамояд, ҷинояткор на замон дораду на замон. Шоир мегӯяд:

      Камондорони мо то дар каминанд,

          Ба ҷуз миллат ба ёди ону инанд.

          Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор,

          Ки онон безамону безаминанд.

                              (Акбар Абдуллоҳ. Тирамоҳи сабз, Д., 2018, с.243)

          Бо дарёфти сулҳу оштӣ пас аз се солу се моҳи Музокироти байни тоҷикон (5 апрели 1994 – 27 июни 1997) ва имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни 1997) ва барқарор гардидани оромиву амният дар ҷумҳурӣ доираи мавзӯъ ва масъалаҳои адабиёти замони Истиқлол васеъ мешавад. Шоирон ва нависандагони тоҷик ҳамзамон бо идомаи таҳқиқи мавзӯъҳои Истиқлол ва ҷанги шаҳвандӣ ба баёни мавзӯъҳои сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.

          Оғозгари бозтоби шоиронаи ин мавзӯъ низ устод Лоиқ буд. Шеърҳои маълуми ӯ “Имоми ду тарафро мекунам табрик” (декабри 1996) ва “Раҳми парвардигори мо омад” (январи 1997) саризабонҳоянд. Чунончи:

                    Имоми ду тарафро мекунам табрик,

                    Ки тоҷик мешавад наздик ба тоҷик!

          Ва:

                    Раҳми Парвардигори мо омад,

                    Нури ҳақ бар диёри мо омад...

                    Ҷанги девонавори мо бигзашт,

                    Сулҳи деринтизори мо омад.

Дар сулҳу ваҳдатсароӣ шоирони дигари тоҷик низ сухани шоиронаи муносиб пайдо кардаанд ва гуфтаанд. Чунончи устод Бозор Собир дар шеъре дар хитоб ба ҷонибҳои даргир “ягона роҳи салоҳро дар пайванду ҳамбастагӣ дидааст” (Низом Қосим):

          Дасту бағал кушода биёед,

          Аз пӯстҳои худ бароем,

          Дар пӯстҳои ҳамдигар дароем,

          Аз ҷилди танги ҷанг бароем,

          Дар ҷилди ору нанг дароем.

Ҳақназар Ғоиб онҳоеро, ки миллати тоҷикро ба маҳалҳо ва ҳизбу гурӯҳҳо қисмат мекунанд, душмани ҷон мехонад ва ҳушдор медиҳад, ки агар қавми парокандаи тоҷик ба ҳам наояд, на танҳо аз тоҷ – давлати худ, балки ҳастияшро дар олам ба бод медиҳад:

          Эй қавми пароканда, дар ин дам ба ҳам оед,

          Шуд хонаи мо хонаи мотам, ба ҳам оед...

          Шуд хоки Ватан гӯру кафан баҳри азизон,

          То гӯр дар ин хок шавад кам, ба ҳам оед.

         Қисматгари тоҷик ба мо душмани ҷон аст,

          Душман набувад аз бани одам, ба ҳам оед.

          Тоҷик, ки аз беҳамияш тоҷ фитондаст,

          То худ нафитад аз ҳама олам, ба ҳам оед.

                                                            (“Ба ҳам оед”)

Озар дастҳоеро, ки ба тарафи ҳам дароз шудаанд, ба шамъдон ва ангуштҳоро ба шамъ шабоҳат дода, бовар бар он дорад, ки агар ин дастҳо ба ҳам оянд, рӯдбори рушноӣ дар Ватан ҷорӣ мешавад:

          Дар шамъдони дастҳои мо

          Ангуштҳо бошад шабеҳи шамъ.

          З-ин шамъҳо ҷорӣ бувад як ҷӯйбори нур,

          Пайванд зан бо дастҳоям дастҳоятро,

          То рӯдбори рӯшоноӣ дар Ватан ҷорӣ шавад, эй дӯст.

Озарахш ба ҳамватани қаҳриаш ёдрас мешавад, ки ҳарду соҳибхонанд, барои ҳамин ҳам чу нури дида ба пурсиши якдигар оянд, бо ҳам гароянд:

          Биё, эй ҳамватан боҳам сароем,

          Ки соҳибхони ин ширинсароем!

          Чу нури чашмҳо аз роҳи дида

          Барои пурсиши якдигар оем.

          Ҳадиси оҷизон душмангароист,

          Ба номи дӯст, мо бо ҳам гароем!

Рустам Ваҳҳобзода нишони оштиро дар ҳафт ранги зиндагӣ –рангинкамон дида, ба мушоҳида гирифтааст, ки:

          Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст,

          Ормони халқ бошад қаҳрамони оштӣ.

                                                            (“Нишони оштӣ”)

          Абдуллоҳи Раҳнамо, ки қадри сулҳу ваҳдатро хубтар аз дигарон медонад, бовар бар он дорад, ки барои расидан ба сулҳу ваҳдат бояд аз ҳизби мансабу ҳизби маҳал берун шуд, синаҳоро аз ғубори ҳамдигар бояд шуст, аз ғафлату бенангӣ раҳоӣ ёфт, то аз чанги аҷал миллату давлати худро раҳо дод. Ӯ мегӯяд:

                    Гар зи ҳизби мансабу ҳизби маҳал берун шавем,

                    Ҳамчу миллат, ҳамчу давлат аз аҷал берун шавем...

                    Синаҳоро пок шӯем аз ғубори ҳамдигар,

                    То зи бими фитнаву санги бағал берун шавем.

                    Ғафлату бенангии мо ҳадяи тақдир нест,

                    Аз чунин каҷфаҳмии ҳукми азал берун шавем...

                                        (А.Раҳнамо. Ту дар гуфтан намеойӣ, Д., 2016, с.25)

Ин шоир худро боифтихор насли ваҳдат мехонад ва эълом медорад, ки:

          Не ҳизби “Растахезам”-у не Ҳизби наҳзатам,

          Не “ҷониби мухолиф”-у не аз “ҳукумат”-ам,

          Ин марзҳои танг нагунҷад ба фитратам,

          Ман соҳиби диёраму ҳастии давлатам,

          Ман тоҷики ягонаи фарзанди ваҳдатам.

                                                  (Ҳамон ҷо, с.29)

Мавзӯи дигари адабиёти замони Истиқлол офаридани чеҳраҳои онҳое мебошанд, ки дар раванди сулҳу ваҳдат иштирок доштанд ва кишвару мардумонашро ба ин рӯзи саид расонданд. Табиист, ки диққати адибони тоҷикро, пеш аз ҳама, симои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдат Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба худ ҷалб намудааст ва дар замина аз байту бандҳои алоҳида то шеъру достону қиссаву роману асарҳои драмавӣ ва публитистии фаровоне таълиф намудаанд. Мисли шеърҳои Низом Қосим “Савганд”, “Нигаҳ дор, эй Худо” ва “Эмомалӣ Раҳмон”, Ҳақназар Ғоиб “Эй пешвои тоҷикон”, “Эй тоҷи тоҷикони мо” ва “Бахти Ватан”, Ато Мирхоҷа “Сари болои Ватан” ва “Паёми пешво – тақдири миллат”, Рустам Ваҳҳобзода “Қасам”, Доро Наҷот “Бозтоби Ваҳдат”, Саидҷон Ҳакимзода “Меҳрнома”, Зулфия “Осиёро нурборон мекунӣ”, “Озодмарди рӯзгорон” ва “Ватандор”, Раънои Мубориз “Поянда бимон” ва “Таронаи адиби тоҷик”, Давлати Раҳмониён “Ҳадиси муҳаббат”, Олимхон Исматӣ “Даъват”, Сафар Амирхон “Кафили Ваҳдат”, Муфаззали Аҷамрод “Корномаи пешво”, Афсари Сармад “Меъмори сулҳу Ваҳдат”, намоишномаҳои Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Нури мино”, Абдуғаффори Абдуҷаббор “Худоназаркарда”, қиссаи Шералӣ Мӯсо “Ҷасорат”, маҷмӯаи асарҳои публитистӣ ва шеърҳои Давлат Сафар “Исёни ғурур”, очеркҳои Мансури Суруш ва С. Фаттоҳзода “Президенти мардумӣ”, Саиданвар Камолов “Оташро бо оташ хомӯш намекунанд” ва ғ.

Масъалаи дигаре, ки дар даврони Истиқлол диққати адибони тоҷикро  ба худ намудааст, тасвири ҷараёни бунёди иншоотҳои азиме, аз қабили истгоҳҳои барқи обии Роғун ва Сангтӯда, нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон ва ғ. мебошад ва онҳо дар ин замина як силсила асарҳои манзуму мансур офаридаанд. Романи мустанади Бахтиёри  Муртазо “Нақби Истиқлол” (2007), қиссаи Ҳанифаи Муҳаммадохир “Сангрезаҳои Сангтӯда” (2009), шеърҳои Ҳақназар Ғоиб “Роғун” ва “Сангтӯда”, Камол Насрулло “Симои садод ё манзумаи Роғун” (2008-2009), Муҳаммад Ғоиб “Сангтӯда”, Низом Қосим “Ғазали нур” (2002) ,“Кошонаи нур” (2008), “Қасидаи Роғун” , “Дарёи нур” ва “Ҳалолат шири модар...” (2014), Аҳмадҷони Раҳматзод  “Адолатпагоҳ” ва “Иҷлосияи наҷотбахш”, Зулфия “Лолазори “Сангтӯда”, Афшин “Нақби миллат” (2006), Раънои Мубориз “Нидои Роғун” (2010), Нумуҳаммад Ниёзӣ “Заррае аз буди мо Роғун” (2011),  Ато Мирхоҷаи Нерӯ “Дар оби Вахш моҳии заррини бахти мост” (2013), Озарахш “Нурнома (ё барқия ба Роғун)” ва “Роҳи раҳмат (Гулқасидаи нақби “Истиқлол”), Зиё Абдулло “Барои нурофаринони Сангтӯда”, Ҳоҷӣ Мурод “Нақби Шаҳристон” (2017), Парда Ҳабиб “Вожаи Роғун” (2018),  Шаҳрия “Роғун”, Афсар Сармад “Роғуннома”, силсилаи рубоиёти Аламхон Кучаров “Роғуннома” (2018), маҷмӯаи шеърҳои Ҳасани Султон “Паёми нур” (2019), очерки Мираҳмади Амиршоҳӣ “Роҳи нур” (2012) ва ғ. аз ҳамон қабиланд.

Ҳасани Султон, ки забоншиноси номӣ ва донандаи хуби таърихи гузашта ва ҳозираи миллати тоҷик аст, дидани вусъат ва бузургии иншооти Нерӯгоҳи барқии обии Роғун барояш нақши бошукӯҳи кӯҳи Бесутуни таърихии Ориёи бостонӣ, нури гулханҳои хомӯши Саразми қадимӣ, оташи ҷовиди куҳантарин оташкадаи  Навбаҳори Балхро ба хотир овардааст. Ӯ мегӯяд:

          НОБ-и Роғун

          Дар дили кӯҳ

          Ҳамчу нақши бошукӯҳи Бесутун аст.

Бо хати зар

Дар ҷабинаш сабт таърихи навини Ориёно.

                              (Ҳасани Султон. Паёми нур, Д., 2019, с.15)

          Ва:

                    НОБ-и Роғун

                    Баъди ин бар рӯзгорон...

                    Шуълаи базм,

                    Оташи разм,

                    Нури гулханҳои хомӯши Саразм аст.

                                                                      (Ҳамон ҷо, с.31)

          Дигар:

                    НОБ-и Роғун

                    Нури нав, неруи нав

                    Бар чашму дасти рӯзгор аст.

                    Оташи ҷовид дар оташсарои Навбаҳор аст.

                                                                      (Ҳамон ҷо, с.32)

  Ба назари шоир шаш чархаи (агрегати) Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба шаш сайёраи осмонӣ ҳампайванд мебошанд:

          Ту пиндорӣ, ки ҳар шаш чархаи ӯ

          Ба шаш сайёра ҳампайванд бошад.

                                                                      (Ҳамон ҷо, с.41)

Камол Насрулло нерӯгоҳи барқи обии Роғунро “кохи орзуи ҳафсаду ҳафтод пушти худ” номида, ҳамватанонашро ба сохтани он даъват менамояд:

                    Биё, созем Роғунро

                    Ба рӯи тахтапушти худ,

                    Чу кохи орзуи ҳафсаду ҳафтод пушти худ!

          Озарахш омодааст тани хокии худро дар таҳкурсии Роғун, сари сангинашро ба девори дарғоташ гузорад ва аз обанбори чашмонаш ба обанбори нурободи бунёдаш қатари ашкашро зам намояд, то Роғун бунёд бигардад:

                    Тани хокии худро хишт месозем

                                                  дар таҳкурсии Роғун,

                    Сари сангини худро васл

                                                  бар девори дарғоташ,

                    Зи обанбори чашмон ашк мерезем,

                    Ба обанбори нурободи бунёдаш...

                                                            (“Нурнома”)

Романи мустанади рӯзноманигор ва нависандаи номии тоҷик Бахтиёри Муртазо “Нақби Истиқлол”, ки соли 2007 ба табъ расида буд, дар доираҳои адабӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар баҳои сазовор гирифт. Ба  романи мазкур аз ҷумла Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд ва онро “асари хотирмон” дар бораи корнамоии қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишвар номидаанд. Бояд эътироф кард, ки ин баҳои баланди Сардори Давлат ва Ҳукумат дар маҷмӯъ ба адабиёти тоҷик  дар замони Истиқлол низ мебошад.

Вақте ки кас ба мутолиаи романи мазкур шурӯъ мекунад, бо қаҳрамонони он – нақбканону муҳандисони таҳҷоию хориҷӣ, рафти корҳои сохмонӣ, маҳалли воқеъоту ҳодисоти асар шинос мешавад, дар ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр як инсоне, ки касби асосиаш рӯзноманигорӣ, нависандагӣ ва тарҷумонӣ мебошад, мисли як муҳандиси баландихтисоси таҷрибадор ва аз сирру асрори нақбканӣ огоҳ сухан меронад ва нақл мекунад.  Вале нафаре, ки аз кору фаъолияти пайгиронаи муллифи роман, аз омӯхтани ӯ тамоми ҳуҷҷату санадҳои марбут ба нақби Анзоб, диду боздидҳои ҳамешагииаш бо коргарони одӣ ва мутахассисони баландпояи дохилӣ ва хориҷии  ин сохтмон, сафарҳои хидматии пайдарпаяш ба ин сохтмон, маҳаллу минтақаҳои гирдуатрофи он ва ҳамчун коргари одӣ дар сохтмонҳои азим кор карданаш огоҳӣ меёбад, бовар бар он мекунад, адибони миллатпараст ва ватандӯсте мисли Бахтиёри Муртазо ба хотири ояндаи кишварашон ва беҳбудии зиндагии ҳамватанон ба анҷоми ҳамагуна корҳо қодир мебошанд.

Афшин ном шоире соли 2006 дар рӯзномаи “Тоҷикистон” хитобаеро зери унвони “Нақби миллат” чоп кард, ки дар он бархилофи аксарияти онҳое, ки дар бораи Нақби Истиқлол то ба имрӯз навиштаанд, таъкид ба аҳаммияти фавқулодаи нақби мазкур барои ба ҳам пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон ва таҳкими Ваҳдати миллати тоҷик кардааст ва гуфтааст:

                                      Нақби Анзоб,

Нақби дилҳо,

Нақби миллат,

Миллате, к-аз бахти бад дар тӯли таърихи дароз

пора-пора, дар ба дар чун Мунтасир овора буд,

Миллате, к-аз ҷаҳли фарзандони саҳроҳову дашт

                                                     шаҳрҳову боғу бустонҳои шодоби ватан

                                                     тарк карду дар миёни куҳҳо бечора буд.

Ӯ дигар миллат набудӣ,

Ӯ шимолию ҷанубӣ,

Ӯ бадахшию хуҷандӣ,

Ӯ асилу ноасиле,

Ӯ дарунию бурунӣ

норасо, ноошно, бегонаву бекора буд.

Нақби Анзоб,

Нақби дилҳо,

Нақби миллат!

Ту шимолӣ, ту ҷанубӣ васл кардӣ,

Самтҳоро, қутбҳоро васл кардӣ.

Ту расонидӣ ба ҳам кӯҳҳову пуштаҳо,

Наслҳову фаслҳоро васл кардӣ...

Вақти он аст, эй азизон, мо кунун

ақлу дилҳомон ба ҳам созем,

роҳи дилҳомон бипаймоем,

То шавем аз нав чу миллат, 

Миллати беиллату зиллат.

То ки чун Айнию Дониш,

То ки чун Мирзои Турсун, чун Ғафуруф,

То ки чун устод Лоиқ,  

То ки чун Эмомалӣ Раҳмон, 

То ки чун шерони Аҳмадшоҳи Масъуд

Дар ғами тоҷик сӯзем,

Миллате аз нав бисозем...

Ёди ёру диёр, васфи зодгоҳу Ватан аз мавзӯъҳои ҷовидонии адабиёт ба шумор мераванд ва дар ҳама давру замон дар адабиёти бадеӣ ҳузур доштанд. Адабиёти замони Истиқлоли тоҷик низ аз ин истисно нест. Фақат фарқ дар ин аст, ки мавзӯи мазкур ба тақозои даври Истиқлоли давлатӣ ҷанбаҳои тозае ба худ гирифтааст. Агар дар даврони Шӯравӣ аз зодгоҳ, ба истилоҳ ватани кучак сухан кардан расм набуд ва адибони шӯравии тоҷик бештар аз ватани бузург сухан мекарданд, Душанберо додари Маскав мехонданд, бо он ҳама устодон Мирзо Турсунзода ва  Мӯмин Қаноат дар шеърҳояшон аз рӯди Қаратоғу Варзоб бо меҳру муҳаббати фарзандӣ ёд меоварданд. Зиндаёд Лоиқ, устод Бозор ва Гулрухсор аз деҳаи хурди Мазору кӯҳи Чилмеҳробу ҷангали Лайлӣ, қишлоқаку қурғони Собирбой ва Яхч сухан гуфтанро дар шеъри муосири тоҷик расмӣ гардонданд. Бону Гулрухсор дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 110-солагии устод Турсунзода дар зодгоҳи шоир ба хотир оварданд, ки барои он ки  дар шеър аз зодгоҳашон Яхч зикре карда бошанд, бояд ҳатман аввал аз васфи Маскав суханро оғоз менамуданд.

Замони Истиқлол барои шоирону нависандагони муосири тоҷик тамоми маҳдудаҳоро аз миён бардошт ва чун натиҷа дар васфи ватани кучаку бузург дар ин сӣ соли охир навиштаҷоти фаровоне гуфта ва чоп шуданд. Дар ин навиштаҳо ба ҷуз Тоҷикистону пойтахти он шаҳри Душанбе метавон гуфт номи тамоми деҳу шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зикр ёфтаанд.

  Дар ин миён шеърҳои Қутбӣ Киром “Ватан” ва “Ёлаҳои Урметан”, Бозор Собир “Ватан”, “Қалъаи Золи Зар”, “Бадахшон чатри симини замин аст”, “Дар лаби уқёнуси Ором”, “Даҳ сол ман набудам” ва “Соядасте ба шамоли Элок”, чанд дубайтиву рубоиҳои Гулназар, Ҳақназар Ғоиб “Ватан, эй модари модар”, сурудаҳои Фарзона “Гаҳвораи фараҳ”, “Паёми Зарафшон” ва “Гоҳвору мазори ишқи ман”,  Камол Насрулло “Ватани тоҷик”, Низом Қосим “Бо Ватан сахт чу вобаставу пайваста манам”, Муҳаммад Ғоиб “Суфраи бахт” ва “Чашмаи меҳр”, Аскар Ҳаким “Ватан, шояд, маро маъзур дорӣ” ва “Ватанхоҳӣ”, Раҳмат Назрӣ “Армоншикан” ва “Ошиқона”, Озарахш “Шаҳри афсонаи ман, деҳаи Урметани ман”, Рустами Ваҳҳобзода “Лозуркӯҳ” ва “Эҳсос”, Озар “Ватан”, Акбар Абдуллоҳ “Хоҷамӯмин”, Толиби Луқмон “Меҳани ман” ва “Ба ҷодаи фардо...”,  Сурайё Ҳасан Султон “Чакидаҳои кӯтоҳ” бо доштани маъниҳову тасвирҳои шоиронаи тоза фарқ мекунанд. Чунончи, чанд намуна аз онҳо:

Бозор Собир:

          Замини бора-бораам,

          Замини гоҳвораам,

Замини ширхораам,

Замини модарии ман,

Ватан, Ватан, Ватан, Ватан...

          Агар касам, каси туам,

          Агар хасам, хаси туам,

      Замини модарии ман,

        Ватан, Ватан, Ватан, Ватан...

                                        (“Ватан”)

Гулназар:

Тоҷикистон, ёбӣ аз ҳар зарраам

          Ё Саразме, ё Хуҷанде, ё Ҳисор!

                                        (“Рӯҳи момо ё қиёме, ё қарор”)

Фарзона:

       Чашми бад дур зи чашмони азизат, Ватанам,

          Деву дад дур зи домони азизат, Ватанам.

          Ту бифармо, ки ҳар роҳ бароварда кунам,

         Чист, баргӯй, ки армони азизат, Ватанам.

          Нола кардам зи парешонии пайвандонат,

      Нолаҳо аз найи сутхони азизат, Ватанам...

Низом Қосим:

                    Бо Ватан сахт чу вобаставу пайваста манам,

                    Ҳар куҷое биравам, баҳри дили худ ватанам,

                    Ҷисми ман дарбадару рӯҳи ман андар Ватан аст,

                    Кай ғарибам, ки ба ҳар ҷо Ватани хештанам.

                    Чашм кандам агар аз рӯи хушаш, маҷбурам,

                    Нафасе аз ғами ширини Ватан дил наканам...

( Аз ассалом то вассалом, с.321-322)

Муҳаммад Ғоиб:

                    Реги саҳрои Ватан дар чашми меҳрам дона аст,

                    Ин ҳақиқат баҳри дур аз ифтихор афсона аст...

                    Рӯ ба ҳар сӯяш, ки орам, саҷдаам гардад қабул,

                    Тоҷикистон баҳри ман ҳам қибла, ҳам кошона аст.

                                                                      (“Чашмаи меҳр”)

Рустам Ваҳҳобзода:

                    Фазоро дарнавардад бӯйи шуми фитнае, Меҳан,

                    Сарам аз дард мегардад, дилам аз ранҷ метаркад.

                    Канори туст норанҷею симаш бар лабони ман,

                    Ҳаметарсам, ки гар лаб во кунам, норанҷ метаркад.

                                                                      (“Эҳсос”)

Озар: 

                    Қасам ба шири модару бузургии Худо, Ватан,

                    Ки дил зи ту чу бӯ зи гул намешавад ҷудо, Ватан.

                    Барои сабз буданат, чу нахлҳо кушода даст

                    Ба лаҳни нарми баргҳо дуо кунам, дуо, Ватан...

                                                                                (“Ватан”)

Акбар Абдуллоҳ: 

                    ...Замоне тифли домони ту будам,

                    Вале қисмат маро зиндаҷудо кард.

                    Бароям маснади воло гаҳе дод,

                    Гаҳе зору ғарибу бенаво кард.

                              Ба ҳар ҷое намак хурдам ба дунё,

                              Бароям маззааш бас ошно буд.

                              Ба дил гуфтам: бувад аз Хоҷамӯъмин,

                              Ки дарди ҷисму ҷонамро даво кард...

                                                                      (“Хоҷамӯъмин”)

Шоироне, ки аз онҳо ва шеърҳои ҷудогонаашон дар боло ёд кардем ва пораҳое нақл намудем ва ҳам онҳое, ки зикрашон дар боло нарафт, дар васфи Ватан сурудаҳое доранд, ки дар онҳо баёту бандҳои зебо ҳастанд, чунончи:

Гулназар:

                              Он гуна муқаддасӣ, ки арзанда бувад

                              Дӯзанд зи парчами Ватан пираҳанат!

                                                            (“Хомаи мижгони ту”)

Раҳмат Назрӣ:

                              Дар кӯчаи кӯдакии дерин ба фалак

                              Ку боми падар, ки бонг аз он афканаме!

                                                                      (“Армони ҷовид”)

Муҳаммадалии Аҷамӣ:

                              Сарзаминам чун Сиёвуш аз дили оташ гузашт,

                              Сарбаландӣ мечакад аз соғари таскини мо.

                                                                      (“Дарахти дин”)

Ато Мирхоҷаи Нерӯ:

                              Помер-Ватан, Ватан, Ватан, ҷон Ватанам,

                              Ҳар рӯди ту ҷону ҳар шахи ту баданам.

                              Тӯфони ҳаводис наканад аз ҷоям,

                              Вақте ки ба қуллаҳои ту такя занам.

                                                                      (“Рубоиёт”)

Озарахш:

                              Чун Зарафшони равон пои туро мебӯсам,

                              Ту биафзо ба таманнои ғурурафкани ман.

                                        (“Шаҳри афсонаи ман, деҳаи Урметани ман”)

Давлат Сафар:

                              Ҳама ганҷе, ки зи каф тоҷики раҳгумзада дод,

                              Дар Бухорои зарафшони дилам мемонад.

                                                                      (Авҷи парвоз, с.34)

Абдуллоҳи Раҳнамо:

                              Дар кафи нозаш Душанберо ба ҷон мепарварад,

                              Бӯи Турсунзода дорад атри борони Ҳисор.

                                                                      (“Хотираи Ҳисор”)

          Ба маврид аст, аз як камбудие, ки, мутаассифона, ба аксарияти навиштаҳои, чи адибони номиву соҳибтаҷриба ва чи навқаламу бетаҷриба,  дар бораи Ватан, Истиқлол, Ваҳдат ва  Президент хос аст, чанд сухан гӯем. Ингуна навиштаҳо маъмулан бисёр умумӣ, хушк, такрорӣ ва забонзада буда, ҳеч маъниву тасвири шоиронае надоранд, мисли он ки ҳамаи онҳоро як муаллиф навишта бошад. Агар аз ҳамин нигоҳ барои имтиҳон ба вижанома ва баёзҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” ва “Адабиёт ва санъат”, ки ҳамасола ба ифтихори рӯзҳои Истиқлол, Ваҳдат, Президент, Парчам, Забон, Роғун ва ғ. нашр мегарданд, мурур кунед, ба дурустии ин қазия ба осонӣ бовар хоҳед кард. Иллати ин падидаро устод Кӯҳзод дар он дидааст, ки мо ҳанӯз ба маънои аслии ин мафҳумҳои муқаддас сарфаҳм нарафтаем, маънои онҳоро дуруст ва амиқ бо дилу ҷон дарк накардаем, барои ҳамин ҳам ба таҳқиқи бадеии онҳо дар адабиёт ба таври бояду шояд муваффақ нагардидаем (Кӯҳзод. Ғайр аз хӯрдан ва пӯшидан, Д., 2017, с.98).  

          Чанд сол пеш Низом Қосим мақолае бо номи “Меҳру сеҳри нақди шеър” дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (2012, №6) чоп карда буданд ва умумигӯиро “аз дардҳои аёни шеъри муосири тоҷик” номида буданд. Маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам ин дарди шеъри мо на танҳо даво наёфтааст, балки бештар гаштааст. Барои ҳамин ҳам муаллиф бо гузашти 9 сол дар маърӯзаи ҳисоботии худ ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Анҷумани 15-уми нависандагони ҷумҳурӣ такрор мекунад, ки: “Ҷои таассуф аст, ки ашъори зиёди сиёсиву иҷтимоие, ки дар ин давра ба миён омаданд, аз ҳадди шиору хитоба фаротар нарафтаанд. Махсусан, дар аксари шеърҳое, ки ба Пешвои миллат, Ваҳдат, Истиқлолият, Роғун бахшида шудаанд, умумигӯиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмуливу забонзад зиёд ба назар мерасад. Дар ин гуна шеърҳо маъниҳои тоза, тасвирҳои хотирнишин ва нақши сувари хаёлро, ки таъмингари асосии бадеияти шеъранд, камтар мебинем. Дар онҳо ғолибан матлабҳои мақолаву гузоришҳои рӯзмарра ба қолаби назм дароварда мешаванд, ки арзиши бадеие надоранд” (Садои Шарқ, 2021, №1, с.11).

          Хеле солҳо пеш камина дар яке аз мақолаҳоям дар бораи шеъри муосири тоҷик дар мавриде аз як гуфтаи шоири рус М. Кулчитский  ёд оварда будам, ки  нусхаи  аслаш ин аст:

                    Я б запретил декретом Совнаркома

                    Писать о Родине бездарные стихи!

Мо набояд ба худ иҷоза диҳем, ки дар бораи муқаддасоти миллии худ, монанди Ватан, Забон, Истиқлол, Президент, Парчам, Наврӯз ва ғ. бетарафона, лоқайдона, хушку берӯҳ, суханҳои такрорӣ ва умумӣ гӯем, шиор диҳем. Агар дар ин заминаҳо сухани гуфтанӣ надошта бошем, нагӯем беҳтар аст.

Сайидалӣ Маъмур шеъре доранд бо номи “Ба шоирони шиорӣ” (2011), ки дар он аз ҷумла ин байтҳо ҳастанд:

          Хастаам аз шеърҳои “Зинда бод!”-и шоирон,

          Аз таманнои шиории зиёди шоирон...

          Баски аз дасти шиориён сухан олуда шуд,

          Баҳри покии Сухан хоҳам ҷиҳоди шоирон.

Озар низ шиор навиштан барои халқро на ба худ ва на ба дигарон раво намебинад:

          Ман он наям шиор нависам барои халқ,

          Ҳам худ сухан бигӯяму ҳам худ мухотабам.

                                                            (“Ман он наям...”)

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ бо худ падидаҳои иҷтимоиеро, мисли гурезаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, беҷошудагон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд овард. Адибони тоҷик, ҳам ба назму ҳам ба наср, як силсила асарҳои хуби ҳаётӣ офариданд, ки кору бор ва рӯзгори сахту вазнинии ҳамватанони моро дар мулки бегона тасвир менамоянд, аз он ҷумла шеърҳои Гулназар “Навҳа”, Низом Қосим “Мусофирмардикор”, Муҳаммадалии Аҷамӣ “Шуълаҳои ғарибӣ”ва “Фасли ғурбат”, Сиёвуш “Билоди ғурбат”, Раънои Мубориз “Ба марди муҳоҷир”, “Мардиямро мебарӣ” ва “Ёри муҳоҷир”, Абдуҷаббори Суруш “Эй рафта, баргард!” ва “Қӯи муҳоҷир”, Абдуллоҳи Раҳнамо “Шеъри муҳоҷир” ва “Ғурури оворагони тоҷик”, Мафтунаи Қосим “Нома ба ёри муҳоҷир”, Толиби Луқмон “Сармои интизорӣ”, ҳикоя ва қиссаи  Равшани Махсумзод “Тобут дар бағал” (2018) ва “Ду муҳоҷир” (2012), ҳикояи Сироҷиддин Икромӣ “Вақте насиб накард...”, мақолаҳои публитистии Холназар Муҳаббатов “Муҳоҷират ва сиёсат” (2014) ва ғ.

Гулназар:

          Эй ғолибони Гирмон

                              В-эй саркашони Меҳан!

          Чун шоҳиди замонҳо

                              Бошед довари ман:

          З-он Маскаве, ки омад

                              Хатти сиёҳи бобом,

          Дардо, расид имрӯз

                              Тобути додари ман!

Муҳаммадалии Аҷамӣ:

          Дуо кун, осмон борон бигирад,

          Сафар, эй ҳамсафар, поён бигирад.

          Бишӯям фаслҳои ғурбатамро,

          Садои мурда дорам, ҷон бигирад.

Сиёвуш:

          Ҷойи шабнам хун чакидам дар чаманзори Ватан,

          Боди ғурбат оқибат бар хоки ғамҳоям фиканд.

Абдуллоҳи Раҳнамо:

          Хонаи мисраи ман торик аст,

          Чун ки ӯ як бачаи тоҷик аст.

          Он, ки симои чу гандум дорад,

Хайма дар кишвари мардум дорад.

Яке аз ҳикояҳои беҳтарини Равшани Махсумзод “Тобут дар бағал” ривояти талх ва дардноки ду ҳамватани мо, як зану як марде, ки ба кишвари бегона ҳиҷрат карда буданду ҳоло мехоҳанд, ки ҷасади кӯдаки парпечашонро дар ватани хеш гӯр кунанд, то мисли фарзанди аввалаашон ғарибхок нашавад.

Кӯҳзод яке аз мақолаҳои публитистиаш “Дар атрофи хислати тоҷикон” (1997)-ро бо ҳушдоре ба охир расондааст: “Бо роҳи Истиқлол равонем ва бояд бидонем: роҳ дағар буғур ва душворгузар аст. Мушкил аст ба кӯи мурод расидан”.

Дар сӣ соли охир дар ҷомеаи тоҷик, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дигаргуниҳои куллие ба вуҷуд омаданд. Оғози равандҳои демократӣ дар кишвар ва таъсиси нахустин ниҳодҳои он (низоми бисёрҳизбӣ, интихоботи озод, матбуоти озод, созмонҳои ғайридавлатӣ),  дарёфти Истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ  аз муҳимтарини онҳо мебошанд. Вале афсӯс, ки ин дигаргуниҳо бо шиддат гирифтани муқобилияти  нерӯҳои навзуҳури сиёсию мардумӣ, бо ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳарҷу марҷи сиёсию ҳуқуқӣ, коҳиш ёфтани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, касодии ахлоқию маънавӣ ҳамроҳ буданд.

Баёни дарду ғам, нолаву оҳ, гиряву фарёд, ғуссаву ҳузн, буғзу ҳасрат адабиёти ду даҳсолаи  замони Истиқлол, алалхусус шеъри онро, бино бар гуфтаи муаллифонашон, ба  “шеъри алам”, “шеъри зодаи табу тоб”, “шеъри хаста”, “шеъри ҳазини марсияпӯши дил”,  “шеъри дилмурдаву озурдафасли бедардон”, “ғамнома” табдил додааст. Шоирон ва нависандагони мо аз олуда шудани муҳити маънавӣ (“эрозияи одамӣ”), бемаърифатӣ, беқадрии илму адаб, боло гирифтани  ҷаҳолат, бемеҳрию номеҳрубонӣ дар байни тоифаи муайяни ҷомеаи муосири тоҷик, модиётпарастӣ, молу чизпарастӣ ва ғ. нигаронӣ доранд.

Гулназар:

          Нола рӯяд аз дили ҳар мисраам,

          Сафҳаҳои ман найистон асту бас.

                                                  (“Осмонам абри гирён асту бас”)

Ва:

          Моро дами шамшери Сикандар накушад,

        Хунхорагии лашкари Санҷар накушад.

          Мо Юсуфи даврони худему моро

          Ҷуз ҷаҳли мураккаби бародар накушад.

                                                  (“Табхола”)

Дигар:

          Қитъа-қитъа шеъри ман ҷамъу парешон аст,

          Нусхаҳои ғуссаҳои Тоҷикистон аст.

                                                  (“Фард”)

Алимуҳаммад Муродӣ шеъри дард зиёд мегӯяд ва таъкид намудааст, ки ин дардҳое, ки мегӯяд, шахсӣ  нестанд ва ба сиёсатҳои замон низ коре надорад: “Дарди ман ҷуз дарди миллат, дарди Ватан, дарди ҳар як тоҷик, дарди андешаи дирӯзу имрӯзу фардои ин қавму диёр чизи дигаре нест” (А.Муродӣ. Хайрбоди баҳор, с.7). Ӯ шеъре дорад бо номи “Хокистари дил” ва дар он чунин байте омадааст:

      Ғамбаророни ман ҳама рафтанд,

       Ғамшарикам ҳамин қалам монда.

Рустами Ваҳҳобзода савганд хурда, ки аз дард нахоҳад гуфт, вале чӣ илоҷ, ки бино бар навиштааш, дармони дардҳояш нопайдоанд:

          Савганд ҳамехӯрдам, к-аз дард нахоҳам гуфт,

          Ҷуз дард чиро гӯям, ту дидаӣ дармоне?

                                                  (“Ойинаи якрӯӣ, ойини якороӣ”)

Ба андешаи Озар:

          Замон замони муҳаббат нест, замон замони фаромӯшист,

          Тиҳӣ бигарду азизе шав, ки халқ гарми тиҳиҷӯшист.

                                                  (Озар. Ирфони ҳино, Д., 2006, с.35)

Абдуҷаббори Суруш таъкид бар он карда, ки баъзан сухан дар баёни дардҳояш оҷиз аст:

          Аз осмони ҳасрати ман рез, эй Борони ман, Борон!

          Буғзи маро бо буғзи худ омез, эй Борони ман, Борон!

          Баъзан сухан он қадр оҷиз дар баёни дардҳои мост,

          Оҳ аст шарҳи дарди диловез, эй Борони ман, Борон!...

                                                  (“Шеъри ман абрию боронист...”)

Нависандаи ҷавон Шодӣ Раҷабзод кӯшиш намудааст, ки ин дардҳои ҷомеаи тоҷикро  дар мисоли зиндагии деҳот ва деҳотиён дар ҳикоя, новелла ва очеркҳояш бо тамоми пастиву баландиҳо, печутоб ва мушкилиҳояш ҳақиқатнигорона бозтоб диҳад. Ӯ анҷоми кореро ба зима гирифтааст, ки аксарияти мутлақи адибони муосири тоҷик, чи собиқадору чи навқалам, аз он канора мегиранд ва ё ба он даст зада бошанд ҳам, ғолибан яктарафа ва рӯякӣ муносибат мекунанд.

Диққати нависандаро, пеш аз ҳама, бад шудани аҳволи модию маишии деҳотиён, бепулӣ, бенониву бечизӣ («Арафаи ид», «Зиндагӣ дар зулмот»), барои рӯзгузаронӣ бо тиҷорат машғул шудани занон ва фарзандони мактабхони онҳо («Растагорӣ», «Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати гуптҳо»), аз маҷбурият рафтани деҳотиён ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия («Арафаи ид», «Растагорӣ», «Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати гуптҳо», «Шикаст») ва аҳволашон дар ғурбат («Қамбар қамбари обӣ?», «Модарам», «Шоми ғарибӣ», «Гиря», «Тобут»), хор шудани мактабу китобу муаллиму аҳли савод («Арафаи ид», «12 зимистону 12 баҳор», «Сари хам», «Қиссаи маҷлису масъалаи об ва навбати пода»), ривоҷи беадолатӣ, беқонунӣ, фасоди идорӣ («Марги ҳокими заминфурӯш», «Кампири Оламбӣ ва «тақсими мерос», «Сари хам», «Бобои Гулон ва подшоҳ») ба худ ҷалб намудааст.

 Фарзона  хонандагону шунавандагон, мухлисону алоқамандон ва ҳамватанони азиз ва ҳампешагони қаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, ҷониби арши кибриё, олами малакутӣ, ошиёни қудсӣ, қуллаҳои улвӣ, дурдасти мунаввар, ба олами маънавияту маърифати фарри аҳуроӣ ва сунъи қуръонӣ, барои рӯ овардан ба равзанаи Нур, ба ноҳияи Офтобу Моҳтобу Ситорагон, ба гузаргоҳи Каҳкашон, ба тулӯъ ва шафақ, фурӯғистони нопаймуда, барои расидан ба субҳ  ва дунёи Зебоию Покӣ, ба баҳору фарвардину урдубиҳишт, ба сабоҳати шабнаму борони раҳмат ва Фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад.

Ангезаи даъвати Фарзона ба олами Боло, равзанаи Нурдунёи Зебоию Покӣ ва Фардои нозанин аз  воқеъияти талхи замона – даврони ба истилоҳ гузариши “ногоҳонӣ” ва то андозае “иҷборӣ”  аз як низоми сиёсӣ ба низоми сиёсии дигар, яъне аз сотсиализм ба демократия ва паёмадҳои вазнин ва номатлуби он, даврони густариши босуръат ва харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони нотайёри имрӯзӣ мебошад.

Ин замон, ин ҷомеа ва аҳли ин замону ин ҷомеа маҳдуд ба як кишваре, ба як мамлакате ва ба як миллату қавме нест. Ин замону ин ҷомеа ва аҳли онҳо, ки шоираи тоҷик мудели адабию ҳунарии онро бозтоб намудааст, ба замон, ба ҷомеаи ба истилоҳ постиндустарӣ – пасосанъатии муосири ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Вусъати назари ӯ на танҳо кишвари азизаш Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, ҷаҳони исломро, балки ҷомеаи ҷаҳониро, яъне тамоми қаламрави Шарқу Ғарб ва Осиёву Африқоро фаро бар мегирад.

Фарзона ҳушдор аз он медиҳад, ки дар ин “замонаи мунҷамид” (Лоиқ), асри атому компутар, қарни нави роботӣ одамакҳои ҳақире пайдо шудаанд, ки дили роботӣ, дили дастурӣ,  дили маснӯъӣ, чашмони компутерӣ, мағзҳои сунъии компутерӣ,  ишқи компутерӣ, ҳарфҳои ҷадваливу фикрҳои дастурӣ, тафаккурҳои якқолиб ва ё  рӯҳи ибтидоӣ, фикри гиливу лоӣ, мағзи қадима, мағзҳои шаболуда, қалбҳои тираи бемуҳтаво, фикрҳои бетароват, чашмҳои беимон, забонҳои бевузӯ, гӯшҳои наҳспазир, ҷисмҳои бедил, тафаккурҳои яхбаста ва барфӣ  доранд ва чӣ будани меҳру муҳаббат, садоқат, эътимод, нангу номус, орият, ҳиммат, ҷавонмардӣ, одаму одамгариро намедонад ва дар банди хусумату адовату хиёнату фисқу фуҷур, ҷаҳолат, қабоҳат, пастию разолат, риё, бухлу ҳасад дар мондаанд.

                   Ҳақиқат мефурӯшанд одамакҳои ҷаҳонхора,

                   Ҳақиқат низ коло шуд ба бозори риё, эй дил.

                                      (“Шабихун зан ба танҳоӣ, баро аз инзиво, эй дил”)

        Ва:                               

                   Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон,

                   Дар ҳечзори ҳарзаву ғафлат ниҳонакон.

                              (“Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон”)

           Даъват ба сӯи  Олами Боло, Равзанаи НурДунёи Зебоию Покӣ ва Фардои нозанин чӣ даъватест? Ин Олами ормоние, ки Фарзона дар шеъраш барои худ ва хонандагону алоқамаандонаш  сохтааст ва ҳамаро ба он ҷо мехонад, чӣ оламест? Ҳаволагоҳ ва ё Гурезгоҳ аст, ки шоира мехоҳад барои раҳоӣ аз фарши иҷтимоъ, дунёи касиф ва аҳли он ба он ҷо равад ва алоқамандонашро низ бо худ барад, то даме биосояд “зи дунёву шару шӯраш” (Ҳофиз). Ӯ навиштааст: “Зеҳни ман ҳамеша пур аст аз чунин парвоз, аз чунин манзараҳои рӯъёӣ, ангораҳои румонтикӣ. Ва ман бе он ки хоста бошам, аз ҳақиқати зиндагӣ мегурезам бо оғӯши он дунёи рӯҳонии зебо, ки одамҳояш, гулу гиёҳаш, осмону заминаш бӯи наҷобат мекунанд” (Фарзона. Дарёи сӯзон, Д., 2014, с. 40-41). Ва ё ин гурези ӯ Роҳҳалест барои мушкилоти иҷтимои муосир, ҷаҳони имрӯзӣ ва аҳли он. 

          Фарзона бовар бар он дорад, ки  ба воситаи Шеър, Ишқ ва Имон -  “ҳамраҳони муҳкаманосираш”, яъне маънавият, илму адаб ва фарҳанг метавон мушкилоти ҷаҳони кунунӣ ва иҷтимоъро ҳал намуд ва инсониятро ба сӯи “Фардои нозанин” раҳнамун сохт. Шоира рисолати суханварро дар он дидааст, ки “ё паёми бозгашти муҳаббат ба ҷаҳоне, ки аз иҷтимои наҳс олуда шудааст ё зангулаи имон бошад, ки дилҳоро аз кина шустушӯ диҳад ва ҷоёгоҳи ҳақиқат созад...Суханаш дилҳои афтодаро аз чоҳ то моҳ меъроҷ медиҳад” (Рӯз. “Ҷавонони Тоҷикистон”, 9 ноябри 2006). Ингуна суханро ӯ “сухани мумиёӣ” меномад ва дар хитоб ба ҳампешагонаш фармудааст, ки “сухани мумиёӣ бояд гуфт” (Ҳамон ҷо, с.12).

                         Салом, эй Шеър, эй пайки ҳамеша!

                         Туро ман қосиди оянда кардам.

                         Натарсидам, дубора Ишқ гуфтам,

                         Ба Имон мурдаамро зинда кардам.

                       (“Паёпай гиря кардам, ханда кардам”)

          Шоира ният кардааст, ки самои ғуборолуди даҳрро полоиш диҳад, бо баду балои замона ба ҷанг равад, бечароғонро бар фурӯғистони нопаймудае даъват намояд, тӯдаи гумраҳро бар ҷустани имон бибарад, бо иҷтимои олуда ҷиҳод бикунад, рӯҳи башарро ба ҷониби некӣ бибарад, зиндагии бемантиқро бо паёми латифи хеш мавзун созад, одамонро аз қайди тафаккури маҳдуд ба фарохнои хуршед барад, пираҳани доғи иҷтимоъро бо фитрати мунаввари худ бишӯяд, қавми бефардоро ба самти бедорӣ бибарад, рӯҳҳоро дар ҷаҳони берӯҳ бишӯяд, барояшон дари дӯкони маърифат боз бикунад, имонҳои нимсӯхтаро рӯшанӣ бахшад, дилҳоро ташхис бикунад, меҳрубониро пайдо намояд, зиндагии башарро ба сӯи нур бибарад, ба дили ғамкашидаи мардуми офоқ муждаи рустани сурур бибарад, ҳамаи муҳаббати худро дар қаҳтии Имону қиматии Ишқ ба мардум ройгон бибахшад ва онҳоро аз дӯкони залолат наҷот бидиҳад, қалбҳои чиркинро собун бизанад, бо тирагӣ ҷиҳод бикунад, ҷӯйҳоро ба дарёҳо бипайвандад, пиндорҳои чиркинро дар ин ғубористони куфр бишӯяд,  бар дили бемори халқ як ду ҳаб ҳарфи валидолӣ бибарад ва ниҳоят фарроши рӯҳҳо шавад. Ӯ мегӯяд:

                     Дили маъсуми ман ҷиҳод мекунад

                     Боз бо иҷтимои олуда.

                               (“Аз компутер то гандум”)

          

Мехоҳам гузоришамро дар бораи бозтоби замони Истиқлол дар адабиёти тоҷикро бо иқтибос аз суханони Президенти муҳтарами Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳусни хотима бахшам. Он кас гуфтаанд: “Барои адабиёти муосири тоҷик даврони Истиқлолият давраи куллан нав маҳсуб мешавад.

Рушду такомули минбаъдаи он аз адибон масъулияти баландро тақозо менамояд. Бинобар ин, инъикоси дурусти ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ бояд муҳимтарин вазифаи адабиёт дар даврони Истиқлолият бошад...

Вале холисонаву мунсифона бояд гуфт, ки адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони Истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикос намеёбанд” (Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 19 марти 2015).

Ман бо имони комил аз рӯи он чи мутолиа ва баррасӣ намудам, тасдиқ мекунам, ки адибони тоҷик барои иҷрои ин вазифаи бузург ва масъуле, ки Сардори Давлат ва Ҳукумат гузоштанд, омода мебошанд.


 

 

 

 

 

 

 

  

           

 

 

                             

 

                   

 

 

         

                   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Комментарии

  1. Дуруд устоди гиромӣ, дастатон дарда набинад, ковиши амиқ ва фарогире анҷом додаед. Дарвоқеъ марди бисёрфан ҳастед, боиси фахри мо! 💐💐💐💐💐💐💐💐

    ОтветитьУдалить

Отправить комментарий

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб