Барои алоқамандон ва аъзои гурӯҳи "Чамани ишқу андешаи Аскар Ҳаким".
Суханронӣ
дар маъракаи рӯнамои «Маҷмӯаи осор»-и Аскар Ҳаким дар АИ ҶТ
Як гуфтаи машҳурро борҳо аз забони худи Аскар Ҳаким шунидаам ва дар навиштаҳои баъзе аз адибон, аз ҷумла Гулназар, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доранд, хондаам. Он гуфтаи машҳур ин аст: «Ман дар миёни мунаққидон беҳтарин шоир ва дар ҳалқаи шоирон беҳтарин мунаққидам». Ин гуфта беасос нест, аммо, ба назарам, дар он изҳори фурӯтанӣ ва шикастанафсии муаллиф бештар аст. Шояд гуфтаи рост он аст, ки боз ҳам худи ӯ навиштааст: «То ҳол хидматгори ду хоҷаам… Намедонам, ки дар ҷодаи адабиёт аз шеър бештар шукргузор бошам ё аз нақд» (Маҷмӯаи осор, ҷ.У11. -С. 15).
Вале мову шумо, ки хонандагони ҳам шеъри ӯ ва ҳам нақди ӯ ҳастем, шукргузор аз он ҳастем, ки Аскар Ҳаким ҳам дар шоирӣ ва ҳам дар мунаққидӣ муваффақ мебошад.
Барои он ки қазияи шоири хуб будани ӯро таъкид намоям, бароятон чанд намуна аз шеъри шоир меорам. Дар аввал чанд мисраъ ва байтеро аз ӯ дар интихоби Гулназар ва баъд ду пораро дар интихоби худам аз мақолаи «Шеъри тоҷикӣ бе Лоиқу Бозор» бо шарҳи мухтасар бароятон иқтибос мекунам.
Мисраъ:
Ба рўйи шохаҳоят мурғакон зангӯлаи субҳанд.
Тасаввур кунед дарахтеро дар дами субҳ ва шохаҳои пур аз паррандагони онро, ки ҳама ба лаҳну шеваи хоси худ нағмасароӣ мекунанд. Ва ин як саҳнаи муқаррарии зиндагии рӯзмарраи мову шумо, ҳатто дар шаҳр, мебошад. Аммо ин саҳнаи муқаррарии зиндагии рӯзмараро шоир шеър кардааст бо гуфтани он ки мурғакон ба рӯйи шохаҳои дарахтон зангӯлаи субҳанд.
Байт:
Ба ёди ту беёд, ки меистодам,
Печида ба ман ошиқи печон гул кард.
Раҳпоиҳои беохири ошиқро бо ёди маъшуқааш шоир бо зикри он ки буттаи ошиқи печон дар ин фосилаи тӯлонии раҳпоиҳо ва интизориҳо ба тани ошиқ на танҳо печид, балки гул ҳам кард, ба шеър табдил додаст.
Байти дигар:
Бо баҳорон менависам шеъри худро,
Ӯ ба талҳо менависад, ман ба дафтар.
Фасли баҳорон талҳо ҳама сабзу хурраманд ва шоир бо илҳом аз он шеър менависад. Ин чиз ҳанӯз наср аст, лекин вақте ки шоир гуфтааст, ки баҳор ҳам шеър менависад мисли шоир, фақат фарқ дар он аст, ки ӯ шеърашро дар талҳо менависаду шоир дар дафтар.
Байти дигар:
Мурғони шаб ба шохаи бедор хуфтаанд,
Ҳамчун наво ба мисраи ашъор хуфтаанд.
Манзараи дар шохҳои дарахтон шабона хобидани мурғонро дидаед. Он манзараи басо ҷолиб ва зебост. Вале он ҳанӯз шеър нест. Шеър он вақт шудааст, ки шоир ин манзараро ба мисраъи дар ашъор хуфтани наво, оҳанг монанд намудааст.
Пораи шеърӣ:
Абрҳоро сӯ ба сӯ аз якдигар
Бод бар ҳар сӯ парешон мекунад.
Осмон ҳамчун занони шустагар
Шустаҳоро обгардон мекунад.
Ҳаво абрист ва бод он абрҳоро ҳар сӯ парешон мекунад. Шоир ин манзараро шеър кардааст бо ташбеҳ додани осмон ба занони шустагар, ки шустаҳояшонро обгардон мекунанд.
Пораи шеърии дигар:
Пиразан, эй пиразан,
Кӯчаҳоро он қадарҳо рӯфтӣ дар умри хеш.
Аз вуҷуди хеш акнун ҳасрати худро бирӯб,
Ҳам ғубори ғафлати худро бирӯб.
Ҳамаи мову шумо қариб ҳар рӯз дар кӯчаҳои шаҳрамон бо кӯчарӯбон, ки асосан занони солхӯрда мебошанд, вомехӯрем ва ин чиз бароямон одӣ ва муқаррарист. Аммо шоир бо гуфтани он ки, эй пиразан, ки солҳои сол кӯчарӯбӣ мекунӣ, акнун бас аст, боре аз вуҷуди хеш ҳасратро бирӯб, ғубори ғафлатро ҳам бирӯб, шеър гуфтааст.
Ингуна намунаҳои шеъри нағз, шеъри асил дар миёни китобҳои шеъри Аскар Ҳаким кам нестанд. Ба хотири тангии вақт ҳоло аз овардани онҳо худдорӣ мекунем. Фақат дар фуроварди сӯҳбатамон дар бораи шеъри шоир аз як даъвати устод Бозор Собир ёдовар мешавем, ки дар хитоб ба Аскар Ҳаким гуфта будааст: «Аскар, парто ҳамин мақоланависиатро, шеъри хуб навишта метавонӣ, шеър навис» (Маҷмӯаи осор, ҷ.У. - С. 599).
Расо 15 рӯз пеш аз ин, 5 июн Аскар Ҳаким рисолаи докторӣ ҳимоя карданд ва камина он вақт ба сифати, ба истилоҳ, муқарризи ғайрирасмӣ ба таври ниҳоят мухтасар аз фаъолияти мунаққидӣ ва олимиашон сухан карда будам. Аз ҷумла гуфта будам, ки рисолаи доктории Аскар Ҳаким «Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ ( Дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикӣ дар нимаи дуюми садаи ХХ)» аз дастовардҳои нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик мебошад. Ва он тасодуфӣ нест, зеро Аскар Ҳаким аз ҷумлаи он мунаққидони камшуморест, ки пайгирона ва ба таври мунтазам бо таҳқиқу нақди шеъри муосири тоҷик машғул мебошад ва дар ин замина китобу маҷмӯаҳои арзишманде навиштааст, монанди «Шеър ва замон. Масъалаҳои инкишофи шеъри муосири тоҷик» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) ва ғ.
Бартарии Аскар Ҳаким ҳамчун мунаққид ва адабиётшинос дар ин аст, ки ӯ ба сифати шоир дар раванди таҳаввул ва такомули шеъри муосири тоҷик иштироки бевосита ва муассир дорад. Чунин ба ҳам ба таври фавқулода мувофиқ ва муносиб омадани истеъдоди шоирӣ ва истеъдоди мунаққидӣ ба ӯ имкон додаст, ки муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои шеъри муосири тоҷикро ба доираи таҳқиқ ва нақд бикашад ва тавфиқ низ биёбад.
Ман ба шоир ва мунаққиди номиамон Аскар Ҳаким барор мехоҳам ва аз ӯ даъват менамоям, ки то ба охир хидматгори ду хоҷа –Хоҷаи нақд ва Хоҷаи шеър бимонанд. Вале агар мехоҳед, ки бароятон ҳарфи диламро ошкор намоям, ман хидматгузори Хоҷаи нақд будани ӯро бештар талабгорам, зеро нақди тоҷик ба ӯ аз шеъри тоҷик зиёдтар эҳтиёҷ дорад.
19 июни 2018
Комментарии
Отправить комментарий