Алимуҳаммад Муродӣ
Алимуҳаммад ва шеъри ӯро аз замонҳое, ки ӯ намунаҳои нахустини сурудаҳояшро дар рӯзномаву маҷаллаҳои умумиҷумҳурӣ чоп мекард, мешиносам. Ифтихор аз он дорам, ки аз он вақт то имрӯз ҳеч навиштаам дар бораи шеъри муосири тоҷикӣ бидуни зикри номи мубораки ин шоири асил ва шеъри нағзи ӯ нест. Ба наздикиҳо дар Теҳрон китобе бо номи "Шеъри нағз (баёзи шеъри форсии тоҷикӣ дар 70 соли охир), ки намунаҳои шеъри шоирони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро дар интихоби камина фаро мегирад, 7 шеъри нағзи Алимуҳаммади Муродӣ ("Масти хун", "Чӣ чора?", "Маргистон", "Азои миллат", "Интизори Наврӯз", "Азоби шаб", "Печидаи ҳазор бало") ҳам ҳаст. Дӯстон ва мухлисони шоир, ки ӯро ба ифтихори зодрӯзаш муборак гуфтаанд, ишораҳо ба он дорад, ки ӯро замона ва зимомдоронаш қадр накардаанд: Шоири халқӣ нест, соҳиби Ҷоизаҳои адабӣ нест ва ғ. ва ҳ.к. Худи Алимуҳаммад ва мову шумо низ хуб медонем, ки хеле касонеро, ки ин ҳама унвонҳоро доштанду гузаштанд, имрӯз касе ёдашон намекунад. Дар адабиёт унвону ҷоиза муҳим нест, дар адабиёт ҳунар асосист. Алимуҳаммад шоири ҳунарманд аст ва ҳунари аслиаш шеъри нағз гуфтан аст, на масхарагие, ки Анварӣ гуфта:
Рав масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,
То доди худ аз меҳтару кеҳтар биситонӣ.
Зодрӯз хуҷаста бод Шоири гиромӣ.
Бо иродат ва ихлоси тамом Абдунабӣ Сатторзода.
Рав масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,
То доди худ аз меҳтару кеҳтар биситонӣ.
Зодрӯз хуҷаста бод Шоири гиромӣ.
Бо иродат ва ихлоси тамом Абдунабӣ Сатторзода.
Комментарии
Отправить комментарий