Лоиқо

19 сол пеш аз ин дар арафаи зодрӯзи Устод Лоиқ матлабе навишта будам бо номи "Шеъри лоиқвор" (11 апрели 2001). Он вақт аз марги нобаҳангоми ин шоири бузургтарин ва тавонотарини тоҷик дар садаи 20  як сол гузашта буд, ҳоло алаккай 20 сол сипарӣ шудааст. Дар фуроварди он навишта зикре аз он мерафт, ки пас аз марги Устоди зинданом Лоиқ "сӯгвориҳо ва хотироти зиёде гуфта ва навишта шуданд. Лекин инсоф он аст, ки ҳеч яке аз онҳо талафоти ҷуброннопазири адабӣ ва миллии моро бозгӯ накардаанд. Ба ҷароҳатҳои дили ин мустаманд, ки ифтихори дӯстиро бо шодравон доштам, ин ғазалгуна марҳамтар афтод:

Лоиқо,чун ту касе дурдонагуфторе намонд,
Шоиреву ошиқе чун ту сазоворе намонд.
Зинда кардӣ Мавлавию Ҳофизу Хайёмро,
Мисли ту Исодаме ку? Мӯъҷизосоре намонд.
Ҳамсафу ҳамсоғару ҳамкеши Хайёми бузург,
Ин замон дар мулки мо мисли ту ҳушёре намонд...
Модари миллат сияҳпӯш аст андар мотамат,
Номаи модар кӣ хоҳад гуфт? Бедоре намонд.
Мо зи ту қадри забони модарӣ омӯхтем,
Ман надонам чун шавад? Чун ту забондоре намонд.
Дар ғами миллат надидам ҳеч кас монанди ту,
Миллати моро чу ту имрӯз ғамхоре намонд.
Доштам дар дил таманно байти гӯрам гӯйи ту,
Водареғо, ҳасрато, чун ту вафодоре намонд.
11 апрели 2001".
Зодрӯзи шоири бузурги миллат бар ҳама хуҷаста бод.
20 майи 2020.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Сӯгворӣ

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб