Сообщения

Сӯгворӣ

СУХАНШИНОСИ ҚАЛАМЗАН Соли 1972 дар чанд шумораи рӯзномаи “Маориф ва маданият” (18 март-27 апрел) пораҳое аз рисолаи хотиротии Мавлоно Камолиддини Абдулвосеъ “Мақомоти ҳазрати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ” дар таҳияи камина ва раҳматӣ Султон Воҳидов ба чоп расида буд. Ва он яке аз аввалин таҷрибаҳои ман дар нашри мероси гузаштагон буд. Дуруст дар ҳамон рӯзҳо Ҷумъабой Азизқулов яке аз  шумораҳои рӯзномаи мазкурро, ки дар он намунае аз он асар нашр гардида буд, бо  тасҳеҳаш ба дастам доданд. Дидам, ки матни омоданамудаи мо дар чанд маврид тасҳеҳталаб будааст. Он вақт ба таври аёнӣ фаҳмидам, ки кори баргардон ва нашри осори пешиниён аз алифбои арабиасоси форсӣ ба сирилик дар назар осон ва фаннӣ (техникӣ) намояд ҳам, дар амал сахт душвор будааст ва аз таҳиягар дониш, малака ва завқи волои суханшиносию қобилияти дарки маъноро тақозо менамояд. Ин ҳақиқати бебаҳсро солҳо баъд Ҷумъабой Азизқулов дар  мақолаашон “Сухан аз забон ва тарзи баён” (2004) низ таъкид намудаанд, ки дар мавриди баргардо

Проф. Абдунаби Сатторзода

Проф. Абдунаби Сатторзода РЕМАРКА К СТАТЬЕ ИЗВЕСТНОГО ТАДЖИКСКОГО ПИСАТЕЛЯ И АНАЛИТИКА - КОДИРИ РУСТАМА  (Facebook, 9 июля 2021 г.)   Кодири Рустам – известный таджикский писатель и аналитик, человек который регулярно следит за социальными, литературными и культурными событиями в стране, в регионе и в мире, и объективно представляет свои наблюдение и мнения в обществе. Действительно, вторжение (а не «освобождение») талибов в северный Афганистан и их выход на таджикско-узбекскую границу вызывает серьезную озабоченность. В этой связи обеспокоенность Кодири Рустама и его чувство тревоги естественно и понятно. Однако, если «размышлять откровенно», используя интерпретацию автора, мученик Ахмад Шах Масуд, ни в коем случае, не виновен в сложившейся ситуации. Так как он, с начала своей военной карьеры и до конца периода сопротивления, когда он был министром обороны правительства профессора Бурхануддина Раббани, и даже накануне своей смерти, он делал то, что уважаемый писатель считает необходим
  Бозтоби замони Исти қ лол дар адабиёт: бурду бохт (Гузориши дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон)                      “Адабиёти замони Истиқлол” мафҳуми густурда буда, тамоми асарҳои бадеиеро фаромегирад, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзӯъ ва масъалаҳо, назариёт, андешаҳо ва рӯҳи ин замон ба таври бадеӣ ва ҳунарӣ бозтоб гардидаанд. Аз ин рӯ  навиштаҷоти манзуму мансури фаровонеро, ки солҳо бо номи шеъру достону повесту роману драма ва ё очерку мақолаҳои публитистӣ дар  ин марҳилаи замонӣ чоп шудаанд ва  моли адабиёти бадеӣ нестанд, набояд ба адабиёти замони Истиқлол нисбат дод. Рӯҳ ва андешаи замони Истиқлол на танҳо дар асарҳои бадеие, ки бевосита ба ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзӯъ ва масъалаҳои он вобаста мебошанд,  балки метавонад дар асарҳои адабие низ, ки ба таърихи дуру наздики кишвар,    мавзӯъҳои суннатӣ ва ҷовидонии адабиёт, монанди ишқ, ватан, модар ва ғ. бахшида шудаанд, ҳамчунин дар  тарҷума, нашр, нақд ва таҳқи