Ба ифихори зодрӯзи мубораки устод Лоҳутӣ. Дӯстии беназири ду устоди забардаст
Устод Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик» ва Абулқосим Лоҳутӣ Дӯстӣ ва ҳамкории «ду устоди забардасти» (Мирзо Турсунзода) адабиёти муосири тоҷик – Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ на дар таърихи гузашта ва на имрӯзаи адабиёти форсии тоҷикӣ назир надорад. Худи устод Айнӣ дар як номааш навиштааст, ки “мо мисли инро дар афсонаҳо дар байни дӯстон хондаем” (30 апрели 1939). Дӯстӣ ва ҳамкории Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ дӯстӣ ва ҳамкории устоду шогирд ва пиру муриде буд, ки ҳар ду дар як муҳити адабию фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ, дар як замону макон, дар шаҳри Ҳироти асри ХУ сурат мегирифт. Аммо дӯстӣ ва ҳамкории Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ вақте оғоз мегардад, ки ҳар ду устоди баркамол буданд: яке дар наср ва таҳқиқ ва дигаре дар шеър ва сиёсат. Ва дар муҳити адабию фарҳангии гуногун, дар ҳудудҳои ҷуғрофӣ ва шароити сиёсиву иҷтимоии мухталиф – яке дар Бухорои амирӣ ва дигаре Эрони шоҳӣ ҷараён дошт. Он вақт, ба қавли устод Айнӣ, яке “муллои аз мадраса баромадагӣ” ва