Сообщения

Сообщения за ноябрь, 2020
  Ба ёди азизи нависандаи бузург зиндаёд устод БАҲМАНЁР Қиссагару қиссахару қиссафурӯши сармаддеҳӣ (Чеҳраи ҳунарии Баҳманёр ва вижагиҳои он) Падидаи адабӣ Баҳманёр ба адабиёт бо қаҳрамонон, биниш, равиш, тарзи нигориш, забон ва тарзи баёни вижаи худ ворид гардид, ки он дар насри кунунии тоҷикӣ як падидаи адабии тамоман бесобиқа ва фавқулодае  буд.  Барои шинохт ва арзёбии  дурусти ин падидаи адабии дар зоти худ нодиру  нотакрор  ва ба қавли Қодири Рустам «то ҳадде ғайриинтизор»   муқаррар намудани сарчашмаҳои он муҳим аст.  Яке, тавре ки аз  гуфта ва навиштаҳои худи нависанда бармеояд,  афсона ва ривоятҳои мардумӣ мебошад. Ӯ  дар суҳбати ихтисосие, ки дар остонаи ҷашни 60-солагиаш бо рӯзноманигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» Бобоҷони Шафеъ доштааст, ба ёд овардааст, ки «вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, падарам китобҳои гаронбаҳои зиёд ба хона оварданд, ки миёни онҳо китобе буд бо номи «Афсонаҳои халқи тоҷик». Ман онро ончунон зиёд хондам, ки қариб пурра аз ёд карда будам…  Ва мутолиаи ҳамон к

Ба ифтихори 70-умин солгарди муҳаққиқ ва шоир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

Замоне дар айни авҷи шуҳрати шоири инқилобии рус Владимир Маяковский ва маломату маззамати шоири дигар рус Сергей Есенин барои шеърҳои ба истилоҳ "маҳрамона ва ғайриинқилобӣ" аз Маяковский пурсидаанд, ки ба фикри ӯ Есенин дар адабиёти русӣ чӣ мақом дорад, ҷавоб додааст, ки адабиёти русӣ ҷангали анбӯҳи бузургест ва аз байни он пайраҳае мегузарад, ки одамон аз ин сӯ ба ин сӯ мегузаранд. Ва дар мобайни ин пайраҳаи ягона кундаи калоне хобидааст. Есенин дар адабиёти русӣ ана ҳамин кундаи калонест дар пайраҳаи ягонаи ҷангали анбӯҳ, ки ояндагону равандагон аз тарафе ба тарафе ба он кунда ҳатман пешпо мехӯранд. Алии Муҳаммади Хуросонӣ дар илми адабиётшиносӣ, матншиносӣ ва шеъри муосири тоҷик ана ҳамин кундаест, ки онро нодида гирифтан, сарфи назар кардан ва ё инкор намудан номумкин аст. Адабиётшиносии тоҷикро бе таҳқиқоти арзишманди ӯ, мисли "Асадии Тӯсӣ ва "Гаршоспнома"-и ӯ" (1987) ё "Таърихи адабиёти форсӣ" (2009, бо ҳамқаламии профессор Расул Ҳодизода

Даме бо Фарзонаи Хуҷандӣ дар зодрӯзи хуҷастаашон

Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё     (Меъроҷи шеър) Ҳама рафтанд, ман чаро наравам? Сӯи он Ёри ошно наравам? Гарчи аз хок хоксортарам,                                         Ҷониби арши кибриё наравам? (“Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?”)                                          Биё, бар қуллаҳои улвӣ меъроҷ мекунем. (“Башорати дигар”)  Шаҳбонуи шеъри кунунии тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ хонандагону шунавандагон, мухлисону алоқамандон ва ҳамватанони азиз ва ҳампешагони қаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, ҷониби арши кибриё, олами малакутӣ, ошиёни қудсӣ, қуллаҳои улвӣ, дурдасти мунаввар, ба олами маънавияту маърифати фарри аҳуроӣ ва сунъи қуръонӣ, барои рӯ овардан ба равзанаи Нур, ба ноҳияи Офтобу Моҳтобу Ситорагон, ба гузаргоҳи Каҳкашон, ба тулӯъ ва шафақ, фурӯғистони нопаймуда, барои расидан ба субҳ  ва дунёи Зебоию Покӣ, ба баҳору фарвардину урдубиҳишт, ба сабоҳати шабнаму борони раҳмат ва Фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад.  Эй ки маҷрои хаёламро зи б