Сообщения

Сообщения за август, 2020

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

                                           Шеъри дил ва шоири он Ман бо Ибодуллоҳи Солеҳ ва шеъри ӯ дар фейсбук шинос шудам. Ба истилоҳи аҳли фейсбук мо дӯстони фейсбукӣ ҳастем.  Онҳое, ки аз фейсбук хабар доранд ва аз он истифода мекунанд, шояд ба мушоҳида гирифтагистанд, ки дар ин солу замона фейсбук  ба майдони марказии ба намоиш гузоштани (past) навиштаҷоти фаровоне бо номи шеър бадал шудааст.  Онҳое, ки шеъру шеъргуна, ё чизҳои дар қолаби вазну қофия гуфтаашонро дар ин фарохмайдон кишт мекунанд, кистанд ва навиштаҷоти онҳо чистанд? Онҳо маъмулан касоне мебошанд, ки навиштаҳояшон дар воситаҳои чопии мавҷуда (рӯзнома, маҷалла ва ғ.) ё чоп нашудаанд ва намешаванд ва ё нашр гарданд ҳам,  каманд. Дар фейсбук гоҳ-гоҳе ном ва асрҳое низ ба назар мерасанд, ки онҳо муаллифоне мебошанд, ки навиштаҳояшон асосан дар рӯзномаву маҷалла ва китобу маҷмӯъаҳо ба табъ мерасанд. Гумони яқин ин аст, ки ба фейсбук рӯй овардани шоирони “фейсбукӣ” ва “нофейсбукӣ” (агар чунин таъбир дар нисбати онҳо 

Барои алоқамандон ва аъзои гурӯҳи "Чамани ишқу андешаи Аскар Ҳаким".

Суханронӣ  дар маъракаи рӯнамои «Маҷмӯаи осор»-и Аскар Ҳаким дар АИ ҶТ Як гуфтаи  машҳурро  борҳо аз забони худи Аскар Ҳаким шунидаам ва дар навиштаҳои баъзе аз адибон, аз ҷумла Гулназар, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доранд, хондаам. Он гуфтаи машҳур ин аст: «Ман дар миёни мунаққидон беҳтарин шоир ва дар ҳалқаи шоирон беҳтарин мунаққидам». Ин гуфта беасос нест, аммо, ба назарам, дар он изҳори фурӯтанӣ ва шикастанафсии муаллиф бештар аст. Шояд гуфтаи рост он аст, ки боз ҳам худи ӯ навиштааст: «То ҳол хидматгори ду хоҷаам… Намедонам, ки дар ҷодаи адабиёт аз шеър бештар шукргузор бошам ё аз нақд» (Маҷмӯаи осор, ҷ.У11. -С. 15).  Вале мову шумо, ки хонандагони ҳам шеъри ӯ ва ҳам нақди ӯ ҳастем, шукргузор аз он ҳастем, ки Аскар Ҳаким ҳам дар шоирӣ ва ҳам дар мунаққидӣ муваффақ мебошад. Барои он ки қазияи шоири хуб будани ӯро таъкид намоям, бароятон чанд намуна аз шеъри шоир меорам. Дар аввал чанд мисраъ ва байтеро аз ӯ дар интихоби  Гулназар  ва баъд ду пораро дар интихоби худам  аз  мақолаи «Шеъри

Барои устод Гулназар

Нигаҳбони оташи шеър Имрӯз Гулназар яке аз тавонотарин ва барумандтарин шоирони тоҷик аст. Ӯ дар марҳалаи камолоти ҳунари шоирӣ қарор дорад. Вай ба ин зинаи барои ҳар эҷодкори асил хушоянд тадриҷан ва ба шарофати омӯзиши пайваста ва заҳмати ҳамарӯза ва «бидуни таътил» дар тӯли солҳои зиёде расидааст. Намунаҳои нахустини офаридаҳои ӯ, агарчи аз навиштаҷоти ҳамсафону ҳамдавронаш  аз ҳарҷиҳат бартарӣ доштанд, ғолибан таҳти таъсири шеърҳои Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром ва дигарон гуфта шудаанд. Дар онҳо ҳанӯз тасвиру маъниҳои тару тоза, таркибу таъбирҳои шоиронаи нав, байту бандҳои матбӯъ камтар ба назар мерасиданд. Гулназар он вақт дар гуфтани шеър ҳанӯз истиқлол наёфта буд ва бар баёну тасвир тасаллут надошт. Бо ин ҳама ӯ дар ҳамон даврони шогирдӣ ва машқи шеър карданҳояш низ мисраъ, байту банд, шеърҳои ҷудогона, тасвиру таркибҳои шоиронае эҷод намудааст, ки ҳунармандтарин шоирони он даврон аз доштани онҳо ор намекарданд. Мисли: Ба сони турнаҳои ломаконам –  Баҳори рафта меҷӯям ман

Алимуҳаммад Муродӣ

Алимуҳаммад ва шеъри ӯро аз замонҳое, ки ӯ намунаҳои нахустини сурудаҳояшро дар рӯзномаву маҷаллаҳои умумиҷумҳурӣ чоп мекард, мешиносам. Ифтихор аз он дорам, ки аз он вақт то имрӯз ҳеч навиштаам дар бораи шеъри муосири тоҷикӣ бидуни зикри номи мубораки ин шоири асил ва шеъри нағзи ӯ нест. Ба наздикиҳо дар Теҳрон китобе бо номи "Шеъри нағз (баёзи шеъри форсии тоҷикӣ дар 70 соли охир), ки намунаҳои шеъри шоирони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро дар интихоби камина фаро мегирад, 7 шеъри нағзи Алимуҳаммади Муродӣ ("Масти хун", "Чӣ чора?", "Маргистон", "Азои миллат", "Интизори Наврӯз", "Азоби шаб", "Печидаи ҳазор бало") ҳам ҳаст. Дӯстон ва мухлисони шоир, ки ӯро ба ифтихори зодрӯзаш муборак гуфтаанд, ишораҳо ба он дорад, ки ӯро замона ва зимомдоронаш қадр накардаанд: Шоири халқӣ нест, соҳиби Ҷоизаҳои адабӣ нест ва ғ. ва ҳ.к. Худи Алимуҳаммад ва мову шумо низ хуб медонем, ки хеле касонеро, ки ин ҳама унвонҳоро дошта