Фарзонаи ягона
Фарзонаи якдона Фалак, фарзонагонро куштанат чист? Ҳама якдонагонро куштанат чист? Лоиқ Раҳматӣ Абдулманнони Насруддин (исми шарифашро солҳои охир чунин менавишт – А.С.) дар синну сол аз камина хеле хурд буд. Аммо ман аз рӯи иродат ва ихлоси тамоме, ки ба шахсияти истисноияш доштам, ӯро «устод» мегуфтам. Зиндаёд ба ҳеч кадоми ҳампешагони ҳамдаврони мо монанд набуд, аз ҳамаи онҳо фарқ мекард. Фарди фавқулода фурӯтану ботамкин, хушодобу хушмуошират, бомаърифату хирадманд, покдилу покизаниҳод, содиқу наҷиб ва ботақво буд. Ӯ бо ишқу алоқаи беназире, ки ба адабиёту фарҳанги бузурги форсии тоҷикӣ, Қуръони карим ва суннати пайғамбари ислом дошт, зиндагӣ ва эҷод мекард. Ман дар симои ӯ чеҳраи воқеъии зиёиёни суннатии тоҷикро медидам. Вай, дарвоқеъ, суннатҳои асили миллии моро дар муҳити таълимӣ ва илмии донишгоҳӣ бо рафтор, гуфтор ва кирдораш зинда гардонда буд. Се сол пеш вақте ки ману ӯ дар қатори 7 нафари дигар дар интихоботи навбатии аъ