Андешаҳо дар арафаи Рӯзи ваҳдат
Пас аз чаҳор рӯз, 27 июни 2020 Рӯзи Ваҳдат аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матлабе, ки ба шумо, аҳли сомонаҳои интернетӣ пешниҳод мешавад, соли 2016 дар арафаи ин ҷашни муборак навишта шуда буд ва ба сифати сарсухан ба китоби муаллиф «Арзишҳои Ваҳдати миллӣ» (2016) ба табъ расида буд. Азбаски андешаҳое, ки дар он баён гардидаанд, имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардаанд,зарурат ба нашри такрории он ба вуҷуд омад. Муаллиф. Андешаҳо дар остонаи Рӯзи ваҳдат Тоҷикистон дар 25 соли даврони мубораки истиқлоли давлатӣ дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст. Дар бораи он ки таҷрибаи дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷӯҳи фавқулодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ медод. Дабири кулли вақти СММ ҷаноби Кофе Анан