Сообщения

Сообщения за август, 2021

Сӯгворӣ

СУХАНШИНОСИ ҚАЛАМЗАН Соли 1972 дар чанд шумораи рӯзномаи “Маориф ва маданият” (18 март-27 апрел) пораҳое аз рисолаи хотиротии Мавлоно Камолиддини Абдулвосеъ “Мақомоти ҳазрати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ” дар таҳияи камина ва раҳматӣ Султон Воҳидов ба чоп расида буд. Ва он яке аз аввалин таҷрибаҳои ман дар нашри мероси гузаштагон буд. Дуруст дар ҳамон рӯзҳо Ҷумъабой Азизқулов яке аз  шумораҳои рӯзномаи мазкурро, ки дар он намунае аз он асар нашр гардида буд, бо  тасҳеҳаш ба дастам доданд. Дидам, ки матни омоданамудаи мо дар чанд маврид тасҳеҳталаб будааст. Он вақт ба таври аёнӣ фаҳмидам, ки кори баргардон ва нашри осори пешиниён аз алифбои арабиасоси форсӣ ба сирилик дар назар осон ва фаннӣ (техникӣ) намояд ҳам, дар амал сахт душвор будааст ва аз таҳиягар дониш, малака ва завқи волои суханшиносию қобилияти дарки маъноро тақозо менамояд. Ин ҳақиқати бебаҳсро солҳо баъд Ҷумъабой Азизқулов дар  мақолаашон “Сухан аз забон ва тарзи баён” (2004) низ таъкид намудаанд, ки дар мавриди баргардо