Бозтоби замони Исти қ лол дар адабиёт: бурду бохт (Гузориши дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) “Адабиёти замони Истиқлол” мафҳуми густурда буда, тамоми асарҳои бадеиеро фаромегирад, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзӯъ ва масъалаҳо, назариёт, андешаҳо ва рӯҳи ин замон ба таври бадеӣ ва ҳунарӣ бозтоб гардидаанд. Аз ин рӯ навиштаҷоти манзуму мансури фаровонеро, ки солҳо бо номи шеъру достону повесту роману драма ва ё очерку мақолаҳои публитистӣ дар ин марҳилаи замонӣ чоп шудаанд ва моли адабиёти бадеӣ нестанд, набояд ба адабиёти замони Истиқлол нисбат дод. Рӯҳ ва андешаи замони Истиқлол на танҳо дар асарҳои бадеие, ки бевосита ба ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзӯъ ва масъалаҳои он вобаста мебошанд, балки метавонад дар асарҳои адабие низ, ки ба таърихи дуру наздики кишвар, мавзӯъҳои суннатӣ ва ҷовидонии адабиёт, монанди ишқ, ватан, модар ва ғ. бахшида шудаанд, ҳамчунин дар тарҷума, нашр, нақд ва таҳқи