Сообщения

Сообщения за январь, 2021

Ба ифтихори зодрӯзи дӯсти бузургворам шоири номии тоҷик Ҳақназар Ғоиб

Ҳақназар Ғоиб ва «шеъри симфонӣ» Дӯсти бузургворам Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар дастхате, ки бароям дар маҷмӯаи шеърҳояш  бо номи «Дар бистари нарми гул» унвон дорад, навиштааст, ки ба «бародари азизу гиромӣ, ки бароям мероси муҳаббати устод Лоиқ аст », ба фалонӣ (12 сентябри 2012, ш. Кӯлоб). Дарвоқеъ, ман бо устод Ҳақназар Ғоиб ба шарофати  устоди зиндаёд, шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ ошноӣ пайдо карда будам. Як саҳнаи ошноӣ ва дӯстиҳоямонро ман дар мақолаам «Ҳақназар ва шеъри нарми ӯ», ки дар маҷмӯаи нави шоир «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» низ омадааст, ба қалам  оварда будам. Ман дар бораи шеъри Ҳаназар Ғоиб зиёд навиштаам, бештар дар мақолаҳои умумӣ ва камтар дар нақдҳои ҷудогона. Аз ин ҷиҳат дар назди шахсияти эҷодӣ ва шеърҳои ӯ қарздорам. Ва на танҳо камина, балки дигарон ҳам, ки бо нақду баррасии шеъри муосири тоҷик машғул мебошанд. Эътироф бояд намуд, ки мову шумо ҳанӯ